Рӯзи 27-уми декабри соли 2022 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ҷаласаи васеъ гузаронида шуд.
Ҷаласаро директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшид. Дар зимн ӯ ҳозиринро ба нуктаҳои асосӣ ва дастовардҳои солҳои охири кишвар, ки дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидаанд, мухтасар шинос намуд.
Баъдан тибқи барнома муовини директор оид ба корҳои илм, номзади илмҳои филологӣ Мирзоалӣ Ҷӯраев суханронӣ намуд. Ӯ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳар сол мо дар арафаи Соли нави милодӣ шоҳиди як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мегардем, ки он ҳам бошад ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад, ки дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҳлили амиқи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта, дурнамои рушди мамлакат нақши муҳим мебозад. Инчунин ӯ қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро амиқан таҳлилу баррасӣ намуданд, ки албатта, барои мо, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муфиду дорои аҳамияти хосса аст.
Сипас, котиби илмии Пажӯҳишгоҳ Лайло Носирова дар мавриди нақши бонувону ҷавонон, рушди соҳаи сайёҳӣ, касбомӯзии мардум ва баланд бардоштани ҳувияти миллии шаҳрвандон дар партави Паём маърӯза ироа намуд. Ӯ қайд кард, ки чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми хеш баён доштанд, занону ҷавонон имрӯз қувваи асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои пешрафту густариши давлату миллат саҳми назаррас гузошта истодаанд. Хусусан, занону духтарони ҳунарманд бо бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо ҳамкории зич дошта, дар намоишу чорабиниҳои ватаниву хориҷӣ арзишҳои фарҳангии халқи тоҷикро муаррифӣ менамоянд. Инчунин тавассути анъанаи “устод-шогирд” баҳри рушду густариши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ саҳмгузоранд. Илова бар ин, барои дастгирии бонувон ва ҷавонон Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёди судманд андешида истодааст. Аз ҷумла, дар ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус ҷавонон мусоидат мекунанд, дастгирии бевоситаи Сарвари давлат назаррас мебошад. Дар идомаи маърӯза Носирова Л. қайд намуд, ки дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки “танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем”.
Масъалаи асосие, ки имрӯз таваҷҷуҳи бештарро талаб менамояд, ин баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардум мебошад. Ҳар як шахс дар фаъолияти меҳнатии хеш пеш аз ҳама манфиати давлату миллатро ба инобат гирад.
Сипас, мудири шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Ифтихор Юсуфӣ суханронӣ кард. Юсуфӣ И. зимни суханронӣ баён дошт, ки моҳияти баргузории Паём аслан дарбаргирандаи масоили мубрами сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат аст.
Дар Паёми имсола масъалаҳои таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард», халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот ва ба таври бесобиқа боло рафтани нархҳо, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва амсоли ин баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар Паём оид ба таъмиру азнавсозии роҳҳо, саҳмгузорӣ дар рушду инкишофҳои корхонаҳои равғанбарорӣ, дорусозӣ, металҳои қиматбаҳо, тиб, маориф ва дигар соҳаҳо тадбирҳои гуногун андешида шуданд. Бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла, имсол таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.
Дар қисмати мубодилаи афкор иштирокдорони ҷаласа- ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ Мирзоев Саъдӣ, Сафаров Мунаввар ва дигарон фикру андешаҳои хешро дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешаои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Ҷаласаро директори муассиса Аминов Абдулфатоҳ ҳусни хотима бахшида, дар анҷом ҳамагонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуд.
Котиби илмӣ
Носирова Лайло