МАН ҶАҲОНРО БИНГАРАМ БО ЧАШМИ ЯК ШОИР

Ба ифтихори 60-солагии шоири Ватандӯсту Ваҳдатсаро Саъдӣ Мирзо

Саъдӣ Мирзо шоири маъниофар ва тасвиргарост. Мутолиаи ашъори ӯ касро ба олами умеду ормонҳои наҷиби рӯъёӣ раҳнамунӣ мекунад.

Шоир дар ҳар мавзӯъ ашъори хонданиву мондагор сурудааст. Сурудаҳояш бештар дар тавсифи Ватан, модар, ваҳдат ва ишқ, ки мавзуи ҷовидонаи адабиёт аст, эҷод шудаанд.

Саъдӣ Мирзо ба оламу одам бо нигоҳи тозаи ошиқонаву шоирона менигарад.

Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович)

1 июли соли 1963 дар деҳкадаи Чуқураки н. Файзобод таваллуд шуда аст. Бахши арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1986 хатм намуда, то соли 1988 дар Ҷумҳурии Ироқ ба ҳайси мушовири Сафорати собиқ ИҶШС иҷрои вазифа намуда аст. Дар рӯзномаи ноҳиявии «Набзи Файзобод» ба сифати мудири шуъбаи адабӣ ду сол кор карда, аз соли 1999 то соли 2015 корманди Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва айни замон ба ҳайси корманди шуъбаи илми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ходими калони илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

 

Эй кӯдакӣ...

Саъдӣ ҳанӯз шашсола буд, ки аз падар маҳрум монд. Онҳо дар оила нуҳ нафар додару хоҳар буданду бародари калониаш нав ба 19 қадам монда буд. Бародарони калонӣ баору номус буданду бо сарварии модар шабу рӯз кор макарданд то додарону хоҳаронашон ба чизе муҳтоҷ набошанд ва бепадариро эҳсос нанамоянд. Вале ҷойи падарро касе гирифта наметавонад:

Эй кӯдакӣ, ба чанги фаромушиям мадеҳ,

Аз мулки хеш кишвари бедориям бубар.

Зеро ки ҳар нафас эҳсос мешавад,

Ранҷу азоби кӯдакиям дар ғами падар.

 

Хотираҳо дар бораи модар барояш басо азиз аст ва ҳаёти воқеии солҳои кӯдакиро  хеле воқеӣ ва басо ҷолиб дар шеъри “Модари ман аз табори бениёзӣ буд” баён кардааст:

Модари ман аз табори бениёзӣ буд,

Пову дасту чашму рӯи ӯ намозӣ буд...

Дошт нуҳ фарзанд модар,

Ҳар яке бо ҷони ширинаш баробар...

 

Бепадар мондем аммо модари мо

Аз барои мо падар буд,

Пайкаре буд аз ғуруру нанг моломол.

Бар Худои худ таҳаммул дошт

В-аз Худои худ таҷаммул дошт...  

 

Истеъдодҳоро дастгирӣ мебояд

Саъдӣ аз хурдсолӣ хеле зираку ҳушманд буду хотираи қавӣ ва бо хати ниёгон ошноӣ дошт. Ҳанӯз дар синфи ҳафтум мехонд, ки маҷмӯаи рубоиёту дубайтиҳои Лоиқро аз китоби “Марди роҳ” пурра аз ёд карда буд. Боре дар дарси адабиёт дар пайравӣ ба устод Лоиқ шеъре навишту онро аз варақае ба дафтараш кучонд:

Деҳи ман андар миёни кӯҳсор,

Чун миёнҷӣ ҷовидон истодаӣ.

Чун тазоде дар сукути қуллаҳо,

Бо навои зиндагонӣ зиндаӣ.

 

Ногаҳон муаллими адабиёт дар болои сараш пайдо шуду варақаро чанг зада гирифт ва бо ғазаб пурсид, ки ин чист? Чун фаҳмид, ки шеъри шогирдаш аст, бо қаҳру ситеза ҳамон байти таъну маломат: ”Шоирон мурданду ту шоир шудӣ”-ро хонд ва ӯро аз синф ронд. Саъдӣ аз заҳри сухани муаллим чанд рӯз ба мактаб наомад. Муддате дилаш аз шеъру шоирӣ хунук шуд. Чун ба дарс меомад, ба муаллим саволҳое медод, ки ӯ аз ҷавоб додан оҷиз мемонд. Муаллим ба бародари Саъдӣ шикоят бурд, ки  Саъдӣ бо саволҳои мушкил дар назди шогирдон ӯро шарманда мекунад. Сипас муаллим аз ӯ узр пурсиду бо ҳам дӯст шуданд.  Ҳамин ҷо як нуктаи муҳимро метавон таъкид кард, ки мо набояд истеъдодҳои фарзандону шогирдонро пушти по занему буғӣ кунем, баракс онҳоро дастгирӣ намоему ба фардои дурахшон раҳнамун созем. 

“И бача фақат ба шеър ҷавоб медиҳад”

Саъдӣ баъди хатми мактаби миёна соли 1981 ба шуъбаи арабии факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Он солҳо орзуи ҳар довталаб дохил шудан ба ин факулта буд. Одатан ӯ дар синфхона дар курсии аз ҳама охир менишаст ва бо хаёлоти рангини худ банд буд. Яке аз ҳамкурсонаш шодравон Почохони Сайфиддин ба пешаш омаду пурсид:

-Чӣ дар охир нишастаӣ? Биё пештар шинем.

Саъдӣ дар ҷавоб:

-Ман аз беқадрии хори сари девор донистам,

Ки нокас кас намегардад аз ин боло нишастанҳо.

Почохон:

-Ту шоирӣ?

Саъдӣ:

-Шеър куҷову ман куҷо як пораи гилам,

Ман хоки пои ҳазрати Ҳофизу Бедилам.

- Э,э, шеърот чоп шудиян?

-Шеъри ман ҳаргиз намеояд бурун аз кунҷи дил,

Гӯиё дар чоҳи бетаг сарнагун афтодааст...

Почохони ҳайратзада ба пеши ҳамкурсон рафту бо тааҷҷуб гуфт:

  • И бача фақат ба шеър ҷавоб медиҳад!

Фотеҳаи аввалини устод Бозор Собир

Соли 1981дар  қатори донишҷӯён дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пахта мечид. Ҳини хӯроки шом буду ошпаз ба косаи тунукагии Саъдӣ шавлаи сӯзон рехту пур кард. Касе гуфт, ки Бозор Собир ба мулоқоти донишҷӯён омадааст. Дастонаш сӯхт, косаро партофту ба тарафи хобгоҳ-казарма давид ва аз таги болишти “раскладушка”-аш китоби “Оташбарг”-и Бозорро гирифту ба пеши шоир нафасгардон ҳозир шуд ва онро барои гирифтани соядаст дароз кард. Бозор бо табассуми малеҳ ба ӯ нигаристу бо андаке тааммул навишт:

Донам, ки агар замин биҷунбад каму беш,

Мардум ҳама мегурезад аз хонаи хеш.

Зангӯлаи дил магар ба гӯши ту расид?

К-аз хонаи дил баромадӣ аз ҳама пеш.

Оре, ин ба тавре фотиҳаи устод буд барояш. Баъди хатми Донишгоҳ соли 1986 то соли 1988 дар Ироқ ба ҳайси тарҷумон-мушовири сафорати Шӯравӣ фаъолият дошт. Пас аз бозгашт бо устод Бозор Собир риштаи дӯстиро мустаҳкам намуду то охири умри шоири зиндаёд  аз суҳбатҳояш баҳравар гардидааст.

Саъдӣ- шоири Ватандӯсту Ваҳдатсаро

Саъдӣ шоири Ватандӯсту ваҳдатсарост. Оре, амнияту осудагӣ ва зиндагии хушу гуворо аз ваҳдат аст. Шеъри ӯ дар ин ҷода аз осори ҷовидонаи бузургони форсу тоҷик чун Фаридуддини Аттор, Саноии Ғазнавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ ва дигарон об хӯрда. Ҳамзамон ба рӯзгори сиёҳе,ки баъди пошхӯрии Шуравӣ бо дасисаву тафриқаандозии душманони дохиливу хориҷӣ ҷомеаи тоҷикро ба ҷанги бародаркушӣ кашид, ишора карда, ба қатъият мегӯяд:

Ҳамватан, маслиҳат он аст, ки бо ҳам бошем,

Ҳамнафас, ҳамқадаму ҳамдиду ҳамдам  бошем.

 

Ин Ватан моли ману ту, пару боли ману туст,

Баҳри ободии он чорагари ҳам бошем.

 

Хуни мо рехт басе, хуни Ватан рехт басе,

Ришта бигсехт басе, бас!Ҳарами ҳам бошем.

 

Ва ба Худошиносиву худшиносӣ даъват мекунад:

 

Ҳамватан маснади  Симурғ ҳамин синаи мост,

Сар ба Ҳудҳуд назанем, сӣ тани дар ҳам бошем.

 

Ҳимояи марзу буми Ватан барои ҳар як шаҳрванд қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург аст. Ҳар як пораи хоки азизу муқаддас аст. Аслан ниёгони мо меҳри Ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд. Шеъри Саъдӣ Мирзо бо унвони “ Бароят бимирам Ватан”д ӯст доштану садоқат ба Ватанро  дар зеҳну шуури ҳар як ҳамватан бедор мекунаду парвариш. Ва он хеле мутантан садо медиҳаду шукӯҳу шаҳомати Ватанро ситоиш. Месазад, ки онро ҳамчун яке аз сурудҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар тарбияи наврасону ҷавонон дар макотиби низомӣ ва Артиши миллӣ суруд:

Ҳамора бароят бимирам, Ватан,

Вале сар зи хокат нагирам, Ватан.

Агар зинда гардам пас аз мурданам,

Дубора бароят бимирам, Ватан.

Дар байни мардуми мо ин гуфта хеле маъмул аст, ки ҳифзи Ватанро аз ҳифзи ҷон бартар медонанд: “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар. Ва ё иборае мавҷуд аст,  ки дӯст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон» яъне, дӯст доштани Ватан аз имон аст.

Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан»  иттифоқ доранд. Ба ҳамин мазмун шоир дар шеъри “Воруху сарсупорӣ”мегӯяд:

Ҳуббулватан, ҳадиси сарфарозии ман аст,

Ҳуббулватан, ҳадиси ватансозии ман аст.

Воруху ҷоннисории Испетамени гурд,

Воруху сарсупории Темурмалики ял.

Як заррае зи хоки ту

Бар кас намедиҳам,

Гарде ман аз мағоки ту

Бар кас намедиҳам.

Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри Ватанро  беҳуда бо меҳри Модар дар як радиф нагузоштаанд. Агар Модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, Ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.

Инсони некбахт нафақат ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад:

Ватан олами бошу буди ман аст

Ки як зарраи он вуҷуди ман аст.

Ватан гар набошад маро марг беҳ,

Дарахти қадам бе бару барг беҳ.

 

Ки модар дар ин ҷо фурӯ монда сар,

Дилу дида дар он нуҳуфта падар.

Ба ҳар пуштааш ҳафт пушти ман аст,

Зи ҳар пушта хоке ба мушти ман аст...

Тоҷик аз қадимулайём шаҳрнишин буду илму дониш ва фарҳанги баланд дошт. Ба мақсади тааруз ва қатлу ғорат ба сари касе шамшер накашидааст. Баракс турку тозӣ ӯро ба хоку хун кашида, вале фарзандонаш алами илму фарҳангу забонро аз даст надода. Аз ин ҷост, ки  Ҷалолиддини Балхӣ ҳамқавмони хешро таҳрик медиҳад:

Як ҳамлаву як ҳамла к-омад шабу торикӣ,

Чусти куну туркӣ кун на нармии тоҷикӣ.

Шоир дар пайравӣ аз Мавлоно  дар шеъри “Тоҷику чустӣ ҳамебояд шиор” мегӯяд:

Тоҷику сустӣ на моро дархур аст,

Тоҷику чустӣ ҳамебояд шиъор!

Қораи тоҷик набошад бок нест,

Бораи тоҷик бимонад  устувор!

 

Дар Шероз

Саъдӣ  ҳанӯз аз овони наврасӣ орзу дошт, ки  ба Эрон сафар кунаду мақбараи  Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ва Шайх Саъдиро зиёрат намояд. Ин  орзуи ӯ соли соли 2002 ҷомаи амал пӯшид. Саъдӣ  дар ҳайати як гурӯҳ зиёиёни тоҷик ва намояндагони мардумӣ , ки ба он Соҳибназар Боқиев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, Махсуми Исмоил, рӯҳонӣ, Абдуфаттоҳ Шарифов , сухангӯи Президенти Тоҷикистон ва дигарон шомил буданд, ба шахрҳои Теҳрон , Машҳад ва Шероз  сафар кард . Аз ҳама хотирмон зиёрати мақбараи Саъдиву Ҳофиз, тамошои гулгашти Мусаллову Оби Рукнобод буд.

Ба ифтихори меҳмонони гиромӣ дар як тарабхонаи Шероз зиёфат оростанду аз Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ шеърҳо қироат карданд. Ғайри чашмдошт, Соҳибназар Раҳмонов бе огоҳии пешакӣ Саъдиро ҳамчун шоири тоҷик муаррифӣ кард ва ба вай сухан доданд. Аз ҷои нишаст то ба минбар рафтан  фурсати фикр кардан дошту халос.  Микрофонро ба даст гирифту андаке тааммул кард ва толорро аз назар гузаронду бо садои боварибахш гуфт:

 -Хоҷа Ҳофизи бузургвор барои як холи ҳиндуи турки шерозӣ ду шаҳри мо – Самарқанду Бухороро бахшид.  Дар баробари ин гуна олиҳиматии Хоҷа чизе дар бораи зебоии хубрӯёни Шероз агар нагӯям, бе тардид равони Хоҷаи бузургвор аз камина сахт меранҷад.  Дар ин миён чашмаш ба оғои Тадайюн меафтад, ки мутасаддии меҳмонони тоҷик буду дар охири толор дастонашро ба шакли чиллик бардошта буд ва илтимос мекард, ки хубрӯёни Шерозро ба ҳоли худашон гузорад. Вале Саъдӣ боз такрор кард: ба хубрӯёни Шероз шеъре бихонам.   Ва  ӯ  шеъри  устод  Муъминро  бе  он,  ки  номи  ӯро бигирад, бо  ҷуръати  том   ба қироат  шурӯъ кард ва ибораи “духтари тоҷик”- ро бо “духтари Шероз” иваз намуд.   Эрониёни шеъргаро ҳама гӯшу ҳӯш шеър мешуниданд:     

Туро, эй духтари Шероз, ҳамчун тифли руҳонӣ,                                                                             

Ба  раҳми  сина  парвардам,   ба  гардан  тавқи  шайтонӣ,                                         

 Чу  ишқат  ҳар  замон  пуршӯртар  шуд  ҳамчу  зиндонӣ,                                                        

Маро  ҳар  марди  соҳибдил,  маро  ҳар  фарди  бедил  гуфт,                                 

   Чаро  оқил  кунад  коре,  ки  боз  орад   пушаймонӣ?

Ва  чун  ин  шеъри  бисёр  тулонӣ ба  ин ҷо  расид,  ки:  

...Пушаймон  нестам  гар  зинда  кардам   ишқи   Маҷнунро ,                                        

Даруни  сина  пинҳон  доштам   дарёву ҳомунро,

Пушаймон нестам ҳаргиз.

Кунун дар қасри Доро  ҷоми Ҷамшед аст дар дастам,

Зи бӯи бодаву мӯи бути  Шероз  сармастам...

ва  дар мисрае, ки “Лабамро  бар  лабони  оби   Рукнобод  пайвастам”  аз он “Лабамро бар лабони” гуфту   ин  ҷо  каме  таваққуф  кард ва ин  ибораро чанд бор такрор намуд.  Оғои  Тадаюн  аз  дур  ба изтироб афтода, ангушт ба лаб мебурду   дастонашро чиллик намуда, ишора мекард, ки:   нагӯ -  нагӯ!!  Баъд  бори  сеюм  гуфт:

 -Лабамро  бар  лабони  оби   Рукнобод  пайвастам...

Чанде аз ҳозирин, бахусус  Оғои  Тадаюн   гӯё аз китфашон санги осиёб афтода бошад, оҳи  сабук  кашиданд.  Ва баъди баромад  ҳолати  аҷиб   рух дод. Хонумони   Шерозӣ, ки он ҷо ҳузур доштанд,   ростӣ,  ба  ваҷд  омада  ҳар  кадоме  дар  даст  фоли  Ҳофиз   ӯро иҳота карданд, то  барояшон фоле  кушояд. 

-Шукри  Худо, -мегӯяд Саъдӣ, - фолҳоям   хуб  баромаданд,  ба ҳар касе  аз Ҳофиз байт мехондам, як  чизе  барои  худ  пайдо  мекард.Чун ба Душанбе баргаштем ин воқеаро ба устод Муъмин Қаноат нақл кардам, хеле хурсанд шуданд.  Хулоса  ин  як  мулоқоти хеле хотирмон   дар  Шерози Эрон буд.

 

Бардоште аз умр

То имрӯз се маҷмӯаи шоир бо номҳои “Сарнавишт”(2014), “Чор фасли меҳрубонӣ” (2021), “Парвини хаёл” (2023) ва шеърҳои алоҳидааш дар чандин маҷмӯаи дастҷамъонаи шоирон ба табъ расидааст.

Саъдӣ аз он родмардонест, ки 25 соли умри азизашро дар ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан ва таҳкими сулҳу суботи кишвар сипарӣ карда, то ба унвони полковники корҳои дохилӣ расида. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар ин муддат фурсате надошт, то шеърҳояшро ба зевари табъ орояд ва пешкаши хонандагон намояд. Соли 2013 дар як вохӯрии тасодуфӣ  бо гавҳаршинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, шоире, ки шеъри нобро меписандаду беғаразона дар ҷустуҷӯи истеъдодҳост, мусоҳиб гардиду дар ҳаёташ тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ уфтод.  Ӯро дубора ба шеъргӯӣ талқин кард ва маҷмӯаи аввалинаш  бо пешгуфтори Рустами Ваҳҳоб ба табъ расил. Соли 2015 Саъдиро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.

 

Мунаввари Сафар,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,

аълочии фарҳанг ва матбуот

барчасп: