Муждаи ҷашнӣ дар шаби Ялдо
Чоп шуд: 21/12/2022Муҳаққиқи соҳаи фолклор ва фарҳанги мардум, олими пурмаҳсул, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар қатори дигар пажӯҳишҳои илмӣ як силсила тадқиқотҳоро дар шинохти ҷашнҳои миллии тоҷикон низ анҷом додаанд. “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ”, “Сада – ҷашни гармию нур”, “Наврӯз – ҷашни замину офариниш” ва “Тиргон – ҷашни об” аз силсилакитобҳои Д.Раҳимӣ мебошанд, ки маҳз оид ба пайдоиш ва баргузории ҷашнҳои аҷдодии мардуи тоҷик бахшида шудаанд.