Истиқлолият барои ҳар як фарди ҷомеа неъмати бебаҳо ба шумор меравад. Чунки он пеш аз ҳама барои кишвари азизамон сулҳу озодӣ ва тинҷиву осудаҳолиро фароҳам намуд. Озодие, ки асрҳо гузаштагони миллати тоҷик онро орзу мекард, бо шарофати заҳматҳо ва талошҳои ҳамаҷонибаи абармардони миллат, ба он ноил гардид. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати кишвар 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон гардид, ки ҳамасола ҳамчун рӯзи таърихӣ ва ҷашни давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки истиқлолият омили асосии пешрафти давлату миллат буда, дар арсаи байналмилалӣ кишварро бозҳам бештар муаррифӣ намуд. Шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа тадриҷан рӯ ба рушд ниҳод ва бештар тараққӣ намуд. Аз ҷумла соҳаи фарҳанг мебошад, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ рушду инкишофи бесобиқа ёфт. Аз ҷумла муассисаҳои фарҳангӣ мебошанд, ки ҳамчун пойгоҳи тарбияи ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, то имрӯз рушди бесобиқа намудаанд. Хусусан сохта ва ба истифода додани як қатор иншоотҳои муҳими фарҳангӣ аз қабили осорхона, китобхона, кинотеатр, театр, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, гулгаштҳои саёҳатӣ ва ғайра дар ин самт хеле вусъат дода шуд. Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номии Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаби мусиқии №2 шаҳри Душанбе ба номи М. Аминзода ва ба монанди инҳо таъсис дода шуданд, муассисаҳои болозикр дар рушди санъати касбии тоҷик нақши асосиро мебозанд.
Албатта, ин навгониҳои бемисл бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи барномаҳои тасдиқшуда тайи солҳои сипаригардида дар самти бунёду азнавсозї, таҷдиди инфрасохтори фарҳангӣ, таҳкими пояҳои моддию техникии муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир чораҳои мушаххас андешида шудаанд, ки ин ҳама аз неъмати истиқлолият маҳсуб меёбанд. Дар даврони истиқлолият дар ноҳияҳои Темурмалик (соли 2017), Балҷувон (соли 2018), Муъминобод (соли 2016), Данѓара (соли 2019) ва шаҳри Бохтар қасрҳои фарҳангӣ бунёд гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳод, ки соҳаи фарҳанг низ дар канор намонд. Дар замони истиқлолият фарҳанг ҳамчун асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин унсурҳои асосии худро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонист. Дар ин раванд фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ сурати дигар касб намуд ва дар тарбияи нарасон ва ҷавонон нақши мусбии худро гузошт, ки ин ҳама аз баракат ва шарофати истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон поянда бод!
Ходими пешбари илмии шуъбаи
фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ
Шарипов А.