Санаи 09.12.2022 бо иштироки васеи кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28 солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро директори муассиса, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов оғоз карда, ҳозиринро ба муносибати 28 солагии таъсисёбии ҲХДТ, ки 10-уми декабри соли 1994 ташкил ёфта буд, табрик намуд. Зимни суханронӣ Аминов А. дар бораи ташкилёбии ҲХДТ ва дастовардҳои он маърӯза намуд. Ӯ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабри соли 1994 таҳти №199 сабти ном шудааст. Тавре ки ба ҳама маълум аст, Раиси ҳизб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Дар зимн ӯ ёдовар шуд, ки фаъолияти ҲХДТ барои бунёди як кишвари ба тозагӣ соҳибистиқлол гардида, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст. Он бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ ва ахлоқу маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад. Чунки он дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, дар доираи Барнома ва Оинномаи худ фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Ташкилоти “Фарҳанг” ва аъзоёни онро зарур аст, ки аз нақшаву барномаҳои тарҳрезинамудаи ҲХДТ пайравӣ намуда, баҳри такмил бахшидани фаъолияти он саҳмгузор бошанд. Имрӯз ба муносибати таъсисёбии ин ҳизби сиёсӣ дар тамоми идораву сохторҳои ҳукуматӣ ҷаласаву семинарҳо гузаронида шуда истодаанд. Ҷашн гирифтани чунин як рӯзи таърихӣ ва ёдовар шудан аз дастовардҳоми назарраси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боиси ифтихори ҳар як узви ҲХДТ мебошад.
Баъдан тибқи барнома котиби ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” Носирова Л. суханронӣ намуд. Носирова Л. зимни суханронияш қайд кард, ки дар пешрафти ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мардуми кишвар ва раванди созандагиву ободкорӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми хоса дошта, аъзои ин ҳизби мардумӣ ҳамчун нерӯи пешбаранда саҳми арзандаеро барои ободӣ ва гул-гулшукуфии кишвар мегузорад. Боиси зикр аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ дар пешбурди сиёсати маънавиасоси давлат ва Ҳукумати кишвар нақши асосӣ мебозад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти бонуфӯз ва инъикоскунандаи дастовардҳои нав ба нави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат бо риояи қонуну қарорҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилот фаъолияти судмандеро ба роҳ мондааст.
Сипас, ходими пешбари илмӣ, н.и.п. Ш.Комилзода оид ба фаъолияти ҳизбии ташкилоти ибтидоии “Фарҳанг” суханронӣ кард. Комилзода Ш. баён намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти ҲХДТ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт муассисаҳои гуногун нақши муҳим мебозанд. Қариб ҳама кормандони сохторҳои давлатӣ аз ҲХДТ ҷонибдорӣ намуда, барои пешрафти ҳадафҳои созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Боиси зикр аст, ки солҳои охир ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ низ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуда истодаанд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти хешро васеъ ба роҳ монда, баҳри амалисозӣ ва татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар талошҳо меварзад.
Дар мубодилаи афкор аъзоёни ҳизб – муовини директор оид ба корҳои методӣ Каримова Г., ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Холмуродов З., мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ Абдуллоев А., мудири шуъбаи илмӣ-методӣ Каримова Ш. ва дигарон фикру андешаҳояшонро нисбати фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбари ташкилот, директори муассиса, н.и.ф. Аминов А. қайд намуд, ки барои фаъолияти минбаъдаи ҳизб ҳар як аъзои ташкилоти “Фарҳанг” ва дигар кормандони ПИТФИ бетараф набуда, барномаву ҳадафҳои онро ҷонибдорӣ намоянд.
Носирова Лайло