Нақши мактабҳои санъат дар рушди фарҳанги миллӣ

Мактабҳои бачагонаи санъат поягузори фарҳанги миллӣ буда, дар рушду такомули он нақши муҳим мебозанд. Санъати касбӣ баҳри густаришу мустаҳкам ва ғанӣ гардидани фарҳангу санъати  аҷдоди мусоидат менамояд. Бо мақсади  омӯзиш ва баррасии барномаҳо, нақшаҳо ва рафти таълиму тарбия дар муассисаҳои санъати бачагонаи  ҷумҳурӣ қисмати ҳунарҳои занона ва санъати рассомии Мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб мавриди пажȳҳиш қарор гирифт.   

Рафти таҳқиқу баррасии омӯзиш  дар асоси  пурсишномаҳои қаблан таҳияшуда сурат гирафта, вазъи таълимии методии Мактаби бачагонаи санъати ноҳия аз ҷониби муҳаққиқон омȳхта шуд.

Бинои Мактаби бачагонаи санъати ноҳия соли 2004 таъсис ёфта, роҳбарии онро  Ахмедов Шамсиддин Файзаллиевич  ба уҳда дорад. Натиҷаи пажȳҳиш ва пурсишномаи пурнамуда нишон дод, ки  муассиса  дорои 25 синфхонаи таълимӣ, 1 маҷлисгоҳ ва 1 толори консертӣ иборат мебошад. Муассиса фаъолияти худро аз рӯи 7 – шуъбаи таълимӣ ба роҳ мондааст: рассомӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ракс (хореографя) мусиқӣ – навозандагӣ, сарояндагӣ, театравӣ. Шумораи омӯзгорон 29 – нафар буда, аз инҳо 20 – нафарраш маълумоти олӣ, 6 – нафар маълумоти миёнаи махсус ва 3 – нафари дигар маълумоти миёна доштаанд.  Аз миёни омӯзгорон 15  - нафар дорои нишони сари синагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон»  мебошанд.  Аз рӯи тартиби муайян шумораи толибилмон 447 – нафар ҳастанд, ки мутобиқ ба соатҳои дарсии мактабии  бачагон фаро гирифтани таълим дар ду баст роҳандозӣ шудааст: қисмати саҳар ва пас аз нисфирӯзӣ. Таълим дар мактаби бачагонаи санъат ройгон ба роҳ монда шуда,  хонандагон бо хоҳишу завқи хеш ба ин таълимгоҳ омада, фарогири ин ё он созҳои мусиқӣ ё ҳунарҳои мардумӣ  мегарданд.  

Маркази ҳунарҳои занонаи муасисса фаъолияти хуб дошта, дар он омӯзгори ҷавон Давлатзода Нилуфари Давлаталӣ ба шогирдон навъҳои гуногуни ҳунарҳоро меомӯзонад. Марказ, тӯли 15 сол мешавад, ки ба бачагон ҳунарҳои қадимаи миллиро таълим дода, онҳоро соҳибҳунар мегардонад. Муассиса ба ғайр аз ду синфхонаи дар биноаш мавҷуд буда, боз бахшҳои дигари худро дар деҳаҳои дурдасти ноҳия кушода намудааст, ки то ин ки духтарон навъҳои гуногуни ҳунарҳоро дар деҳаҳо омӯзанд.

Самти ҳунарҳои занона бисёр фаъол буда, дар он ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва бофандагӣ таълим дода мешавад. Дар баробари дигар ҳунарҳо инчунин ҳунарҳои тозаэҷод гардидаро аз қабили кор бо бисер, сохтани гулдастаҳои гуногун, омӯзиши попур, тасвир намудани манзараҳои табиат бо  духти попурӣ  ва ҳар гуна ёдгорию савғотиҳо (сувенир) – ро ба як завқи баланд ба шогирдон меомӯзониданд. Ҳамчунон муқаддасоти давлат, расмҳои донишмандон ва сиёсатмадорон бо усули духти шероздӯзӣ ва гулдӯзӣ омода гардида, ҳамчун барои ороиши утоқҳои корӣ ба намоиш гузошта шуда аст. Маълум гардид, ки омӯзгор Давлатзода тули 5,5 сол мешавад дар иҳотаи шогирдон буда, онҳоро ба муддати 4 ё 5 - сол ҳама гуна навъи ҳунарро ёд медиҳад. То имрӯз зиёда аз 400 нафар толибаҳоро соҳибҳунар гардонидааст. Ихтисосаш миёнаи махсус буда, Колеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшанро бо ихтисоси омӯзгор, рассом ва кашидадӯз хатм намудааст.

Раванди таълим дар як ҳафта се маротиба буда, толибилмонро мувофиқ ба синну сол ва дониши доштаашон ба гурӯҳҳо тақсимбандӣ намуда, рӯзи дарсӣ дар ҳар як гурӯҳ ду соат идома меёбад. Толибилмоне, ки то охир ба таълими муассиса фаро гирифта мешаванд, ба онҳо баъд аз хатми муассиса шаҳодатномаи хатм бо варақаи заммимаи баҳоҳо супорида мешавад.   

Раванди таълимии дигаре, ки боиси хурсандист, ин дониши андӯхтаи шогирдон бештар аз тахаюлоти омӯзгор гузаронида мешуд, ки дар он кунҷкобию зиракии шогирдон бедор гашта, шавқи онҳо ба омӯзиши касбашон дучанд мегардид. Ҳамин аст, ки шогирдони муаллима Давлатзода аз лаёқати пурсамари омӯзгорашон истифода бурда, дар озмунҳои байни мактабӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ширкат варзида соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд. Ба монанди дар озмуни ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» шогирдони муаллима, Мирзоева Заррина Рустамовна ва Зоирова Сабрина Ҳотамовна иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Мирзоева Заррина соли 2020 бо ҳунари худ, ки  нақш гузоштани муқаддасоти милли  бо бисер (нигин) сурат мегирифт, ҷойи аввалро соҳиб гардида, бо диплом ва мукофотпули бо андозаи 1000с – и  сарфароз гардидааст. Зоирова Сабрина бошад аз ҳунари гулдӯзӣ ширкат варзида, ҷойи дуюмро ишғол карда, бо диплом ва мукофотпулӣ бо андозаи 500 сомонӣ  мушарраф гардонида шудааст. Дар ҳақиқат ҳам ин боиси ифтихори ҳар як омӯзгор аст, ки шогирдони боистеъдодро дар рӯҳияи худшиносию меҳанпарастӣ ба воя расонад.

Фаъолияти синфхонаи навбатии ҳунарҳои занонаро омӯзгор Хоҷаева Бахтиниссо Назаршоевна пеш мебурданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки рафти таълим бо ҳам монанд буда, танҳо тахаюлотҳо аз ҳам фарқи калон мекарданд, ки дар эҷоди ҳунаре лаёқати нотакрори омӯзгореро пайдо кардан мумкин буд. Раванди омӯзишии муаллима Хоҷаева дар сатҳи хело хуб ба роҳ монда шуда буд. Хоҷаева Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси филологияи тоҷик хатм намуда, баъдан барои мустаҳкам ва такмилу омӯзиши чуқур дар риштаи ҳунарҳои занона бо ихтиссоси таҳрезӣ  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро хатм намудааст.  

Хоҷаева Бахтиниссо фаъолияти кориашро аз муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 – и ноҳия оғоз намуда муддати солҳои зиёд ба хонандагон дарс гуфтааст. Аз  соли 2018 фаъолияти худро дар мактаби бачагонаи санъати ноҳия ба роҳ монда, то кунун фаъолият карда истодаанд. Омӯзгор Хоҷаева тӯли 5 сол мекшава, ки дар ин даргоҳи илм фаъолият карда истодааст.  Айни замон муаллима ду гурӯҳ доранд, ки шумораашон  аз 8 – 10 нафари иборат мебошанд. Гурӯҳҳои муаллима дар ду баст таълим мегиранд. Раванди таълим бештар ба тариқи амалия сурат гирифта, 2 – 3 дарси аввал танҳо ба тарзи фаҳмондадиҳӣ, ки ҳамчун дарси назарявӣ ба ҳисоб меравад гузаронида мешавад, ки дар он лексияи конспекгардидаи муаллима ба назар намерасид. Танҳо аз саводи андӯхтаи худ ба духтарбачаҳо омӯзиш медод. Муаллима Хоҷаева ба ғайр аз омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ ва бофандагӣ боз толибаҳоро ба ҳунарҳои наву замонавӣ ва мудгашта ошно менамуд. Яке аз равандҳои ҷолиби таълими муаллима дар он буд, ки пас аз тасвир сохтани расми хоми парранда, ҳайвон ё эскизи тавлидшудаи муди замонавӣ дар тани хонуми зебое, ороиши онро дар ҳамон қоғазу тахтаи тасвирёфта бо ашёҳои нотакрори табиат нақшбандӣ менамудааст. Ин аз завқи баланди муаллима шаҳодат медиҳад.

Ҳалимова Саодат дар баробари  омȳзгори рассомӣ буданашон  вазифаи ҷонишини директор оид ба таълиму тарбияро ба ȳҳда доштанд. Раванди таълим хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон аз ашёи хом танқисӣ намекашанд. Дар бисёр маврид муассиса хонандагонро бо ашёи хом таъмин мекунад. Муаллима Ҳалимова омȳзгори ботаҷриба буда, 34 – сол дар ин самт фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро тарбият намудаанд. Дар мактаби бачагонаи санъати ноҳия аз соли 2008 то ин ҷониб, ки 14 – солро дар бар мегирад ба хонандагон дониш андӯхтаанд. Ҳалимова Саодат солҳои тӯлони аз ин фани шавқовар дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №1 – и ноҳия  ба толибилмон дарс гуфта, шогирдони зиёдеро таълим додаанд.  Маълумоташон миёнаи махсус буда, хатмкардаи Коллеҷи рассомии ба номи М. Олимов мебошанд.

Муаллима Ҳалимова дар мактаб яке аз шахсони таҷрибадида  ба шумор меравад.  То кунун шогирдони  муаллима, ки шумораашон хело зиёданд ба монанди  Ахмедов Хусрав, Солеҳова Шукрона, Икромова Марҷона, Шерова Табассум, Раҳимова Муниса, Раҷабов Ёқубҷон, Ситораи Одилҷон, Беҳбудов Муҳсин ва дигарон дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнеро соҳиб гаштаанд, ки метавон бархе аз дастовардҳои онҳоро номбар намуд: Раҳимова Муниса   дар Фестивал-озмуни «Ҳунармандони наврас» -дар солҳои 2020-2021, ки  дар Коллеҷи Ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, санаи 15-17.01.2021 дар даври финалӣ иштирок варзида сазовори ҷойи Ифтихорӣ – Дипломатӣ гардида, бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 500с сарфароз шудааст; Бо пешниҳоди Кумитаи Андози ҶТ Озмуни Ҷумҳуриявии «Маданияти андозсупорӣ» дар охири соли 2021 ва аввали соли 2022 баргузор гардид, ки дар даври ноҳиявии озмун Раҳимова Муниса сазовори ҷои 1-ум, Ахмедов Хусрав ҷои 2-юм, Ситораи Одилҷон ва Икромова Марҷона сазовори ҷойҳои 3-юм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотирмони нозироти андози ноҳия Варзоб қадрдонӣ шудаанд.

Мушкилоти ҷойдошта он аст, ки мактаб ба таъмир ниёз дошта, омӯзгорону толибилмон ба барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд. Бинобар ин ба дастгирии Вазорати фарҳанг ва мутахасисони соҳа нашр гардидани китобҳои таълимӣ ва таъмин намудани муассиса бо китобҳои тозанашр, тартиб додани барномаҳои таълимӣ дар муассиса ва сафарбар намудани омӯзгорон ба курсҳои кӯтоҳмудати соҳавӣ ба манфиати кор хоҳад буд.

 

 Ходими илмӣшуъбаи

 илмӣ методӣ  

Аминова Шарифамоҳ

барчасп: