Русуми ҳафтрангии кӯрпаи арӯс

Ҷашни арӯсӣ яке аз пурнишоттарин ҷашнҳоест, ки бо фарогири расму оинҳои анъанавӣ ва дар доираи ақидаву боварҳои суннатӣ то имрӯз дар шакли васеъ миёни мардуми тоҷик таҷлил мегардад. Зеро дар ин ҷашн мақсаду маром ва орзуву ниятҳои неки ду авлод, баҳри бунёди оилаи ҷавон роҳандозӣ мешавад. Маҳз бо ҳамин мақсад ҳар як маросим ва ё анъанае, ки дар доираи баргузории ҷашни арӯсӣ созмон дода мешавад, дар  такя   ба  эътиқоду  боварҳои  мардумӣ  ба  амал омадаанд.

Ҷустуҷӯҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди зиёд таҳқиқ шудани ҷашни арӯсӣ ҳанӯз маросиму анъанаҳо ва ё ҷузъиёти таҳқиқнашудаи он зиёданд. Зимни мусоҳиба бо куҳансолони баъзе аз навоҳии кишвар мо низ оид ба анъанаҳое маълумот пайдо намудем, ки дар китобу мақолаҳои нашргардида ишора нашудаанд. Яке аз анъанаҳои қадимаи мардуми шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, ки дар рафти ҷашни арӯсӣ бо ҷанбаҳои эътиқодӣ то имрӯз баргузор мегардад, маълумот медиҳем. Анъанаи мазкур “ҳафтрангак” ном дошта, ба маросими пахтарезон ё кӯрпадӯзон рабт дорад. Яъне аз оғози маросими пахтарезон то ба хонаи домод бурдану ҷо ба ҷо намудани рахти кӯрпаҳои домоду арӯсро дар бар мегирад.

Дар  баргузории  ҷашни  арӯсӣ  ашёву  амалҳои рамзӣ зиёданд ва рангҳо ҳам дар ҳаёти навхонадорон рамзи махсусеро ифода мекунанд. Ҳафт ранги анъанаи ҳафтрангак ин рангҳои сафед, сурх, сиёҳ, кабуд, зарди тиллоранг, гулобӣ ва сабз мебошанд. дар пора кардану духтани кӯрпаҳо ҳам ҷанбаҳои эътиқодиву рамзӣ хеле зиёданд. Алахусус бояд занҳои рӯзгордида ва ба қавли мардум бо як бахту бо як тахт ё ба истилоҳ якникоҳа ҳузур дошта бошанд. Дар вақти духтани кӯрпаҳо, занон ончунон бо диққат амал менамоянд, ки ҳама корашон ором ва бо хушнудӣ анҷом ёбад. Ҳатто бояд интихоби мағзии даври кӯрпаҳо (матои борикест аз худи матоъҳо ба андозаи 0,5 см бурида мешавад) дар рангҳои ҳафт ранги интихобшуда кӯрпаҳо муқобили ҳам набароянд.

Дар маҷмуъ гуфтан мумкин аст, ки ҳар як маросим ва анъанаҳои ҷашни арӯсӣ миёни мардуми тоҷик дар доираи бовару эътиқод ва бо орзуву ниятҳои махсуси волидайн баргузор  мешаванд.  Ҳамин  аст,  ки  аксари онҳо аз насл ба насл интиқол ёфта то замони мо расидаанд. Мутаассифона, имрӯзҳо бо таъсири омилҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва омехташавии фарҳангҳо баъзе анъанаҳои қадима аз байн рафта истодаанд. Бино бар ин, бояд ҷанбаҳои таҳқиқнашудаи ҷашну маросимҳои миллиамон ҳар чӣ зудтар мавриди пажуҳиш қарор бигиранд.

Барои маълумоти бештар ниг: ба китоби "Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон. Шумораи 1. - Душанбе 2024.

Садикова Моҳнисо

Котиби илмии ПИТФИ

барчасп: