АҲАМИЯТИ ФАРҲАНГИИ ЗИЁРАТГОҲҲОИ ДЕҲАИ ЁРИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Дар Осиёи Марказӣ аз пайдоиши дини ислом то инҷониб шахсиятҳои зиёде зиндагонӣ кардаанд, ки роҷеъ ба онҳо нақлу ривоятҳо ва қиссаҳо дар адабиёти китобию шифоҳӣ мавҷуданд. Аксари ин шахсиятҳо дар замони худ мадрасаҳои Самарқанду Бухоро, Хуҷанд мамлакатҳои Арабро хатм карда, ба зодгоҳашон баргашта, то охири умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва фаъолият намудаанд.

Дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва деҳоти атрофи он низ дар гузашта шахсиятҳои зиёде умр ба сар бурдаанд, ки то имрӯз ҷой ва марқади онҳо зиёратгоҳи ихлосмандон гаштааст. Дар баъзе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ёрӣ мазору марқади шахсиятҳои динӣ аз қабили Қаландар, эшони Хоҷа Ҳавлоӣ, Абдулбоқии Тошкандӣ ва ғайра мавҷуданд. Ҳангоми экспедитсияҳои мардумшиносӣ, ки моҳи сентябри соли 2022 сурат гирифт, чанде аз онҳоро мавриди омӯзиш қарор додем. Дар натиҷаи пажӯҳишҳо дар бораи мазорҳои Қаландар, эшони Хоҷа Ҳавлоӣ, Абдулбоқии Тошкандӣ маълумотҳои хеле ҷолиб ба даст омад.

Барои маълумоти бештар ниг: ба китоби "Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон. Шумораи 1. - Душанбе 2024.

Абдуллоев Акобир

Мудири бахши ММФТ

барчасп: