Дар ҳаёти мардуми тоҷик, хусусан, кӯдакон, наврасону ҷавонон бозиву саргармиҳои зиёде мавҷуданд, ки аз замонҳои пеш то имрӯз дар мавридҳои гуногун иҷро мешаванд. Бозиҳои бачагона, асосан дар шакли ҳаракатҳои гуногуни ҷисмонӣ иҷро шуда, барои обутоб ёфтани ҷисми кӯдакону наврасон мусоидат мекунанд.
Солҳои пеш бозиҳои серҳаракати ҷисмонӣ хеле зиёд буданд, ки дар тарбияи насли ҷавон аҳамияти калон доштанд. Аз тарафи дигар ҳар як бозие, ки байни наврасону ҷавонон иҷро карда мешуд, тариқи дастаҷамъона сурат мегирифт. Ин амал ба тифоқӣ ва муттаҳид ба воя расидани онҳо созгор буд. Ба ҳамин хотир давраҳои пеш калонсолон кӯдакону наврасонро ба иҷрои ҳар гуна бозиҳои варзишӣ, ки хосияти тарбиявӣ доштанд, водор мекарданд.
Дар саросари Тоҷикистон бозиҳои варзишии суннатии зиёде ҳастанд, ки аз тарафи наврасону ҷавонон (баъзан калонсолон бо мақсади ёди рӯзҳои бачагӣ) ташкил карда мешаванд. Аксари бозиҳои суннатӣ бо ҳам монанд буда, бо баъзе ҷузъиёт ва номашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҳангоми эскпедитсияи мардумшиносӣ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд (2023) чанде аз бозиҳои бачагонаи маҳаллиро мушоҳида намудем. Натиҷаи пажуҳиш маълум сохт, ки баъзе бозиҳои суннатии бачагона, аз қабили кулокбозӣ, рӯймолчабозӣ, лилибозӣ, лапарбозӣ ва ғайра то ҳол миёни кӯдакону наврасони деҳотҳои Исфара гузаронида мешаванд.
Хулоса, бозиҳои суннатии мардуми Исфара, ки ҳангоми сафари хидматӣ дар бораашон маълумот гирдоварӣ кардем, ҷузъе аз фарҳанги тоҷикон буда, бо мақсади тарбия, саргармӣ, обутоб додани бадан, интиқоли анъанаву одат ва ҳифзи фарҳанги миллӣ иҷро карда мешудаанд. (Муфаcсал ниг: Мероси Фарҳангӣ дар Тоҷикистон. Шумораи 1. –Душанбе: Истеъдод, 2024. саҳ. 79-86)
Ғафуров Ҷамшед,
Насрудинова Файзигул
Ходимони илмии ММФТ