АРЗИШҲОИ МОДДИЮ МАЪНАВИИ ФАРҲАНГӢ: АЗ ҲИФЗ ТО ФЕҲРИСТҲОИ ЮНЕСКО
Чоп шуд: 28/12/202227-уми декабри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони “Арзишҳои моддию маънавии фарҳангӣ: аз ҳифз то феҳристҳои ЮНЕСКО” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.