Табрикоти директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлол ҳамчун падидаи иҷтимоию сиёсӣ неъматест, ки ба ҷумҳурии нозанинамон 30 сол қабл муяссар гашт. Истиқлол  – озодии инсон, озодии ҷамъият ва озодии миллат мебошад, ки пояҳои давлатдорӣ ва худшиносию худогоҳии миллиро устувор намуда, шуҳрати кишвари моро дар арасаи байналмиллалӣ боло бурд. Сӣ соли даврони соҳибистиқлолии мо, пешрафти сиёсати хориҷию дохилӣ, рушду нумӯи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ маҳз ба роҳбарии оқилона ва ғамхоронаи Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот мегирад.

Пешвои миллати тоҷикон бо таҷрибаи сулҳофаринӣ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосса пайдо карда, ҳамчунин дар байни тоҷикони ҷаҳон ва дар дохили кишвар маҳбубияти зиёд касб намудаанд. Илова бар  ин, ибтикороту ташаббусҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ, пешниҳодҳо аз минбарҳои баланди сиёсӣ обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон  боз ҳам афзунтар намуд. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи Роҳбари олии кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати дарҳои боз, фарҳангу илму маориф, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба насли ҷавони кишвар, баланд бардоштани мавқеи занон дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот ва ҷомеа, таъмини волоияти қонун ва таъйин ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегии миллӣ равона гаштааст. Дар ин 30 соли истиқлол тарҳҳову барномаҳои бузурге дар самти иқтисод, тиҷорат ва савдо, коммуникатсия, озуқаворӣ, энергетика, саноат, тандурустӣ, илму маориф ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим  ба марҳилаи иҷро расиданд.

Бунёди садҳо қасрҳои фарҳангию боғҳо, осорхонаҳо, муассисаҳои таълимии соҳаи санъат, қабули даҳҳо қонун дар самти фарҳанг, татбиқи барномаву лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ маҳз дар даврони Истиқлол ва бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат сурат гирифтаанд.

Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамчун муассисаи давлатӣ зодаи даврони истиқлол аст. Аз ҷониби олимони ин муассиса дар самтҳои фарҳангу санъат, китобдорӣ, матбуот ва расонаҳои ахбори оммавӣ, муассисаҳои фарҳангии кишвар ва мероси фарҳанги ғайримоддӣ таҳқиқотҳои илмӣ анҷом дода шуда, дар тӯли 24 соли фаъолияташ Пажӯҳишгоҳ беш аз 300 китоб ва тақрибан 3,5 ҳазор мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва энсиклопедиро дар самтҳои мазкур ба чоп расонидааст.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрўз 4 унсури фарҳанги ғайримоддӣ дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО сабт шудаанд. Инҳо номинатсияҳои «Шашмақом» (соли сабт 2008, ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон), «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавии тоҷикон ва контекстҳои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» (2016),  номинатсияи муштараки «Наврӯз» (2016), ки аз ҷониби 12 кишвар (Афғонистон, Ироқ, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон) ва «Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018). Ногуфта намонад, ки дар таҳияи ҳуҷҷатҳои се номинатсияи охир кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот фаъолона иштирок кардаанд. Ҳамчунин 7 номинатсияи дигар дар навбат барои баррасӣ дар Дафтари ЮНЕСКО қарор доранд.

Эълон шудани солҳои 2019-2021  ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, аз он ҷумла, касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи таомҳои анъанавӣ такони ҷиддие бахшид. Ҳунармандон аз пардохти андоз аз мањсулоти дар хона истеҳсолшуда озод гаштанд, ки ин тадбир барои рушди пешаву ҳунарҳои суннатӣ низ мусоидат намуд.

Истиқлолият кафолати пешрафту шукуфоии ҷумҳурии азизамон ва  кулли мардум аст. Аз фурсат истифода бурда, ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии   Истиқлоли  давлатии кишварамонро ба кормандони МД ПИТФИ, ба аҳли фарҳанг, барои якояки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ табрику таҳният гуфта, дар хонадони онҳо осоишу оромиш, файзу баракат ва хурсандию нишот орзумандам! Бигзор наслҳои ояндаи мо 300-солагию 3000-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии маҳбубамонро ҷашн бигиранд. Истиқлоли Тоҷикистон то абад поянда бод!

барчасп: