Муждаи ҷашнӣ дар шаби Ялдо

Муҳаққиқи соҳаи фолклор ва фарҳанги мардум, олими пурмаҳсул, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар қатори дигар пажӯҳишҳои илмӣ як силсила тадқиқотҳоро дар шинохти ҷашнҳои миллии тоҷикон низ анҷом додаанд. “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ”, “Сада – ҷашни гармию нур”, “Наврӯз – ҷашни замину офариниш” ва “Тиргон – ҷашни об” аз силсилакитобҳои Д.Раҳимӣ мебошанд, ки маҳз оид ба пайдоиш ва баргузории ҷашнҳои аҷдодии мардуи тоҷик бахшида шудаанд.

“Шаби Ялдо – шаби оғози чилла”- бо чунин унвон китоби навбатии устод Д. Раҳимӣ дар арафаи шаби Ялдо рӯи чоп омад, ки идомаи ҷаҳду талошҳои илмии муаллиф ҷиҳати равшан намудани саҳифаҳои таърихи ҷашнҳои аҷдодии тоҷикон ва ҳифзу эҳёи онҳо мебошад. Нашри “Шаби Ялдо – шаби оғози чилла” низ аз падидаҳои навбатии илмӣ, фарҳангӣ ва маънавист, ки тавассути пажӯҳиши анҷомдодаи ворисони ин марзу бум андар шинохти таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Дигар ин ки “Шаби Ялдо – шаби оғози чилла” бори дигар собит намуд, ки халқи тоҷик дорои фарҳанги қадимӣ ва бою рангин буда, аз замонҳои пеш вобаста ба ин ҷашн ойину маросимҳои гуногун доир карда мешавад. Дар ин росто китоби “Шаби Ялдо – шаби оғози чилла”-и Дилшод Раҳимӣ дар нақду баррасии ҷашну маросимҳои аҷдодии тоҷикон, алалхусус, Ялдо ва ё худ “шаби чилла” аз ҳар нигоҳ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар ин китоб муаллиф асноду манобеи зиёди таърихиву адабӣ ва фолклорӣ, заминаҳои табиӣ ва тақвимии шаби Ялдо, одобу русуми он, робитаи соли нави мелодӣ бо шаби Ялдо, тақвими чиллашуморӣ, Ялдои тоҷикон, таҷлили шаби Ялдо дар кишварҳои дигар ва ҳамзамон порашеъру байтҳоро дар бораи шаби Ялдо ҷой додааст.

Муаллиф дар муқаддимаи китоб аз таърихи ҷашнҳои қадимии тоҷикон ва мақоми онҳо дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик сухан ронда, дар бораи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, Баҳмангону Ялдо ва монанди инҳо ёдовар шудааст. Китоби “Шаби Ялдо – шаби оғози чилла” барои фолклоршиносон, муҳаққиқиони таъриху фарҳанги миллӣ ва ҳаводорони маърифат нукоти тозаву омӯхтаниро арза медорад.

Бояд гуфт, ки дар боби шаби Ялдо тӯли садсолаи охир як идда тадқиқот анҷом дода шудаанд, ки аксарашон аз ҷониби пажӯҳандагони эронӣ сурат гирифтааст. Таҳқиқоти Раҳимӣ Дилшод дар мавриди шаби Ялдо ё шаби чилла нисбатан васеъ ва возеҳтар буда, дар муқаддимаи китоб аз заҳмати муҳаққиқони қаблӣ зикр кардааст. Ҳангоми мутолиаи китоб бараъло дарк  кардан мумкин аст, ки пажӯҳиши муаллиф дар доираи васеи илмӣ ҷараён гирифтааст. Гуфтан мумкин аст, ки ин донишманд таърихи зиёди ҷашнҳои ориёиҳоро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, мавриди мулоҳиза ва баррасии комил қарор додааст.

Тавре аз мутолиаи китоб маълум гардид, муаллиф бо равиши таҳқиқи хоси худ пажӯҳишро анҷом додааст:

  1. Асноду манобеи зиёди таърихиву адабӣ ва фолклорӣ: дар китоб аз саршачмаҳои таърихиву адабӣ ва фолклорӣ васеъ истифода шудааст. Дар он хусусан заминаҳои пайдоиш ва ҷашнгирии шаби Ялдоро, ки марбут ба ойини Меҳрпарастӣ аст, сухан рафтааст.
  2. Заминаҳои табиӣ ва тақвимии шаби Ялдо: таҷлили шаби Ялдо аз ҷиҳати тақвим ва мувофиқати он бо табиат баён ёфтааст. Шаби Ялдо ба замони байни ғуруби офтоб, аз 21 декабр – охирин рӯзи тармоҳ, ба тақвими суннатӣ (30-юми Озармоҳ), то баромадани офтоб – нахустин рӯзи зимистон (1-уми моҳи Дай) тааллуқ дорад. Муайяннамоии вуруди зимистон ва анҷоми тирамоҳ аз ҷиҳати илми нуҷум дақиқ ба инобат гирифта шудааст, ки дар китоб маълумоти муфассале дар ин хусус оварда мешавад.   
  3. Одобу русуми он: Ҳар як ҷашн вобаста ба пайдоиш ва баргузориаш расму ойинҳои гуногуни ба худ хосро дар бар мегирад. Дар ин бахш муаллиф оид ба бовару эътиқод ва расму ойинҳо ва тарзи баргузории шаби Ялдо маълумот пешниҳод кардааст.
  4. Робитаи соли нави мелодӣ бо шаби Ялдо: Гуфта шудааст, ки ойини Меҳрпарастӣ, аз динҳои қадимии ориёиҳо ба шумор меравад, дар рӯзи 22 декабр чун анъана ҷашн гирифта мешуд. Бо сабаби густариши митраизм ба кишварҳои Аврупо ва ҷорӣ намудани рӯзи зодрӯзи Исои Масеҳ дар рӯзи 25 декабр робитаи Ялдо бо соли нави мелодӣ исбот мегардад.
  5. Тақвими чиллашуморӣ: Аз замонҳои пеш аҷдодони тоҷикон – чилларо ифодагари марҳилаи муайяни вақт шуморида, нисбати он эътиқоди қавӣ доранд. Дар ин қисмат муаллиф исбот намудааст, ки Меҳр эзади рӯшноӣ дар шаби дарозтарин (22 декабр) таваллуд мешавад, ки он шабро Ялдо ном мениҳанд. Аз ҳамон шаб инҷониб шаби 22 декабр ҳамчун шаби Ялдо миёни ориёиҳо ҷашн гирифта мешавад.
  6. Шаби чилла – Ялдои тоҷикон: Аз рӯи моҳҳои гоҳшумории тоҷикон, ки бисёртар миёни калонсолон мавриди истифода қарор гирифта, имрӯзҳо камтар ба мушоҳида мерасад, шаби Ялдо ба 22 декабр рост меояд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ оғози шаби чилларо бо тайёрии хоса мардуми маҳаллӣ пешвоз мегирифтанд. Ва дар ин шаб онҳо ҷамъ омада, ҳар гуна расму ойин ва амалу бозиҳоро иҷро мекарданд.
  7. Таҷлили шаби Ялдо дар кишварҳои дигар: шаби Ялдо бо номҳои мухталиф ва маросимҳои дигар дар як қатор кишварҳои дунё аз давраҳои пеш ҷашн гирифта мешавад. Муаллиф ёдовар шудааст, ки дар чанде аз мамлакатҳои ҷаҳон шаби Ялдо ба таври хоса таҷлил мегардад.
  8. Байтҳои марбут ба Ялдо: Дар ин бахш байту шеърҳое, ки шоирони классику муосир дар бораи шаби Ялдо эҷод кардаанд, гирдоварӣ шудааст. Аз матни ашъори ҷойдода маълум аст, ки халқи тоҷик аз замонҳои пеш шаби Ялдоро ҳамчун ҷашни аҷдодӣ таҷлили менамудаанд.

Ба ҳамин минвол муаллифи китоб асноду сарчашмаҳои мухталифро дар таҳқиқоти хеш омӯхта, хулосаҳояшро зимни ин масъала ба таври равшан баён намудааст.

Чуноне ишора шуд, нашри китоби “Шаби Ялдо – шаби оғози чилла” маҳз дар арафаи ин ҷашни аҷдодӣ мужаи фараҳбахшест ба аҳли фарҳанг ва мардуми тоҷик. Ба устод Раҳимӣ Дилшод дар ҷодаи илм муваффақиятҳои наву тозаро хоҳонем.

Шаби Ялдо ба тамоми мардуми тоҷик муборак бошад!

    

Носирова Лайло

Котиби илмии Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

 

 

 

барчасп: