ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲОМИИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Озодӣ ва тааллуқ надоштан ба касе ё чизе, аз ҳадафҳо ва ғояҳои ниҳоии инсон ба шумор меравад, ки фард ҳамеша дар пайи ба даст овардани он мекӯшад, мубориза мебарад ва таманнои он мекунад. «Беҳуда нагуфтаанд, ки агар озодии парранда дар парвоз бошад, озодии ҳар як кишвар дар истиқлолияти сиёсии ӯст». Агар аз як ҷониб истиқлолият озод будани кишвар аз мустамликаи бегонагон бошад, аз ҷониби дигар, он озодии мутлақи инсон аз қайду бандҳое, мебошад, ки тавоноӣ, қобилият ва арзишҳои инсонии ӯро идора мекунанд. Аз ин маънӣ бармеояд, ки сарчашмаи истиқлолу озодӣ аз ғурури шахсиятҳои озодихоҳу истиқлолхоҳ оғоз мегардад. Гузаштагони миллати тоҷик  ин орзу ва ҳадафи олиро аз азал дар қалб ҷой додаанд ва ниҳоят абармардони миллат орзуи ниёгони хешро амалӣ намуданд ва ба ҳадафи олии худ расиданд. 33 сол мешавад, мо мустақиллем, пойбанди давлату миллати дигар нестем, комилан ҳуқуқи қабули қонуну қарорҳо дорем ва аз амру фармонҳои иҷборию таҳмилии бегонагон озодем. Истиқлолияти комил моро ба он зина расонид, ки натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он таъсиргузор шудем. Сарқонун ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ намунаи барҷаста барои кишварҳои дигар гардид. Ҳамзамон пешниҳодоти кишвари мо бо сарварӣ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Презтденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қабул гардида, хӯш пазируфта шудаанд. Фарҳанги сулҳофарии миллати тоҷик, ки ба оғози даврони истиқлолият рост меояд, дар ҳавзаи кишварҳои муайян ҳамчун мактаби бузург ва таҷрибаи олӣ истифода мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки истиқлолияти комил натанҳо ватанро соҳибихтиёр ва миллати тоҷикро иззатманду озод намуд, балки тамоми соҳаҳо ва рукнҳои боэъдимоди давлатро аз монеаҳо озод сохт ва дар масири рушду тарққӣ қарор дод, зина ба зина ва ба тадриҷ тамоми соҳаҳои кишвар пеш рафт, такомул ёфт, ки  фарҳанги миллӣ низ аз ин бебаҳра нест. Фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлолият марҳилаҳои таҷдид, эҳё, ташаккул ва такомулро тай намуда, дар оғози он бо вуҷуди вазъи ногувори замон аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар канор намонда, вобаста ба он чораҳои таъхирнопазир андешида шуд. Аввалин «Консепсияи инкишофи маданияти Тоҷиистон» (с.1992)  қабул гардид, ки дар он мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии рушди соҳаи фарҳанг барои солҳои минбаъда муайян карда шуданд. Ҳамзамон қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.1994)  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (с.1997) барои рушду равнақи фарҳанги миллӣ  заминаҳои боэътимоди ҳуқуқӣ гузоштанд. Дар даврони истиқлолият Президенти мамлакат ба фарҳанг аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар ҳама вохуриву суханрониҳо аз муҳиммият ва зарурати он сухан ронда, таъкидҳои бамаврид ба амал овардаанд. Махсусан соли 2001 ки барои фарҳанг давраи рушд ва созандагиву бунёдкорӣ  ба ҳисоб меравад, Пешвои миллат нахустин бор «Фарҳанг ҳастии миллат аст», ин ибораи пурмаъниро дар суханронӣ бо зиёиёну фарҳангиёни мамлакат ироа намуданд. Ин сухани пурмазмун барои миллати тоҷик дорои аҳамияти вежа мебошад, ки ба пояҳои фарҳанги миллӣ устуворӣ, ба самъи фарҳангпарварон таъсир ва дар масири ҳаракати онҳо таҳрики созандаеро ба вуҷуд овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар даврони истиқлолият (с.2010) дар қатори дигар кишварҳои дунё ба Конвенсияи оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки нахустин санади меъёрии ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ буда, аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО қабул гардид, шомил шуд. Ин дастовард дар тарғибу ташвиқи фарҳанги ғановатманди миллати тоҷик ба ҷаҳониён саҳми арзанда гузошт. Ҳамзамон бунёду азнавсозии инфрасохтори муҳими соҳаи фарҳанг рӯи кор омаданд, ки ба тараққии фарҳанги миллӣ такони тоза бахшиданд.

Забон унсури асосии фарҳанг ба шумор меравад, ки  дар даврони истиқлолият мақоми хоса касб намуда, ҳифз гардидааст. Маълум аст, ки яке аз ҳадафҳои фарҳангии давлатҳои абарқудрати истеъморгаро, таҳмил намудани забони худ ва дар дараҷаи дуввум қарор додани забони миллатҳои зертобеашон ба шумор меравад.Чунонки забонҳои испанӣ, англисӣ, фаронсавӣ, португалӣ ва олмонӣ дар кишварҳои истеъморнамудаашон ҳамчун забонҳои расмӣ амал менамоянд. Набояд сарфи назар кард, ки кишварҳои мустамликагардидаи онҳо чун мамолики Амрикои лотинӣ, Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустону Нигерия, Сенегалу Чад ва Маливу Мозамбик ҳудуди зиёда аз 60 сол мешавад, ки истиқлол ба даст овардаанд, аммо то ба ҳол аз асорати мустамликавӣ берун нашудаанд. Ноилоҷ забони аҷнабиро забони расмии худ эътироф карда, фарҳанги онҳоро нохудогоҳона қабул менамоянд. Кишварҳои мазкур солҳост истиқлолиятро соҳибанд, вале дар ҳақиқат мустақил нестанд, ағлаби афроди он кишварҳо аз зиллату хорӣ, тарсу ҳарос, набудани суботи сиёсӣ, дахолату озори аҷнабиён ва беҳуқуқию ноадолатиҳои сиёсатҳои бузурги дохилию хориҷӣ то имрӯз шикоят ба амал меоранд. Ба андешаи соҳибназарон онҳо истиқлолияти комилу ҳақиқӣ не, балки маҷозиро соҳиб гаштаанд, ки боиси таассуф аст. Имрӯз мо бо ҷуръат гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил ва ҳақиқӣ ба даст овардааст. Мардуми кишвари мо дар фазои озоду осоишта умр ба сар мебаранд. Дар ин Ватан касе хору залил нест, хавфу тарс надорад ва бесуботиву ноадолатӣ ҳукмрон нест. Ҳарчанд бадхоҳони миллати тоҷик рушди босуботи кишварро ноодилона инкор мекунанд, аммо онҳо истиқлолияти Тоҷикистонро боре инкор накардаанд, ки мақоли  «Бузургӣ он бошад, ки душман эътироф кунад», ҳақиқат дорад. Ин андешаҳо моро мутмаин мегардонанд, ки истиқлолияти комил ва ҳақиқӣ корсоз буда метавонад, на оне, ки дар ҳуҷҷату санадҳо дарҷ гашта, ба ҷаҳониён эълон гардидааст.

 Санъати театру синамо аз рукнҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ тараққӣ ва таҳаввули назаррас намудаанд. Он дар рушду равнақ ва тағйири сулуки фард нақши басо муҳим дошта, тарғиб ва ташвиқи фарҳанги миллӣ ва тоза намудани фазои кишвар аз фарҳанги авомона ва бегона, рисолати аслияшон ба ҳисоб меравад. Муҳаққиқон ташаккули босуръати фарҳанги авомонаро, ки омили нахустини таназзули фарҳангӣ мебошад, «... ба охири асри 19 ва оғози асри 20, баробар бо пайдоиши санъати кинематография медонанд. Афзоиш ёфтани асарҳои намоишии фантастикӣ ва маводи сохтаи визуалӣ доираи  алоқамандон ба фарҳанги авомонаро васеъ гардонид». Пас, яке аз рисолатҳои аслии киноофарони тоҷик, тавассути ба роҳ мондани филмҳои ҳадафнок, пешгирӣ ва аз байн бурдани фарҳанги авомона ва тарғибу ташвиқи фарҳанги элитарӣ ва ё ашрофонаи миллӣ мебошад, ки ин рисолат дар ибтидои даврони истиқлолият коста гардида буд, аммо хушбахтона зина ба зина он дуборад мақоми худро барқарор мекунад. Тайи солҳои охир бо шарофати истиқлолият ва рушди соҳаи иқтисоду тиҷорат филмофарӣ дар кишвар рӯ ба рушд ниҳода, фазои холии кишварро то андозае пур намуд. Кам гардидани истифодаи филмҳои хориҷӣ, ки ҳадафи аслии онҳо дар пасманзар тарғиби фарҳанги ғарб ва авомона мебошад, гувоҳ аз беҳтар гардидани сифати кинои тоҷик ва ба замони муосир ва сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардидани он мебошад.

Пас, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ, таҳоҷуми фарҳангҳо, ҳаракати истеъмории ҷадид, ки ба шакли наву муосир мехоҳад миллатҳову давлатҳои нисбатан хурду заифро дар тасарруфи худ дарорад, фарҳанги онҳоро олуда созад, ҳушёру зирак бошем ва фарҳанги тавонои худро чун силоҳи маънавии қудратманд ва қаълаи шикастнопазир истифода барем. Чунонки ҷомеашиносон таъкид мекунанд, «Миллат ду марз дорад: марзи кишвар, ки атрибути давлатдорист ва пойдортар – марзи фарҳангӣ. Вале марзи фарҳангӣ нерумандтар, устувортар ва ҷонсахттар метавонад буда бошад. Душманон ба нусрату фатҳи нахуст, яъне марзи давлатӣ даст меёбанд, аммо дар оғӯши фарҳанги тавоно фано мешаванд». Муаррифии дурусти мафҳуму моҳият, дастовардҳо, арзишҳо ва зарурати ҳифзи истиқлолият махсусан ба насли ҷавон зарур буда, дар ин раванд ифтихор намудану шукрона гуфтан аз истиқлолият басанда нест. Балки ҳушёриву зиракиро пеша намуда, барои ҳифзу нигоҳдории дастовардҳои итиқлолият камари ҳиммат бандем ва онро кори саҳлу сода напиндорем. Чунонки Сарвари Давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад. Вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст».  

ходими пешбари илмии шуъбаи

 фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии

ПИТФИ, Исоев ҚАДРИДДИН

барчасп: