АЛОҚАМАНДИИ РИВОЯТҲО БО ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ТАБИӢ

Ривоятҳо аз гунаи осори шифоҳӣ буда, дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги мардумӣ нақши муассир доранд. Чунки ривоят ҳамчун қиссаи шифоҳӣ ифодагари донишу таҷриба ва тасаввуроти мардум дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳо, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо ва ғайра мебошад. Гарчанде ривоятҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда билкул воқеӣ набошанд ҳам, вале онҳо дар рушди фарҳанги маънавии мардум ва зинда нигоҳ доштани номи аксари ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти хосса доранд. Зеро одамон он ривоятҳоеро, ки дар боби ҳодисаву воқеа ва олами атрофи онҳо гуфта шудаанд ҳамчун ҳақиқат қабул доранд  ва  онҳоро  ҷузъи  таркибии  падидаҳои  ҷомеа мепиндоранд.  Маҳз  дар  заминаи  бовару эътиқодоти мардум ривоятҳо ба вуҷуд омадаанд.

Маълум аст, ки аз замонҳои қадим мардум ба зиёрату парастиши мавзеъҳои муқаддас таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуданд. Онҳо бовар бар он доштанд, ки дар баробари муолиҷаи тиббӣ, иҷрои амалҳои мухталиф, ки ба мазору зиёратгоҳҳо рабт дорад, ба дарди эшон даво мебахшад. Аз ҳамин лиҳоз мардум ба парастишу зиёрати ҷойҳои муқаддас рӯ меоварданд. Барои тақвият бахшидани боварӣ ва умед бастани мардум ровиёну гӯяндагон, донандагони таърих, донишмандон ва шахсони масъул доир ба маконҳои муқаддас ривоятҳои гуногунро эҷод мекарданд. Ривоятҳои мардумӣ боис гардидаанд, ки мавзеҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихӣ марҳилаи тӯлонии таърихиро тай намуда, то имрӯз арзи ҳастӣ намоянд. Дар саросари Тоҷикистон ҳам ёдгориҳои зиёде мавҷуданд, ки мавриди парастиши мардум қарор гирифтаанд. Масалан, парастиши сангҳои гуногун, чашмаҳо, оташкадаҳо ва мавзеъҳои махсус барои одамон арзиши баланд дошт. Сарзамини тоҷикон ҳам аз давраҳои қадим дорои ёдгориҳои таърихии зиёде мебошад, ки бозгӯи таъриху тамаддуни миллати тоҷиканд.

Барои маълумоти бештар ниг: ба китоби "Мероси фарҳангӣ дар Тоҷикистон. Шумораи 1. - Душанбе 2024.

Носирова Лайло

барчасп: