Инсон ва либос дар иртибот бо ҳамдигар

Аз давраҳои пеш дар байни мардуми тоҷик дар хусуси тарзи либоспӯшӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дошт. Як қисми одамон мегӯянд, ки инсон бояд рафтору кирдор, хулқу атвор, хислатҳои нек дошта бошад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки зебдиҳандаи тамоми чиз барои инсон, либос аст.

          Бояд ҳар фард ба ҷиҳати ақлу заковат, тарзи либоспӯшии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Зеро,  рафтор муаррифкунандаи инсон аз тамоми ҷиҳат аст. Баъзе одамони дигаре ҳастанд, ки «ҳар чи пеш омад, хуш омад» гуфта, ба сару либоси худ ё ин ки фарзанди хеш аҳамият намедиҳанд. Аммо ин номумкин аст, зеро замони ҳозира чунин талаботро ба худ намеписандад, ё ин ки аз ҷиҳати дигар гирем шахс агар хоҳад, ки аз ҳама тараф бурдборию комёбиро ба даст орад, бояд равияҳои инсонпарварию инсондӯстиро пешаи худ гардонад. Шахсони дигаре ҳастанд, ки баръакс инсонро аз рӯи сару либосаш баҳо медиҳанд, ки ин ба ақидаву заковати инсони рост намеояд.

          Мегӯянд, ки касе агар ба меҳмони ё ин ки тӯй равад, бояд дар танаш либоси нав дошта бошад, зеро соҳиби обрӯ, эҳтиром ва дар маърака болонишин мешавад. агар бо либоси кӯҳна равад, ҷои нишасти ӯ дар поён аст. Ҳоло дар ҷамъияти мо ин ақида аҳамияти худашро гум кардаааст. Инсон дар баробари соҳиби ақлу хирад, истеъдод, андешаву номус ва ҳурмату эҳтиром буданаш, бояд дорои либоси зебо, яъне тозаю озода бошад. Шахс бояд ҳам ботинан, ҳам зоҳиран зебо бошад, зеро ба маънои гуфтаҳои замонҳои гузаштаву ҳозира «одаму  либос – хонаю палос» рост ояд.

           Вақте ки инсон ба сайру гашт мебарояд, ҳамеша либоси тоза ба бар мекунад. Маҳз аз ҳамин хотир тозагии либос гарави саломатӣ мебошад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси дарида, чиркин, бадбӯй, ранголуд даромадан мумкин нест, ин ҳолат ба дигарон халал расонда, табъи онҳоро хира мекунад.

          Ёдовар шуд, ки миллати тоҷик либоси миллии худро дар мадди аввал нигоҳ дошта бошад. Аммо бештари ҷавонони имрӯза ба либосҳои аврӯпои бештар майл доранд, ки ин коҳонидани обрӯйи миллату давлат аст. Хушбахт аз он ҳастем, ки имрӯзҳо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи камхарҷ баргузор намудани тӯйю маъракаҳо қонун қабул намудаанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки мардуми камбизоат тӯйю маъракаҳояшонро бо хушнудӣ гузаронида тавонанд. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳо оид ба камхарҷ гузаронидани маъракаҳо, шоҳиди он мегардем, ки барои арӯсон аз 10 то 12 намуди куртаҳои қиматбаҳо ва дигар чизҳои арӯсӣ меоранд. Баъзеи онҳоро бо вуҷуди нархи гарон доштанашон  ҳамагӣ ду се моҳ истифода мебаранду халос.

          Ҳар як шахс либоси кориашро дар кор, либоси хонагиро дар хона,либоси кӯчаашро дар кӯча ва умуман ба ин аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Бисёр шаҳрвандон имрӯз бо либоси хонагӣ ба кӯчаву бозор мебароянд, ки ин аз маърифати шаҳрвандӣ огаҳӣ надоштани онҳоро нигон медиҳад. Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик, хусусан духтарҳо ба либоси аврупоӣ мароқи зиёд дошта, либоси миллии худро кам ба бар менамоянд. Либоси аврупоӣ ба мардуми Шарқ мувофиқат намекунад. Бояд ҳар як миллат либоси милли худро ба бар намояд. Ҳар як шахс бидонад, ки кадом либос барои ӯ шинаму зебост ва кадомаш мувофиқ нест. Либосро вобаста ба синну сол ва фаслҳои сол интихоб бояд кард. Либос дар навбати аввал муаррифкунандаи соҳиби худ аст. Инро набояд фаромӯш кард!    

Ходими калони илмӣ

Каримова Ш.

барчасп: