Бо мақсади омӯзиш, баррасӣ ва беҳдошти самти таълим дар муассисаи бачагонаи санъати ноњияи Муъминободи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дода шуд. Таҳти роҳбаладии мудири бахши фарҳанги ноҳия бо директори мактаби санъат Сафаров Олимҷон ва устодону хонандагони муассиса мусоҳиба доир карда шуд.
Дар ин раванд аз синфхонаҳои созҳои зарбӣ, торӣ ва клавишӣ (таблаку дойра, ғижак, рубоб, аккордеон, солфедҷио дидан намуда, аз вазъи таълим бархӯрдор шудем. Дар синфхонаи таблаку дойра омӯзгорро машғули тадрис бо шогирдон дарёфтем. Пас, аз мусоҳибаҳо аз фаъолият ва раванди таълими шогирдон маълум гардид, ки омӯзгор Обидов Абдураҳмон, ки дар дафтари синфи номгӯи хонандагон китобат гаштаанд ба 15 нафар шогирдон аз ин касб таълим медод. Лек мо бо 7 нафаре аз ин хонандагон шинос шудем. Маълум гардид, ки раванди таълим он қадар ба инобат гирифта намешавад ва рафту омади шогирдон низ ҷиддӣ гирифта намешудааст. Пас, аз шунидани баромади ансамбли доиранавозон маълум гардид, ки шогирдон асари додашударо аз рӯи нота нею, бо тарзи шифоњї аз худ намудаанд. Дар рафти омӯзиш нота ба инобат гирифта намешуд. Омӯзгор гарчанде собиқадор бошад ҳам, аммо дар дарсаш барномаи умумӣ, нақшаи инфиродии хонандагон умуман дида намешуд. Консертмейстер дар рафти дарси омӯзгор ҳузур надошта, дарсро танҳо худи муаллим пеш мебурд. Қайдҳои пур кардашудаи номгӯи мавзуҳои омӯзгор дар дафтари синф ба фаъолияти ҳаррӯзаи шогирдон мувофиқат намекард. Хонандагон аз рӯи нота навохтани асареро дарк накарда, аз уҳдаи навохтани он куллан намебаромаданд. Танҳо дар дарс навохтани оҳангҳои тӯёна дида мешуду халос, ки ба раванди таълими муассиса ҷавобгӯ набуд.
Ба ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, омӯзгор – Обидов Абдураҳмон бо шогирдонаш тамринҳои хеле зиёдро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки онҳо дар чорабиниҳои давлатӣ саҳми худро гузоранд. Гуфтан мумкин аст, ки Обидов А. бо вуҷуди надоштани барномаи таълимӣ равиши дарсро бо психологияи хонанда мутобиқ кунонда, дарсро мегузаронад. Дар вақти суҳбат ӯ иброз дошт:
- “Муассиса пеш бинои асосӣ надошт. Дар он вақтҳо дар муассиса мушкилиҳо зиёд ба чашм мерасиданд. Оҳиста – оҳиста бинои муассисаро ба қасри фарҳанги ноҳия интиқол намуда, он проблемаҳои вуҷуддошта хело бартараф гардиданд. Айни ҳол мушкили асосии мо набудани созҳои мусиқӣ, нарасидани синфхонаҳо ва омӯзгор, бахусус консертмейстер мебошад”.
Синфхонаи дигаре, ки мавриди омӯзиш қарор гирифт, ин сози ғижак буд. Омӯзгор Азизов Сангимад ба гурӯҳи хонандагон аз сози ғижак машғулият мегузаронид. Дар рафти мусоҳиба маълум гардид, ки гарчанде ба унвон синфхонаи ғижак бошад, лек дар амал ин дарс бо сози скрипка омӯзонида мешуд. Ҳатто дар синфхона сози ғижак умуман дида намешуд, ба ғайр аз як ғижаки торкандаи корношоям, ки барои намоиш дар девор овехта шуда буду халос. Адабиётҳои лозима, айёниятҳои ин навъи соз то кунун барои омӯзгор ва шогирдон аз ҷониби муассиса дастрас нагардидаанд. Омӯзгор шахси ботаҷриба, вале аз роҳҳои нави таълим бархӯрдор нест. Боиси таассуф аст, ки дар ин синфхона низ дарс аз рӯи нота гузаронида намешуд. Скрипкаро мисли ғижак дар сари зону дошта, менавозанд. Муаллим ба шогирдон асари интихобнамудаашро бо тарзи шифоҳї дарс мегузарад, ки фаҳмиши сози пардаи оҳанг омӯзонида намешуд. Аз ин бармеояд, ки худи омӯзгор умуман бо сози скрипка ва шакли дурусти таълими он ошно набуда, бо ихтисоси худ кор намекунад.
Муаллим Азизов Сангимад таълимгирифтаи факултаи шуъбаи Суруд ва мусиқии МДТ Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, бо ихтисоси овозхон донишкадаро хатм кардааст. Аз соли 1988 то инҷониб дар ҳамин муассисаи бачагонаи санъати ноҳияи Муъминобод фаъолият карда истодааст. Дар дастаи ансамбли шинохтаи ноҳия ба номи Давлатманд Хол низ фаъолият намудааст. Таҷрибаи дарсии омӯзгор беш аз 30 сол мебошад. Бо чунин дониши кофӣ метавон шогирдони зиёдеро дар сатҳи мутахассиси ояндаи касбӣ тайёр намуд. Вале, набудани муаллими тахассусӣ ва истифода накардани роҳу воситаҳои навини таълим аз пастравии сатҳи дониши хонандагон дарак медиҳад.
Машғулияти дигаре, ки дар муассиса ба роҳ монда шудааст, ин омӯзиши дарси рубоб мебошад. Омӯзиши дарси рубобро муаллими ҷавон Беҳрӯзи Мирзоаҳмад ба уҳда дошта, ба шогирдон таълими ин созро ёд медод. Дарс аз рӯи айёниятҳо ва нота мегузашт. Айёниятҳо аз тарзи дуруст навохтани сози таълим медодаи муаллим ва баъзе аз назарияи мусиқӣ дар девор овезон буданд. Дар баробари омӯхтани оҳангҳо дар сози рубоб, ҳамчунин аз тадриси созҳои барқӣ ба шогирдон дарс мегуфт. Дар дарси муаллим китоби дарсӣ дида мешуд. Камбудии асосӣ дар ин гурӯҳ танҳо барномаи умумӣ ва инфиродӣ буд, ки дар дарс ба назар намерасид. Дар омӯзиши дарси рубоб ду гурӯҳ фаъолият намуда, таълими ин дарс дар як ҳафта ду маротиба гузаронида мешуд. Аз шогирдони муаллим Мирзоаҳмад ду нафар яке оҳангеро дар ритми жанри “Валс” ва дигаре аз қабили суруди халқии “Духтари Ҳиротӣ” - ро навохтанд. Сатҳи вазъи таълими омӯзгор нисбат ба дигар омӯзгорони муассиса ба ҷавониаш нигоҳ накарда, хело хуб ба роҳ монда шуда буд.
Аккордеон аз созҳои клавишӣ ба шумор рафта, мисли дигар созҳои мусиқӣ омӯзиши он дар муассиса муҳим мебошад. Аз ҷиҳати таълим ва таъмини мутахассис синфи аккордеон дар муассиса аз синфхонаҳои пешқадам ба шумор мерафт. Аз мусоҳибаҳо маълум гардид, ки омӯзгор Латипов Зафар мувофиқи ихтиссоси худ ба шогирдон таълим медод. Дар девори синфхона расмҳои зиёде овехта шуда буданд, ки бисёре аз онҳо ба айёниятҳои лозим ба синфхона ҷавобгӯ набуданд. Овезаҳои дар девори синфхона, кӯҳнаю фарсуда ва бо забони русӣ буданд, ки умуман ба дарс мувофиқат намекарданд. Худи сози аккордеон корношоям буда, танҳо барои намоиш дар синфхона дида мешуд. Муаллим ба шогирдон дарсро бо ёрии сози барқӣ мегузаронд. Омӯзгор бо шогирдони худ асарњои интихобнамудаашро дар сози барќии ямаха ёд медод. Вале дар ваќти иштироки мо дар дарси аккордеон ягон шогирде пайдо нагардид, ки асари интихобнамудаашро дар сози барќии ямаха дуруст иљро намояд. Сатҳи дониши муаллим хуб буда, ба норасоиҳою камбудиҳо нигоҳ накарда омӯзиши ин сози мусиқӣ хуб ба роҳ монда шуда буд. Дарс аз рӯи китоби дарсӣ ба хонандагон омӯзонида мешуд.
Дар муассисаи бачагонаи санъат аз сози назарияи мусиқӣ (солфедҷио) низ таълим дода мешуд. Солфедҷио фанне мебошад, ки ҳофизаи шунавоии хонандаро инкишоф дода, фарқ кардани нотаҳоро меомӯзонад. Ҷанбаи омӯзишии дигари назарияи мусиқӣ дар он аст, ки оҳанг дар кадом ҳаду андоза навишта шудааст, муайян мекунад. Яъне яке аз пояҳои асосии илми мусиқӣ ба шумор меравад. Омӯзгори ин соз шахси таҷрибадида буда, дар фанни солфедҷио мутахассиси хуби муассиса дониста мешавад. Саидов Рамазон собиқ роҳбари муассиса буда, он шогирдоне, ки аз дигар созҳои мусиқӣ таълим мегирифтанд, ба онҳо солфедҷиоро меомӯзонд. Дарси муаллим дар синфхонаи аккордеон ва рубоб мегузашт, ки ин аз нарасидани синфхона дар муассиса дарак медод. Сатҳи тадриси муаллим хуб ба роҳ монда шуда буд. Барои дарк ва ҷолибияти дарс омӯзгор ба шогирдон маводҳои лозимаро аз ҳисоби худ таъмин намуда, завқи хонандаро ба дарс бедор месохт. Равиши дарс ҷиддӣ ба роҳ монда шуда буд, ки омӯзгор пас аз мавзӯро дар лавҳаи синф овардан онро дар дафтари кории шогирдон санҷида, аз хатогӣ ва нозукиҳои мавзӯи матраҳгашта, хонандаро хуб огаҳ менамуд. Китоби дарсӣ, барнома ва нақшаҳои инфиродии хонандагон дар дарси омӯзгор хуб ба роҳ монда шуда буданд. Худи омӯзгор дар муассиса шахси соҳибтаҷриба ва мутахассиси варзида барои дигар омӯзгорон дониста мешуд.
Хулоса, қайд кардан ба маврид аст, ки вазъи таълими имрӯзаи муассиса ба замони муосир ҷавобгӯ набуда, камбудию норасогиҳои зиёде мушоҳида мешуд. Мушкилии ягона дар он дида мешавад, ки муассиса то кунун аз рўи наќшањои пешина амалӣ гашта фаъолият менамояд, ки то имрўз дубора такмил ва тањрезї нагаштаанд. Дар ваќти аз наздик ошно гаштан, аз рафти кор ва фаъолияти омӯзгорони мактаби мусиќї маълум шуд, ки таълим дар сатҳи хеле паст ќарор дошта, нуќсону камбудињои зиёд бар аъло дида мешуд:
- Дар мактаби мусиќї њамаги 13- нафар омӯзгорон кор ва фаъолият дошта, дар созњои гуногуни мусиќӣ бо шогирдони худ дарс мегузаштанд. Аз рӯи шумора 137 нафар шогирдон тањсил менамудаанд, ки як ќисми онњо ба дарсњои мусиќї иштирок надоштанд. Методологияи дарсӣ нисбат ба психологияи хонанда ба роҳ монда нашудааст.
- Дигар мушкилии асосии муассиса ин нарасидани синфхона, созњои мусиќї, барномањо, дастурњо ва китобњои дарсї буданд, ки барои таълим дар муассиса сабаби асосии пайравии таълим мегардид. Аксари хонандагон аз надоштани сози мусиқӣ танқисӣ мекашиданд. Дар ҳоле, ки тарзи таълими онҳо бештар амалӣ буда, бидуни омӯзиши ин ё он сози мусиқӣ ва аз худ накардани нота мутахассиси ояндаи соҳа шуда наметавонанд.
- Дар дарси омӯзгор барномаи умумӣ ва нақшаи инфиродии хонанда вуҷуд надошт ва аз рӯи он ҳам кор бурда намешуд. Қариб дар ҳамаи синфхонаҳо танҳо дафтари қайдҳои хонандагон мавҷуд асту халос, ки ин ба системаи муассисаҳои мусиқӣ ва санъати соҳаи фарҳанг ҷавобгӯ набуда, ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф мувофиқ мебошад.
Мушкилии асосии таълимро дар мактаби бачагонаи санъати ноҳия метавон аз ҷониби маъмурияти муассиса дид, зеро назорати ҷиддии роҳбарият дида намешавад. Боиси зикр аст, ки чиҳати пешрафти соҳа ва хуб таълим гирифтани хонандагони муассиса саҳми роҳбарият хеле бузург аст. Таъмини чунин шароит аҳамияти ҷиддиро талаб менамояд.
Мутобиқ ба самти омӯзиши хеш дар петсовети љамомади омӯзгорони мактаби мусиќї камбудињои љойдоштаро ќайд намуда, ба онҳо ҳушдор додем, ки њар як омӯзгор аз барномаи панљсолаи стандартии оиди наќшаи таълимии мактабњои мусиќӣ ошно гашта, дафтари инфиродии ҳар як хонандаро доир ба сози мусиќии фаннии худ тартиб дињанд ва аз рӯи он амал намоянд. Дар њар як чоряки соли хониш аз навохтани асарњои мусиќии шогирдон натиљагирӣ намуда, дар дафтари инфиродии худ қайд кунанд.
Фаромӯш набояд сохт, ки ояндаи ҳар давлату миллат аз имрӯзи он вобаста аст. Агар мо хоҳем фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи ниёгони хешро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем, бояд анъанаи онҳоро идома диҳем. Рушду густариши ҳар як самти фарҳангу санъат баҳри мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳанги миллӣ мусоидат менамояд.
Раупов Абдураҳмон
Ходими калони илмии
шуъбаи илмї-методии
ПИТФИ