Рӯзи 14-уми сентябри соли 2021 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Пешрафт, мушкилот ва дурнамои ҳунармандӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ бо намоиши аксҳои ҳунармандон аз минтақаҳои мухталифи кишвар ва ҷараёни фаъолияти онҳо шурӯъ шуд.
Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ оғоз намуда, ҳозиринро бо дастоварди бузурги таърихӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Дар ҳошияи суханронии хеш Раҳимӣ Дилшод доир ба касбу ҳунарҳои халқии тоҷикон, ҷанбаҳои фарҳангӣ, рушду такомули онҳо дар замони соҳибистиқлолии кишвар ибрози ақида намуд.
Сипас, тибқи барномаи тарҳрезишуда сухан ба муовини директор оид ба илм, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов дода шуд. Ӯ дар мавзӯи «Натиҷагирии касбу ҳунарҳо дар такя ба феҳристи умумии ҳунармандони кишвар» суханронӣ намуд. Дар муҳтавои маърӯза Аминов А. қайд намуд, ки Китоби “Феҳристи ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки феълан пешкаши шумо мегардад, идомаи корҳои майдонии зикршуда мебошад, ки дар давоми солҳои 2016-2020 дар ҷараёни сафарҳои хизматӣ ба шаҳру навоҳии кишвар маводи аслии он гирдоварӣ ва то ҷое таҳлилу баррасӣ шудааст.
Дар феҳристи мазкур ҳунармандони 56 шаҳру ноҳия ҷой дода шудаанд, ки аксаран зимни сафарҳои хидматӣ аз ҷониби кормандони ПИТФИ ба қайд гирифта шудаанд. Дар феҳрист ҳунармандони ноҳияҳияи Ванҷ аз ВМКБ ва иловатан ҳунармандони ноҳияҳои водии Ҳисор – ш. Ҳисор, ш. Турсунзода, н. Шаҳринав, н. Рӯдакӣ, н. Варзоб, ш. Ваҳдат ва н. Файзобод бо сабаби то ҳол ба қайд гирифта нашуданашон ҷой дода нашудаанд. Феҳрист дар маҷмӯъ 4767 ҳунармандро дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 2664 нафарашонро занон ва боқимонда 2103 нафарашон мардон мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар аксари шаҳру навоҳии кишвар ҳунармандон аз ҳисоби занҳо бештар фаъолият менамоянд. Инчунин дар қатори ҳунармандони номбаршуда, баъзан навозандагону сарояндагонро, ки ба навохтану сароидани суруду оҳангҳои халқӣ рабт доштанд ба рӯйхат ворид гардидаанд. Яке аз сабабҳои мутаносибан зиёдтар нишон додани ҳунарҳои мардона ҳам аз ҳамин ҳисоб мебошад.
Дар идомаи суханронӣ ӯ таъкид кард, ки аз натиҷаи ҷамъбасти феҳрист бармеояд, ки баъзе аз ҳунарҳои занона ба монанди ресандагӣ дар ҳолати азбайнравӣ қарор доранд. Иҷрокунандагони ин ҳунар бонувони аз 60-сола боло мебошанд, ки онҳо ҳам танҳо барои намоиш ҳунарашонро идома дода истодаанд. Аз ҳунарҳои мардона, ҳунари мӯзадӯзӣ ва осиёббонӣ феълан бо сабаби набудани талабот дар ҳоли аз байнравӣ қарор доранд. Ҷавонон низ ба ҳунарҳои номбаршуда чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Дар маҷмӯъ чуноне ишора шуд, ин аввалан намунаи феҳрист мебошад ва умед аст, ки дар такмилу таҳияи намунаҳои минбаъдаи он камбудиву пешниҳодҳо ба инобат гирифта мешаванд.
Баъдан зери унвони “Вазъи кунунии ҳунарҳои мардона дар ҳошияи «солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мудири бахши фарҳанги ғайримоддии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Зафар Холмуродов маърӯза кард. Ӯ иброз дошт, ки солҳои охир омӯзиш, рушду такомул ва таблиғи фарҳанги миллӣ, аз ҷумла, касбу ҳунарҳои анъанавӣ дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми муҳимро касб карда, ҳамаи ниҳодҳо ва муассисаҳои марбута барои иҷро ва татбиқи ин мақсад сафарбар карда шудаанд. Нахуст аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид, ки дар самти эҳёву рушд ва густариши ҳунарҳои мардумӣ қадами ҷиддие бардошта шуд. Инчунин, ин иқдоми фарҳангдӯстонаро Пешвои муаззами миллат тавсеа бахшида, солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки барои рушди минбаъдаи касбу ҳунарҳои мардумӣ омили самарабахш маҳсуб мешавад. Аз як тараф таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба косибону ҳунармандон ва аз тарафи дигар озод намудани онҳо аз пардохти андози давлатӣ боиси ҳавасмандӣ ва дилгармии ҳунармандон ба касбу кори хеш гардид. Дар шароити имрӯзаи пешрафти техника ва васоити иттилоотӣ ҳанӯз ҳам дар байни халқи тоҷик касбу ҳунарҳои оҳангарӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, созтарошӣ, наългарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, танӯрсозӣ ва ғайра фаъол буда, то ҳол мардум ба маҳсулоти сохтаи онҳо талабот доранд.
Инчунин илова намуд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ вобаста ба талаботи мардуми маҳаллӣ намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ рушд кардаанд. Дар маҷмӯъ натиҷаи экспедитсияҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар нишон дод, ки таваҷҷуҳ ба касбу ҳунарҳои суннатии тоҷикон бамаротиб зиёд шуда, баъзе ҳунарҳо аз нав эҳё гардида истодаанд. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳамарӯза тараққиёти суръати ҷаҳонишавӣ афзуда истодааст ва технологияи навин ҳар соат дар ҳоли рушд аст.
Маърӯзаи сеюм “Густариши ҳунарҳои дастии бонувон дар кишвар” унвон дошта аз ҷониби котиби илмӣ Лайло Носирова шунида шуд. дар суханронӣ Носирова Л. иброз дошт, ки Дар зиндагии занону духтарони тоҷик ҳам касбу пешаҳои анъанавӣ мақоми хосса дошта, барои пешрафти ҳаёти онҳо кӯмак мерасонад. Дар гузашта занони тоҷик барои ниёзи худ ва мардуми маҳаллӣ аз рӯи ин ё он ҳунар фаъолият мекарднанд. Бо ибтикори Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва дар идомаи он, солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардиданд, ки барои пешбурди ҳунарҳои дастии бонувон дар кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд. Ҳамчунин зимни суханронӣ ӯ қайд кард, ки таъсиси Марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва ҷудо гардидани Грантҳои Президентӣ, намоишҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои густариши ҳунарҳои дастии бонувони тоҷик шароит фароҳам овард. Боиси тазаккур аст, ки тӯли ин солҳо фаъолияти бонувони кишвар дар соҳаи ҳунару ҳунармандӣ хеле густариш ёфтааст. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки зиндагии 30-35%-и занону духтарон тавассути ҳунари интихобкардаашон беҳбуд пайдо кардааст.
Дар қисмати музокираҳо сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Мирзоалиев суханронӣ карда, баргузор намудани чунин ҳамоишро фоли нек дониста, ҳар се маърӯзаи ироагардидаро дақиқ арзёбӣ намуд. Зимни суханронӣ ӯ пешниҳод кард, ки хуб мешуд, чунин конференсияҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, мутахассисони соҳаи фарҳанг ва намояндагон аз ҷониби ҳунармандон низ даъват карда шаванд. Натиҷаи таҳқиқотҳои анҷомдодаи ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ собит сохт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар омӯзиши онҳо Шӯро ташкил карда шавад.
Инчунин муовини директори Пажӯҳишгоҳ оид ба корҳои методӣ Шариф Комилзода дар ин бахш ибрози ақида намуд, ки маърӯзаҳое, ки имрӯз аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ қироат шуданд, воқеан заминаи илмӣ дошта, дар асоси таҳқиқотҳои нави худи олимон натиҷагирӣ шудаанд. Комилзода Ш. дар ҳошияи пешниҳоди Мирзоалиев Н. иброз дошт, ки бояд чунин Шӯро дар назди Вазорати фарҳанг таъсис дода шуда, аъзои он аз ҳисоби олимони варзидаи Пажӯҳишгоҳ низ интихоб гарданд.
Дар охири ҳамоиш директор Раҳимӣ Д. қайд намуд, ки нимаи дуюми моҳи январи соли 2022 дар толори Вазорати фарҳанг баргузор кардани конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки васеи мутахассисон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор бахшида ба ҷамъбасти “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои солҳои 2019-2021 дар назар аст. Мутахассисони Пажӯҳишгоҳ метавонанд бо маърӯзаҳои хеш дар он ҳамоиш иштирок намоянд.
Ҳамоиши мазкур бо намоиши китобу маҷмӯаҳои ходимони илмии ПИТФИ оид ба касбу ҳунарҳои мардумӣ хотима ёфт.
Носирова Лайло