Таҳти чунин унвон рӯзи 6-уми сентябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандону меҳмонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар арафаи ҷашни пуршукуҳи Истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар гузаронида шуд.
Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори муассиса, н.и.ф. Аминзода Абдулфаттоҳ оғоз гардида, мавсуф доир ба пешрафти соҳаҳои муҳими кишвар, хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат ва дастовардҳои ПИТФИ дар замони истиқлол фикру андешаҳояро иброз намуд. Баъдан сухан ба намояндани КИ ҲХХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Муслим дода шуд. М. Усмонзода аз рушди илму фарҳанг ва китобу китобхонӣ нукоти муҳимеро пешниҳод намуд ва дар ин замина аз ташаббусҳои Пешвои миллат дар ин самт ёдовар шуд.
Баъдан, аз рӯйи барнома ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти китобдорӣ, н.и.п., дотсент Комилзода Шариф оид ба рушди китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол маърӯзаи ҷолиберо ироа намуд. Ш. Комилзода ҳамчун яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ доир ба вазъ ва дурнамои фаъолияти китобхонаҳо дар замони Истиқлол арқому далоилро аз сафарҳои хизматӣ ва таҷрибаи чандинсолааш бо таҳлилу баррасии илмӣ ироа намуд, ки аз аҳамияти маърифатӣ холӣ набуданд.
Ходими пешбари илмии шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ – фарҳангӣ Исоев Қадриддин маърӯзаеро таҳти унвони “Истиқлолият кафили фарҳанг” пешниҳод кард, ки дар он мавзуоте аз қабили озодии кишвар, виҷдон, фарҳанги миллӣ, Истиқлол ва амсоли ин матраҳ гардиданд. Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи илмӣ – методӣ Наслохонова Мижгона доир ба вазъи муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг дар замони Истиқлол баромад намуд. Мавсуф бо истифода аз аксу навор тавассути тахтаи электронӣ тавонист вазъи муассисаҳоро бо далелҳои муътамад баҳо диҳад.
Дар мубодилаи афкор меҳмонон азҷумла директори нашриёти Ирфон Абдураҳмонзода Абдувалӣ, д.и.ф., профессор, ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашри ПИТФИ Мурод Муродӣ оид ба таърихи миллӣ, замони бедавлатиҳо, бурду бохт дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, фарзонафарзандони миллат, созишномаи истиқрори сулҳ, қурбониҳои ҷанги шаҳрвандӣ андешаронӣ намуда, дар ин замина сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро ҳамчун неруи созанда ва бемисл арзёбӣ карданд, ки дар ҳақиқатан ҳам дуруст аст.
Дар охири чорабинӣ аз тарафи ходими пешбари илмии шуъбаи санъатшиносӣ, шоири ширинкалом Саъдӣ Мирзо дар васфи Истиқлол, Пешвои миллат, Ватан – Модар ва ба инҳо монанд шеърҳои ба тозагӣ эҷодшуда қироат гардиданд. Мизи мудаввар барои ҳамагон судманд ва хотирмон буд.
Ифтихор Юсуфӣ,
мудири шуъбаи воситаҳои
ахбори омма ва табъу нашри ПИТФИ