«Шашмақом» барҳақ яке садоҳои тамаддунҳои бузург аст. Дар мазмуни фарҳангии мусиқии олам ба монанди он падидаи нодиреро дастрас намудан ғайри имкон аст. Дар доираи санъати шифоҳӣ «Шашмақом» низ беназир ва аз лиҳози маънӣ, сабк ва мазмун бузург буда аз шоҳҳасари мусиқии суннатӣ буданаш шаҳодат медиҳад. Баҳри ҳифзу рушду нумӯ бахшидан ва аз умқи қарнҳо интиқол додан то ба замони мо садҳо муаррихону, мусиқишиносон, мутафаккирон хидматҳои беназире намудаанд. Имрӯз дар кишвари мо эҳёи фарҳанги аҷдодӣ дар ҳама самтҳояш ба мушоҳида мерасад ки аз иқдомҳои беназири Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад. Сарвари давлат,ҳастии миллатро бо ҳастии фарҳанг тавъам донистаанд ва баҳри рушди он ҳама шароитҳо муҳайё гардидааст. Ба хусус таваҷҷӯҳ ва арҷгузории давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба бузургдошти мероси арзишманди аҷдодӣ, санъати беназири «Шашмақом», ки қомуси мусиқии тоҷикон мебошад бештар гардид.
Фармони таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 таҳти №294 «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил ва рушди ин шоҳкории мусиқии халқи тоҷик такони ҷиддие бахшид. Дар партави ин фармон дар тамоми минтақаҳои кишвар муассисаҳои фарҳангӣ бунёду азнавсозӣ намуда, ансамблҳои шашмақомсароӣ ташкил карда шуд.
Дар рушди «Шашмақом» саҳми ансамблҳои касбии шашмақомсароӣ аз қабили ансамбли давлатии «Шашмақом» - и ба номи Ф. Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ансамбли шашмақомсароёни «Филармонияи давлати»- и ба номи А.Ҷӯраев, ансамбли шашмақомсароёни «Консерваторияи миллии Тоҷикистон» ба номи Т. Сатторов, ансамбли шашмақомсароёни «Нури Хуҷанд» ва ғайраҳо нақши назарас доранд. «Шашмақом тавассути фаъолияти ин ансамблҳои зикргардида пурра ва ҳаматарафа иҷро карда шуда аз лиҳози сабку услуби суннатӣ комил гардидааст.
Дар ин раванд мактаби исфарагии иҷрокунандагони « Шашмақом» ба номи Абдураҳмони Ҳофиз, ки дар байни ҳаводорони санъати мусиқӣ бо тахаллуси Зебопарӣ машҳур аст мавқеи арзишманде дорад. Ин ҳунарманди асил бо навоварию мутрибии худ ба рушди мусиқии анъанавии классикии «Шашмақом» саҳми муносиб гузоштааст.
Услуби Зебопарӣ дар иҷрои Шашмақом натанҳо дар водии Фарғона балки дар Бухорову Самарқанд низ машҳур гашта буд.Маҳорати нотакрор ва услуби ӯ дар Шашмақом-и тоҷик дар авҷи Зебопарӣ инъикос ёфтааст.
Авҷи Зебопарӣ чун оҳанги мустақил дар Шашмақом истифода мешавад ва аз овозхон маҳорати баландро талаб менамояд. Авҷи Зебопарӣ дар мақомҳои «Ироқи Бухоро», «Савти калон», «Савти сабо», «Нимчӯпонӣ», «Сарахбори Ироқ», ҷой дорад. Имрӯз авҷи Зебопарӣ дар байни санъаткорони варзидаи Исфара, устодони ҳунар Қосимҷон Ҳасанов, Абдуманнон Сангинов ва ҳунарманди ҷавони умедбахш Фотима Ашӯрова мавқеи хоса дорад. Маҳз тавассути ҳамин равия дар саҳнаҳои мухталиф ин ҳунармандон баромад намуда мақоми аввалро касб кардаанд.
Саҳми як қатор ҳофизону мутрибон дар аввали қарни 20– Ҳофизи халқии Тоҷикистон Иброҳимҷон Нурматов, Қорӣ Муҳаммадҷон Шарифов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, мутриб ва ғижжакнавози беҳамто Мирзоқурбон Солиев,дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи Луначарскии шаҳри Москва Ҷӯрабой Юнусов, набераи Зебопарӣ, Юсуфҷон Юнусов, машшоқи ғижжакнавоз Шарифҷон Мирзоев ва дигарҳо дар ғанӣ намудани фазои ҳунарии Исфара хидматҳои шоёне намудаанд.
Дар фазои санъати мақомсароии Исфара дар нимаи дуюми қарни 20 неруҳои нави эҷодӣ- доирадасти моҳир, Корманди шоистаи Фарҳанги Тоҷикистон Муродҷон Юлбарсов, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Усмонҷон Юсупов, Абдураҳим Шерматов, Усмонҷон Қаландаров, Исроилҷон Файзиддинов, Наимҷон Қосимов, Шарифҷон Маллаев ва дигарон ворид шуданд, ки хидматҳои арзандае намудаанд.
Биноба ба гуфтаи мусиқишиносон, Мирзоқурбон Солиев дар иҷроиши оҳангҳои « Наврӯзи Аҷам», «Дугоҳ», «Муноҷот», «Баёт» ва дигар навоҳои ҷаззоби классикӣ, тобишҳои навро мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар навозиши дигар мутрибон дидан ғайри имкон аст. Мутриб ва ромишгари мумтоз Умар Ҳофиз низ дар инкишофи мусиқии анъанавии Исфара хидматҳои мондагоре намудааст. Мазкур дар коркарди мақоми «Дугоҳ ва Сегоҳ» саҳми арзишманде намудааст ва дар тарбия намудани шогирдон мисли Ҳоҷимаъруф, Мирзоча Китобдоров, Абдуқуқаҳҳорҳофиз ва ҳофизи шинохтаи Ӯзбекистон Муллотӯйчӣ Тошмуҳаммедов хело назаррас аст.
Тибқи анъана мақомсароёни Исфара маҳорати иҷрокунандагиашонро дар чойхонаҳо ҳангоми идҳои гуногун аз қабили иди Наврӯз, Сада ва Сайри гули лола намоиш медоданд ва ин анъана то ба ҳоло дорад.Дар ин ҳамоишҳо мутрибону ҳофизон аз гӯшаю канорҳои водии Фарғона ширкат меварзиданд ва ин робитаи ҳунарӣ дар рушди мактаби шашмақомсароии Исфара нақши муҳим гузошт.
Баҳри боз ҳам ғанӣ намудани фазои ҳунарӣ ва густариш додани шашмақомсароӣ дар Исфара мактаб- литсей фаъолияти босамар дорад, ки дар он устодони соҳибтахассус нозукиҳои шоҳасри мусиқии «Шашмақом»-ро ба насли ҷавон таълим медиҳанд.
Имрӯз роҳбарии ансамбли шашмақомсароёни Исфараро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, иштирокчии Симпозиуми байналмилалии мақомхонон дар шаҳри Самарқанд Исроилҷон Файзиддинов ба зимма дорад. Бо роҳбарии ин устоди ҳунар ва дастгирии Ҳукумати шаҳри Исфара барои беҳтар намудани фаъолияти ансамбли «Шашмақом» шароитҳои муносиб муҳайё карда шудааст.
Ансамбли мазкур расман аз соли 2006 ба фаъолити корӣ оғоз намудааст ва дар ҳайати он 21 нафар ҳунармандони касбӣ кору фаъолият менамоянд. Дар ҳайти ансамбл устодони ҳунар Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон – Исмонҷон Юсуфов, Лутфуллохон Файзиев, Зафарҷон Шарифов, Эсуфхӯҷа Қурбонов ва ҳунармандони ҷавону умедбахш Нигина Асомиддинова, Фотима Ашӯрова, Озода Бобоева, Оятилло Шукуров, Субҳон Эшонов, Кароматулло Ғафуров пурсамар заҳмат кашида истодаанд.
Нақши мактаби ҳунарии Исфара барои боз ҳам рушд намудани фазои фарҳангии кишвар ва ба хусус «Шашмақом»- безавол хело назаррас мебошад ва аз лиҳози сабку услуб вижагиҳои ба худ хос дорад. Аминем, ки ин мактаби ҳунарӣ барои рушду нумӯи «Шашмақом»-и тоҷик хидматҳои шоиста намуда, истеъдодҳои навро ба саҳнаи ҳунар меоварад.
Ходими калони илмии шӯъбаи фарҳанг ва
санъатшиносӣ - Раҳимов Билолиддин