Созмони ҳамкории Шанхай ва Тоҷикистон: ҳамкорӣ ва таъмини амният дар минтақа

Барои фаъолияти густурда дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятии ҷаҳони муосир, ташкилотҳои гуногун таъсис ёфтанд, ки тавассути узвият ба онҳо афзалияту дастгириҳои тарафайн сурат мегирад. Яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) маҳсуб меёбад.

Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) созмони байналмилалӣ буда, дар таъсис ёфтани он пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар замони муосир барои шомил шудан ба Созмони ҳамкории Шанхай бисёр кишварҳои Осиёву Шарқ ихтиёр намуданд, ки ин аз фаъолияти пурсамари ин созмон гувоҳӣ медиҳад. Тоҷикистони аз рӯзи аввали ташкили ин созмон иштирокчӣ ва ташаббускори фаъол буд ва мемонад, ки дар ин саҳми Асосгузори сулҳу ваҳтати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст.

Созмони  Хамкории Шанхай чун ифодагари талошҳои умумии халқҳои давлатҳои  аъзо ба манфиати сулҳ, ҳамгироӣ ва тараққӣ фаъолона амал карда истодааст. Дар амал тадбиқ кардани принсипҳои Шанхай эътимоду манфиати  тарафайн, баробарӣ, машварати дуҷониба, эҳтироми рангорангии фарҳанг, талошҳо баҳри рушди умум ба ташаккули  модели самараноки муносибатҳои байналмилалии дустӣ ва ҳамкорӣ мусоидат намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оғози ҳамкорӣ ва узвияти худ дар Созмони Ҳамкории Шанхай тавонистааст, ки дар мавқеи стратегию геопалитикии худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад ва мавриди эътироф ва ҳамоҳангии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон қарор бигирад. Имрӯз, ки дар гузаргоҳи равандҳои пурпечу тоби идеологӣ ва рангини ҷаҳон сиёсатҳои бесубот ба чашм мерасанд, баҳри ҳалли мушкилоти сиёсию амниятӣ Созмони Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмони номбурда мавқеи калидӣ дошта, суботу оромии минтақа ва қаламрави ҷуғрофии худро бечуну чаро метавонад, таъмин намояд.

Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Рањмон дар паёми худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 таъкид намуда буданд: “Мањз талоши фаъол ва созандаи Россия, Хитой ва дигар кишварњои аъзо   Созмони Ҳамкории Шанхайро ба созмони бонуфӯз ва дорои механизмњои муассири мубориза бо хатарњои љиддии љањонї, таъмини суботу амният ва њамкории васеъи минтаќавї табдил гардид”. Њамкории фаъол ва муассири Тољикистон бо Созмони Ҳамкории Шанхай аз фаъолияти муштараки аъзои ин ташкилот дар мавриди мубориза бар зидди терроризм, ҳаракатҳои ҷудоангезӣ ва экстремизм, гардиши ѓайрќонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва љинояткории трансмиллии муташаккил оѓоз гардида ҳамкории мутақобилаи муфиди сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ густариш ёфта истодааст.

Дар таърихи 16.09.2022 ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд доир гардид.  Пешвои Миллат таъкид карданд, ки масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ бояд ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти СҲШ боқӣ монад.

Бо назардошти вазъи мураккаби Афғонистон бар зарурати тақвият бахшидан ба талошҳо баҳри мубориза бо терраризм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳороти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таъкид гардид. Пешвои миллат зимни суханронӣ оид ба амният, хатарнокӣ, густариши идеологияи радикализми динӣ ва ифротгаройӣ ишора карда, аз кишварҳои аъзои СҲШ даъват ба амал оварданд, ки вазъро муштарак назорат кунанд. Инчунини дигар оиди зиёд шудани маводи мухаддир аз Афғонистон изҳори нигаронӣ намуданд.

Бо давлатҳои аъзо тавонистанд дар доираи СҲШ бо ҷидду ҷаҳди амалии худ бо инкишофи солиму судманди муносибатҳои некуҳамсоягӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ роҳ кушода, ба ҷомеаи муосири байналмилалӣ тарҳи нави ҳалли масъалаҳои глобалиро пешниҳод намоянд.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои СҲШ ҳадаф ва вазифаҳои фаъоли худро дар доираи ин созмон мушаххас намуда дар амалигардонии онҳо саъю талош менамояд ва дар таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон мубориза бо ҳаракатҳои номатлуби зидди инсонӣ фаъолона мубориза бурда истодааст.

 

Сафарқулова Гулмоҳ

Ходими пешбари илмии Маркази

мероси фарҳангии тоҷикони ПИТФИ

барчасп: