Дар даврони истиқлол Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (минбаъд ПИТФИ) тавассути ташкил ва баргузории экспедитсияҳои илмӣ ва таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳимми соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла библиографияи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Бо ташаббуси олимони ПИТФИ дар заминаи таҳқиқотҳои анҷомдодашуда теъдоди муайяни барномаву китобҳои дарсӣ, маводи таълимию методӣ, маҷмуаҳои илмӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ омодаву нашр шуданд. Ин ҷо, қабл аз ҳама, иҷрои нақшаву барномаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаву мавзуъҳои илмии ПИТФИ имкон фароҳам овард, ки олимон доир ба масъалаҳои мубрами соҳаи китобдорӣ асару мақолаҳо эҷод намоянд. Аз ҷумла, аз ҷониби олимони соҳа доир ба илмҳои китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии тоҷик чунин асару маҷмуаҳои илмӣ: «Услубҳои китобдорӣ ва иттилоотии тарғиби китоб» (2008), «Таърих, тамоюл ва рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (2009), «Китоб дар масири таърих» (2012), «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (2013), «Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия» (2013), «Китобдории кӯдакону наврасони Тоҷикистон» (2014), «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» (2011), «Таърихи библиографияи тоҷик (аз замонҳои қадим то ибтидои асри ХХI)» (2017), «История возникновения и развития сельскохозяйственной библиографии» (2010), «История таджикской библиографии (с древнейших времён до конца 80-х гг. ХХ века)» (2014) ба табъ расиданд.
Ходимони илмии ПИТФИ зарурати мувофиқу мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои китобдориро ба талаботҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ниёзҳои ҷомеаи нав ба инобат гирифта, кӯшиш намуданд, ки барои кормандони соҳа тавсияномаҳо, дастурҳои методӣ ва методӣ-библиографӣ низ таҳия намоянд. Дар ин робита, дастурҳои амалӣ-методӣ ва методӣ-библиографии «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ» (2007), «Хизматрасонии ғайримуқимии китобхонавӣ – иттилоотӣ» (2008), «Технологияи бунёд ва истифодаи захираҳои китобдорӣ – иттилоотӣ» (2009), чоп шуданд.
Мутобиқ ба талаботи барномаҳои давлатии соҳаи китобдорӣ аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ як силсила барномаву дарсномаҳо ва маводи дигари таълимӣ таҳия ва чоп шуданд. Масалан дар доираи иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» маводи зерин: «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ» мактуби методӣ ба китобдор (2008); «Менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ»: китоби таълимӣ (2008); «Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ»: маълумотнома (2008); «Китобхонаҳои электронӣ»: маводи таълимӣ (2009); «Таърихи номаҳои Аҷам»: дарснома; (2010), «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон»: барномаи таълимӣ ва нишондоди услубӣ оид ба омӯзиши фан барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ, ихтисоси 05.27.00 – “Китобдор, библиограф-омӯзгор” (2011); «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон»: мавод барои омӯзиши фан (2011); «Библиографияи адабиёти кишоварзӣ»: барнома барои донишҷуёни факултаи китобдорӣ (2011); «Библиографияи адабиёти табиатшиносӣ ва техникӣ»: барномаи таълимӣ (2011); «Библиографияи кишоварзии тоҷик»: мавод барои омӯзиши фан (2011); «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо»: китоби дарсӣ (2012); «Библиографияи Тоҷикистон»: барномаи таълимӣ (2012); «Китобхонашиносӣ»: китоби дарсӣ (2012); «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ»: китоби дарсӣ (2013); «Библиографияи адабии тоҷик»: китоби дарсӣ (2014); «Фарҳанги китобдорӣ»: маводи таълимӣ; (2014); «Махзани маърифат»: маълумотнома (2014); «Асосҳои дониши китобдорӣ-библиографӣ»: барномаи таълимӣ (2015); «Китобхонаи миллии Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз»: дастури таълимӣ (2015); «Библиографияи кишваршиносии Тоҷикистон (замони шӯравӣ)»: китоби дарсӣ (2015) таҳияву чоп шуданд.
Силсилакитоби «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон», ки то имрӯз 9 ҷилди он [9] нашр шудааст, ҷиҳати муаррифӣ ва инъикоси воқеии натиҷаи таҳқиқотҳои илмии олимони ПИТФИ ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ нақши муҳим дорад. Дар ин силсилакитоб масъалаҳои назариявӣ, методӣ ва амалии марбут ба китобу китобдорӣ, таърихи китобу интишорот, китобшиносиву китобхонашиносии муосир, библиографияи миллӣ, фаъолияти марказҳои библиографӣ ва иттилоотӣ, инноватсия дар соҳаи китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои анъанавӣ ва маҷозии электронӣ, ташкили фонд ва феҳристҳои электронӣ, истифодаи технологияи нави иттилоотию иртиботӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, таъмини китобхонаҳо ва кормандони онҳо бо таваққуфгоҳҳои худкори корӣ, моҳият ва мундариҷаи маркетинги китобдорӣ, омӯзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ-библиографӣ мавриди пажӯҳиш қарор дода шудаанд.
Масоили марбут ба назария ва амалияи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ, ки дар аҳди муосир дар соҳаи китобдорӣ низ тақозои замон гардидаанд, аз маркази таваҷҷуҳи илмии олимони ПИТФИ ва мутахассисони соҳа дар канор намондаанд. Ин манзурро комёбиҳои илмии тайи панҷ соли охир дар ин самт ба даст овардаи онҳо собит менамояд. Таври мисол, теъдоди таълифотҳои маҷмуии олимони соҳа дар самти равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ ва умуман инноватикаи китобдорӣ беш аз 100 номгӯйро ташкил медиҳанд. Дар радифи ин навофариҳои илмӣ, бахусус рисолаи мукаммали илмии «Инноватикаи китобдорӣ» [10], ҷойи махсус дорад. Зеро дар ин китоб бори нахуст дар илми китобдории тоҷик муаллиф кӯшидааст, ки доир ба пайдоиши мафҳуми инноватика, аҳаммият, вазифаҳо ва самтҳои рушди он, ояндаи ташаккули ин навгонӣ дар фаъолияти китобдорӣ-иттилоотшиносӣ, менеҷменти инноватсионӣ дар китобхонаҳо изҳори ақида карда, инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки нерӯи инноватсионии китобхонаҳоро таҳлилу тафсир намудааст.
Рисолаи боарзиши дигаре, ки фарогири мавзуи равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобдорӣ мебошад, зери сарлавҳаи «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» [6] интишор гардидааст. Дар ин рисола муаллиф масоили муҳимми назариявӣ ва амалии библиографияшиносии тоҷикро бо дарназардошти татбиқи навгониҳои технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ-библиографӣ, мавриди арзёбӣ карор додааст.
Илова ба ин, маҷмуаи мақолаҳои илмии олимони соҳаи китобдорӣ таҳти унвони «Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи китобдорӣ» (2018) интишор гардид, ки дар он 25 таҳқиқоти боарзиши муҳаққиқони соҳаи китобдории тоҷик, ки фарогири ҷанбаи инноватсияи китобдорӣ мебошанд, ҷой дода шудааст. Маҷмуаи мазкур вобаста ба самти фарогирии раванди инноватсиониашон дар фаъолияти китобдорӣ ба 3 фасл тақсимбандӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, дар фасли якум мақолаҳои ба масъалаи муҳимми замони муосир «Таҳқиқи фаъолияти инноватсионӣ дар китобхонаҳо» инъикос гардидаанд. Таҳқиқотҳои суратгирифтаи ин самт, асосан ҷанбаи назариявӣ дошта, дар онҳо воридшавии равандҳои гуногуни инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои ҷумҳурӣ мавриди арзёбии илмӣ қарор дода шудаанд. Фасли дуюми маҷмуа таҳти унвони «Китобхонаҳои электронӣ ва ташаккули пойгоҳҳои рақамӣ дар Тоҷикистон» – мустаҷамъ гардида, дар он таълифотҳои илмӣ, натиҷаи таҳқиқотҳои назариву амалии ташаккули захираҳои рақамӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ шудаанд. Қариб ҳамаи таҳқиқотҳои дар ин фасл ҷойдодашуда, масоили мубрами тақозои замони муосир, амсоли бунёд ва тарғиби захоири рақамӣ тавассути шабакаи Интернет, созмондиҳии сомонаҳои китобхонаҳо ва ҷараёнҳои гуногуни хадамоти иттилоотию библиографиро фаро гирифтаанд. Мақолаҳои дар фасли сеюми маҷмуа нашршуда раванди татбиқи инноватсияи китобдорӣ ва ояндаи рушди онро инъикос мекунанд.
Барои такмили бойгонии иттилооти илмӣ оид ба соҳаи китобдорӣ ва бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии марбут ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, санаҳои муҳими таърихӣ ва ҷашнвораҳо силсилаи китобномаҳо таҳияву интишор шуданд. Аз ҷумла, маротибаи аввал номгӯи беш аз ду ҳазор осори назмиву насрии адибони тоҷик бахшида ба корномаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ шуда, дар шакли феҳрист омода гардид ва таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ» (2016) интишор ёфт.
Ҳамзамон олимони ПИТФИ бо мақсади омӯзишу бақайдгирӣ, таҳқиқу коркард, гурӯҳбандиву феҳристнигорӣ ва тарғиби ҳамаҷонибаи осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт доир ба зиндагинома ва корномаҳои ӯ тибқи лоиҳаи «Бунёди манобеи библиографии чопӣ ва электронии «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» барои солҳои 2017 – 2019», китобномаи 8 ҷилдаи «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон»-ро [7] таҳия ва чоп намуданд. Дар 8 ҷилд 16395 навиштаҷоти библиографӣ ҷамъоварию гурӯҳбандӣ шудааст. Аз ҷумла, дар ҷилди 1-ум 2339 номгӯйи маводи солҳои 2012-2013, дар ҷилди 2-юм 2139 номгӯйи маводи солҳои 2014-2015, дар ҷилди 3-юм 1645 номгӯйи маводи соли 2016, дар ҷилди 4-ум 1538 номгӯйи маводи соли 2017, дар ҷилди 5-ум 2131 номгӯйи маводи соли 2018, дар ҷилди 6-ум 2042 номгӯйи маводи соли 2019, дар ҷилди 7-ум 3013 номгӯйи маводи солҳои 2012-2019 ва ҳамчунин дар ҷилди 8-ум 1548 номгӯйи маводи солҳои 2012-2019 нашршуда, инъикос ёфтааст.
Ба ифтихори 700-солагии донишманди маъруф, шоир, мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ феҳристи осор ва адабиёт доир ба ӯ (2015) таҳияву нашр шуд. Бахшида ба 150-солагии шоири ширинкалом ва суханвари машҳури тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ нишондиҳандаи шарҳиҳолию библиографии ӯ (2015) низ аз чоп баромад. Ҳамзамон ба муносибати 100-солагии устоди рақс, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ғаффор Валаматзода ва фарҳангшиноси маъруфи тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Меҳрубон Назаров китобномаҳои шарҳиҳолӣ таҳти унвонҳои «Ғаффор Валаматзода – асосгузори хореографияи тоҷик» (2016) ва «Меҳрубон Назаров» (2022) интишор ёфтанд. Ин навъи дастурҳои библиографӣ бахшида ба зиндагинома, фаъолияти эҷодӣ ва илмию таҳқиқотии олимони соҳаи фарҳангу санъат ва матбуоти тоҷик, аз қабили «Ҷӯраев Ислом Акрамович» (2007), «Темур Атахонов» (2008), «Сафар Сулаймонӣ» (2008), «Сафар Шосаидов» (2012), «Авғонов Қурбон Ғуломович» (2013), «Иродатманд» («Мурод Муродӣ») (2015), «Орифи санъат» («Ҷӯрахон Обидпур») (2022) низ таҳияву нашр шуданд.
Теъдоди зиёди асару мақолаҳо оид ба масоили таҳқиқи назарияву услуб, созмондиҳию идораи фаъолияти китобхонаҳо, истифодаи технологияи муосири иттилоотию иртиботӣ дар кори китобхонаҳо, хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ва дигар масоили марбут ба фаъолияти китобдорӣ дар феҳристи «Китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол» номнавис шудаанд. Феҳристи мазкур аз пешгуфтор, 7 қисм, 12 зерқисм, кӯмакфеҳристҳои алифбоии асарҳо ва ашхос иборат буда, 1382 номгӯи адабиёти чопию электронии ба забонҳои тоҷикӣ ва русии дар солҳои 1991 – 2016 интишорёфтаро фаро гирифтааст [4].
Соли 2017 ба ифтихори 20-солагии таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ шумораи дуюми китобномаи «Ваҳдати миллӣ» бо фарогирии 1254 номгӯи адабиёт чоп шуд. Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри мукаммали китобнома ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ интишор ёфт, ки фарогири 3831 навиштаҷоти библиографӣ мебошад [3].
Чиҳати татбиқи банди 3 ва 4-и иҷроии Қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз», ки дар он давлатҳои аъзоро даъват кардааст, ки сатҳи огаҳии худро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, бо мақсади интишори донишҳои марбут ба мероси Наврӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ таърихи пайдоиш ва суннатҳои онро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, шумораи дуюм ва сеюми дастури библиографии «Наврӯз» (2013) таҳия ва ба табъ расид.
Фаъолияти 20-солаи илмию таҳқиқотии ПИТФИ дар китобномаи «Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар осори олимони ПИТФИ» (2017) таҳлил шуда, 209 номгӯи осори чопшуда мавриди таҳқиқи библиографӣ қарор гирифтааст.
Барои омӯзиш ва муайян намудани тамоюлҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол тибқи талаботи лоиҳаи илмии ПИТФИ «Таҳқиқи вежагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» (2021-2025) китобномаи «Рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол» иборат аз 2 ҷилд (2021, 2022) таҳия ва нашр шуд, ки фарогири 5015 навиштаҷоти библиографӣ мебошад.
Ҳамзамон аз ҷониби ходимони илмии ПИТФИ дастурҳои библиографии «Китоби сол: китобшиносии ҷории фарҳангу ҳунари Тоҷикистон» (№1. – 2000; №2. – 2002; №3. – 2002), «Тақвими арбобони барҷастаи фарҳангу санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010, 2011-2012, 2013-1214, 2015», «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими фарҳангу ҳунар ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017, 2018, 2019, 2020, 2021», «Библиографияи фолклоршиносии тоҷик (солҳои 1969-2005)» (2021) таҳия шуда, аз чоп баромаданд.
Шариф Комилзода,
номзади илмҳои педагогӣ,
дотсент