Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Раҳимӣ Дилшод Камолзода бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шуданд.
Воқеан устод Раҳимӣ Дилшод шахсияти арзанда ва олими пуркор мебошанд, ки дар муаррифии фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас доранд.
Ҳайати кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот устодро бо ин дастовард самимона муборакбод менамоянд. Ба устод дар корҳои илмиву идорӣ муваффақиятҳои навбатиро таманно дорем. Мукофоти олӣ муборак устоди арҷманд!