АРЗИШҲОИ МОДДИЮ МАЪНАВИИ ФАРҲАНГӢ: АЗ ҲИФЗ ТО ФЕҲРИСТҲОИ ЮНЕСКО

27-уми декабри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони “Арзишҳои моддию маънавии фарҳангӣ: аз ҳифз то феҳристҳои ЮНЕСКО” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма  ширкат варзиданд.

Мизи мудавварро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илми филология Абдулфаттоҳ Аминов ифтитоҳ бахшида, мухтасар аз дастовардҳои соҳаи фарҳанг, бахусус фарҳанги ғайримоддӣ ёдовар шуд.

Мавсуф зимни суханрониаш таъкид намуд, ки маҳз бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои пайвастаи як зумра олимони Пажӯҳишгоҳ якчанд намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба Феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабти ном шуданд.

Сипас, тибқи барнома мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳ, номзади илми филологӣ Д.Раҳимӣ дар мавзӯи “Талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО ҷиҳати сабти номинатсияҳои унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣмаърӯза намуд. Ӯ зимни суханронӣ қайд намуд, ки Конвенсияи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ соли 2003 қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми августи соли 2010 ба узвияти Конвенсия шомил гардид. Тибқи талаботи Конвенсияи мазкур «Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ» аз ҷониби кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг  солҳои 2013-2014 таҳия шуда, солҳои 2016, 2018, 2020 ва 2022 такмилу иловаҳо шудааст.

Аз давраи узви Конвенсия шудан то инҷониб аз тарафи Тоҷикистон 7 номинатсия – “Мусиқии Шашмақом” («Shashmaqom music») аз ҷониби Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, с. 2003 (2008 ба RL UNESCO). Номинатсияи муштараки «Наврӯз» Ин номинатсияи муштарак 30 ноябри 2016 сабт шуд. 12 кишвари ҳавзаи Наврӯз (Афғонистон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҳиндустон); «Оши Палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон», «Санъати гулдӯзии чакан дар Тоҷикистон» соли 2018;  Номинатсияи «Фалак» соли 2020 ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО пешниҳод шуда, соли 2021; 2022 номинатсияҳои “Кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ (бо пешниҳоди Туркия ва ҳамроҳии кишварҳои Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон ва ҶИ Эрон) ва “Латифаҳои Насриддин Афандӣ (муштарак бо Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон) соли 2022 сабти ном шудаанд.

Инчунин дар идомаи суханронӣ Раҳимӣ Д. ёдовар шуд, ки номинатсияҳои “Сада” (муштарак бо ҶИ Эрон), «Донишу таҷрибаҳои атлас ва адрасбофӣ», “Тазҳиб -- санъати зарҳалкорӣ(муштарак бо Туркия Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва ҶИ Эрон) (барои соли 2023), “Кашидадӯзӣ” (муштарак бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон), “Ҷашни Меҳргон” (муштарак бо ҶИ Эрон) ва “Рубоб” (муштарак бо ҶИ Эрон ва Ӯзбекистон) (барои соли 2024) пешниҳод шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи ҳар як номинатсияи пешниҳодшаванда мувофиқи талаботи Конвенсияи мазкур сурат гирифта,  тартибу пешниҳоди махсус дорад.

Баъдан директори Ташкилоти ҷамъиятии аз ҷониби ЮНЕСКО аккредитатсияшуда – “Кӯҳҳои Помир”, номзади илмҳои таърих Қурбон Аламшоев таҳти унвони “Фарҳанги хонаҳои урфии Бадахшон” маърӯза ироа намуд. Аламшоев Қ. дар суханронии хеш иброз дошт, ки хона дар забонҳои помирӣ, ки ба гурӯҳи забонҳои қадимаи ҳиндуаврупоӣ ва шохаи шарқиэронӣ мансубанд, бо калимаҳои чид, куд, чад, чуд, хун, лангар, ванҷихуна, каттахуна ёд мешавад. Калимаҳои чид, куд, чад, чуд аз вожаи санскритии kada (хона) баромадаанд. Хонаҳои помирӣ таърихи хеле қадимӣ дошта, дорои хусусияти махсуси сохтан мебошанд. Аз нигоҳи технологияи сохтмонӣ, типологияи иморат, интихоби маводҳои сохтмонӣ, элементҳои меъморӣ беҳамто буда, дониш ва ҳунарҳои беназири меъморӣ, фарҳанги хонасозӣ ва хонадорӣ, парвариши дарахтони сохтмонӣ, истифодаи дурусти сангу хок, тадбирҳои зиддизилзилаӣ, санъатҳои гуногуни чӯбтарошӣ, кандакорӣ, гилкориву рангсозӣ, тақсимоти мантиқии хона ба қисмҳои маишӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад.

Дар идомаи ҳамоиш ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон Зафар Холмуродов маърӯзаашро дар мавзӯи “Саволнома ва равиши инвентаризатсияи унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддӣ” ироа намуд. Ӯ дар бораи тартиби саволномаи инветаризатсионӣ, ки мутобиқи Конвенсияи ЮНЕСКО ҷиҳати сабти номинатсияҳои унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ тарҳрезӣ шудааст, маълумот дод. Холмуродов З. қайд намуд, ки барои таҳияи ҳар як номинатсия саволномаи инвентаризатсионӣ нақши муҳим мебозад. Зиёд будани теъдоди инвентаризатсияҳо аз фаъол будани унсур дар байни мардум дарак медиҳад.

Дар қисмати мубодилаи афкор ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ М.Сафаров, Ф.Давлатов, Ш.Каримова ва дигарон  ибрози назар намуданд.

Маҳфили илмиро директори муассиса А. Аминов ҳусни хотима бахшида, иброз дошт, ки вақт ва таҷрибаи таърихии солҳои пас аз истиқлолият собит намуд, ки қарорҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурандешона ва хирадмандона буда, барои рушду густариши фарҳангӣ миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Маҳз намунаҳои фарҳанги миллӣ метавонад обрӯю нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

 

барчасп: