Ҳунарҳои мардумӣ – омили рушди фарҳангӣ миллӣ
Чоп шуд: 14/09/2021Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешрафт, мушкилот ва дурнамои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ бо намоиши аксҳои ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи кишвар ва ҷараёни фаъолияти онҳо шурӯъ шуд.