Шубҳае нест, ки бузургтарин ҳодисаи таърихии халқи тоҷик баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ин ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба шумор меравад. Истиқлолият давлату миллати ба тамом аз байн рафтаи тоҷикро дубора асоси усутвор бахшид, эҳё намуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард. Ба ағлабият маълум аст, ки сар задани ҷанги шаҳрвандию бародаркушӣ иқтисодиёти кишварро ба сатҳи пасттарин бурд, ки бо шарофати истиқлолият он аз сифр шурӯъ гардида, рӯ ба тараққӣ ниҳод ва то имрӯз ба андозаи муайян устувор гардид. Хушбахтона озодӣ ва соҳибихтиёрӣ боис гардид, ки тамоми соҳаҳои кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳоданд ва ба дастовардҳои азим ноил гардиданд, ки соҳаи маорифу фарҳанги кишвар низ дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди бесобиқа намуд. Аз ин лиҳоз дарки моҳият, мафҳум ва дастовардҳои азими истиқлолият амри зарурӣ ба ҳисоб рафта, ҳифзу нигоҳдории он рисолати аввалиндараҷаи фарзандони ватанхоҳи миллати тоҷик мебошад. Ҳамзамон омӯзиш ва маврди баррасӣ қарор додани таърих ва роҳу усулҳои ба даст овардани истиқлолият муҳим арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки истиқлолияти комил муфт ба даст наомадааст, балки дар пасманзари он хирадманд ва хиради азалие истодааст, ки инкори он аз ақли солим берун аст. Хушбахтона дар симои абармарди шуҷоу далери таърих чун Эмомалӣ Раҳмон нафаре пайдо гардид, ки миллатро аз парешонӣ наҷот дод ва сабаби истиқлолияти давлатӣ гардид. Ин ҷоннисориву ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат ва дигар абармардони истиқлолхоҳи тоҷикро набояд фаромӯш кард ва амали онҳоро дар ҳама зарфият мавриди қадршиносӣ қарор бояд дод.
Аз фурсати муносиб истифода бурда яко яки фарҳангиёну маорифпарварон ва кулли мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба 33 – юмин солгарди ҷашни фархунда ва тақдирсоз – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният мегӯям. Хоҳони онам, ки Ватани азизи мо абадӣ мустақил боқӣ бимонад!