Дини мубини ислом бо иноят ва таваҷҷуҳи хосе, ки ба илм ва илмомӯзӣ дорад, пайравони худро ба он тарғибу ташвиқ менамояд ва пешрафту тараққӣ ва такомулро бар мусалмонон воҷиб гардонидааст, зеро шахс дорои каромат нахоҳад буд, магар пас аз он ки ба фазилати илму дониш ороста шавад.
Аз мусулмонон дини ислом тақозо менамояд, ки ба касби илм эҳтимом варзанд, то онҳоро ба мақоме бирасонад, ки дар ҳар масъалаи моддӣ ва маънавӣ ҳарфи дурусту ниҳоӣ аз они эшон бошад.
Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам боре дар ҳалқаи саҳобагон фармуданд:
«Агар илм дар Сурайё мебуд, марде аз фарзандони Форс онро дармеёфт».
Дар китоби «Табйизу-с-саҳифа фи маноқиби Абуҳанифа» имом Ҷалолуддини Суютӣ мегӯяд, ки ҳадиси мазкур дар ҳаққи Имоми Аъзам аст, чунки дар Форс касе дар мақоми илм ҳамдӯши Имоми Аъзам ва шогирдонаш набуд.
Нишондодҳои Имом Абуҳанифа ба шогирдаш Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳими Ансорӣ барои насли имрӯз омӯзандаву ибратбахш хоҳад буд: «Дар овони ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст ва ҳанӯз касрати аёлу фарзандон зеҳнатро мушавваш накардааст, илм биёмӯз. Сипас аз роҳи ҳалол мол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ кун, зеро агар ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол биафтӣ, вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нӯш кашад, ки дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд. Агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ биафтӣ мумкин аст, маҷбур шавӣ ҷиҳати рафъи ҳавоиҷи (масрафоти) аёлу фарзандон талош кунӣ ва чӣ басо аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар он сурат на илм омӯхтӣ ва на мол ба даст овардӣ» («Китоб-ул-васият»).
Манзур аз талаби илм натанҳо илми динӣ аст, балки омӯзиши илмҳои муосир низ бар ҳамагон фарз аст. Имрӯз миллати тоҷик бо фарзандони номдори худ ифтихор дорад. Беруниву Сино, Хоразмиву Хайём, Форобиву Абӯмаҳмуди Хӯҷандӣ ва даҳҳо нафар бузургони мо илмро ба авҷи аъло расонида буданд. Ситорашиносиву ҳандаса, тиббу риёзиёт, фалсафаву мантиқ ва дигар илмҳои дақиқ самараи меҳнати фарзандони миллати тоҷик аст.
Китоби «Ал-Қонун»-и Сино ҳазор сол аст, ки сармашқи табибони олам мебошад. Аз рӯи китобҳои Беруниву Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ олимон мадори замину масофаи байни ситорагонро чен мекарданд. Бухориву Имом Муслим, Тирмизиву Байҳақӣ ҳадисҳои Паёмбар, саллаллоҳу алайҳи ва салламро мураттаб сохтанд. Месазад, ки имрӯз мо худ илм омӯзем ва фарзандонамонро ба омӯзиши илм ҳидоят намоем, киштиҳои кайҳониро ба фазо барорем, нерӯгоҳҳои атомӣ бунёд намоем, ихтирооти нав ба нав дар соҳоти гуногуни илм дошта бошем, то меросбари ниёкони худ бошем ва истиқлолияти милливу давлатии кишвари азизамонро ҳифз карда тавонем.
Хушбахтии мо мардуми шарифи тоҷик аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи илмии шаҳрвандон чи қадар кӯшиш ба харҷ дода дар ин самт навовариҳои зиёде кардаанд ва ҳамеша ҳангоми мулоқот ва вохӯриҳо бо тамоми қишри ҷомеа ба хусус бо намояндагони аҳли илму фарҳанг ва ҷавонон, мардумро ба илмомӯзию забономӯзӣ ҳидоят менамоянд.
Мо мардуми ин диёр бояд ҳамеша иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбари хирадманди давлатамонро сармашқи ҳаёти рӯзмарраи худ қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани он камари ҳиммат бубандем.
Худованди бузург дар Қуръони Карим мефармояд: «Худо онаст, ки ҳафт осмон ва аз замин монанди онро офарид, ҳукми Ӯ дар миёни онҳо фурӯд меояд, то бидонед, ки Худо бар ҳама чиз Тавоно аст ва (низ бидонед, ки) илми Худо ҳама чизро фаро гирифтааст» ( сураи Талоқ 12).
Парвардигор дар ин ояти карима ҳадафи офариниши дунёро тарбияти илмии инсон, боло бурдани сатҳи илму маърифати ӯ нисбат ба ҳастӣ ва Худованд донистааст.
Худованд баъд аз он, ки Одам (а) -ро офарид, ба ӯ илмҳоеро омӯхт, ки ҳатто фариштагон аз донистани он илмҳо оҷиз буданд. Ин илмҳо ва донишҳои Одам (а) буд, ки ӯро аз фариштагон бартар кард ва мавриди эҳтиром ва икроми хосси онҳо қарор дод. Дар достони офариниши Одам (а) ҳам асилтарин масъала, масъалаи илму дониш дониста шудааст ва арзиши асосии инсон, ҳамон илму маърифат ва дониши ӯ қаламдод шудааст. Дар ҳақиқат фариштагон ба ҳамин мақоми воло ва пурарзиши илму огоҳӣ ва маърифати Одам (а) саҷда намудаанд. Мақоме, ки аз ҷониби Парвардигор ба ӯ ато гардид ва ӯро ҷонишини Худо дар рӯи замин гардонид:«Ва илми асмо (яъне илми асрори офариниш ва номгузории мавҷудотро) ба Одам (а) омӯхт, баъд онҳоро ба фариштагон арза дошт».
Паёми аввалин ва аслии дини муқаддаси ислом даъват ба хондан ва талаби илм аст. Дар аввалин оятҳое, ки ба Паёмбари ислом (с) нозил гардид, маҳз ба ҳамин масъала таъкид шудааст. Ҳамин тавр аввалин оятҳои Куръони карим дар тарғиби хондан ва донишомӯзӣ нозил шудааст, то ба ин васила инсон хеш ва Худои хешро шиносо шавад. Чуноне ки Худованди Ҷалла ва Аъло фармудааст: «Бихон ба номи Парвардигорат, ки офарид, офарид инсонро аз хуни баста ва лахташуда. Бихон (эй Паёмбар) ва Парвардигори ту каримтарини каримон аст. Ҳамон Худое, ки бо қалам (башарро) илм омӯхт, он чиро ки инсон намедонист ба ӯ ёд дод» (Сураи “Алақ”, оятҳои 1-5).
Ин ҷо ҳам Худованд офариниши аҷиби инсонро дар канори илмомӯзӣ қарор додааст. Аз ҳама муҳимтар он аст ки ин суханон дар оғози ваҳй ба Паёмбари акрам (с) қарор доранд, яъне Куръони карим - китоби ҳидояту роҳнамои башарият, ки муъҷизаи ҷовидонаи Паёмбар (с) аст ва бояд то абад посухгӯи ниёзҳои инсонҳо бошад, бо суханоне дар бораи зарурати илмомӯзӣ оғоз гардидааст. Яъне аслу асоси даъвати Паёмбар (с)-ро илму маърифат ташкил медиҳад ва ин амр зербинои тамоми дастурамалҳо, аҳком ва маъорифи исломӣ мебошад. Оғоз гардидани чунин китоби бузург ва ибтидои рисолати хотами паёмбарон Муҳаммади Мустафо (с) бо масъалаи илмомӯзӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки масъалаи мазкур дар назди Парвардигор мақому манзалати бисёр баланд дорад.
Оятҳои фаровони Қуръони карим инсонҳоро ба тафаккуру тадаббур дар ҳодисаҳои атроф даъват намуда, ин амалро роҳи расидан ба дастовардҳои илмӣ ва дар ниҳоят расидан ба саодати дунёву охират медонанд. Барои мисол, ду оятро дар канори ҳам баррасӣ мекунем:
«Ӯст Худое, ки заминро бигустард ва дар онҳо кӯҳҳо ва рӯдҳо қарор дод ва аз ҳар мева ҷуфт-ҷуфт падид овард ва шабро дар рӯз мепӯшонад. Дар ин ҳодисаҳо ибратҳо барои мардуме ҳаст, ки меандешанд»
Дар ин оят ба чанд падидаи табиӣ бо як нигоҳи илмӣ назар шудааст. Масъалаи густариши замин ва таносуби кӯҳҳову рӯдҳо дар он аз масъалаҳое ҳаст, ки дар илми заминшиносӣ ва иқлимшиносии имрӯза мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтааст. Нақши кӯҳҳо ва рӯдҳову баҳрҳо дар ба вуҷудовардани шароити зиндагии муносиб дар курраи замин бисёр муҳим аст. Ҳар донишманде, ки ба ин падидаҳои табиӣ сару кор мегирад, ба ин хулоса меояд, ки тамоми кӯҳҳову рӯдҳову баҳрҳо бо ҳисоби дақиқ ва барномаи ҳисобшуда дар ҷойҳои лозимӣ қарор дода шудаанд, то шароити зиндагӣ дар дунё барои инсонҳо ва дигар мавҷудот фароҳам гардад. Ин масъалаҳо дар ҳақиқат инсонҳои дорои фикру андешаро ба худ ҷалб мекунанд ва онҳоро ба таҳқиқу тафаккури бештар фаро мехонанд.
«Онон, ки Худоро дарҳоли истода ва нишаста ва ба паҳлӯ хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмон ва замин меандешанд (ва чунин натиҷа мегиранд): Эй Парвардигори мо! Ин ҷаҳонро беҳуда наофаридаӣ, ту поку муназзаҳӣ, моро аз азоби оташ нигаҳ дор».
Дар ҳақиқат агар инсон аз роҳи илм ва ба роҳи ба даст овардани маълумоти бештар аз дунёи атрофи худ ба он назар кунад, ҳатман имони ӯ ба офаринандаи ин ҷаҳони зебо бештар мегардад. Ӯ ҳамчунин худро беҳтар мешиносад, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти худро дар қиболи ин ҳама неъматҳо беҳтар дарк мекунад. Аз Худо ба хотири ин ҳама шароити муносиби зиндагӣ ташаккур мекунад. Пас Худошиносӣ дар ҳақиқат дар партави илму маърифат ба ҷаҳони табиат ва ҳодисаҳои он беҳтар ҳосил мегардад.
Имрӯз ки Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам хубтару беҳтар кардани шарту шароити таълим барои мардуми Тоҷикистон пайваста кӯшиш менамоянд. Ин амали хайри Пешвои миллат қобили қадрдонӣ ва сипосгузорист.
Гуфтаҳои зерини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сармашқи кори ҳамагон бошад:
«Мо дар асри 21, яъне дар ҷаҳони дигаргуниҳои бузурги илмиву технологӣ умр ба сар бурда истодаем. Кишварҳои олам босуръат пеш рафта, бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ соҳиби комёбиҳои ниҳоят зиёд шуда истодаанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки барои гирифтани илму дониши замонавӣ талош кунем, ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ дода, аз дастовардҳои илму технологияҳои замонавӣ ва фарҳанги пешрафта истифода барем, барои васеъ кардани ҷаҳонбинии худ саъю кӯшиш карда, дар пайи тақлиди унсурҳое, ки кишварро ба асрҳои миёна мебаранд, талоши беҳуда накунем. Чанд аср пеш ҳамин тақлидкориро Мавлонои бузург мазаммат карда, гуфта буд, ки:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!».
Саъдӣ Мирзоев
Ходими калони шуъбаи
фарҳанг ва санъатшиносӣ