Аҳли санъату ҳунар, аз ҷумла ҳунармандони сирк дар пайванди робитаҳои фарҳангӣ саҳми арзанда гузошта метавонанд. Як ҳунарманди сирк метавонад бо номераи худ сайри ними ҷаҳон кунад, риштаҳои дӯстиро бипайвандад, фарҳангу ҳунари кишвари хешро ба халқҳои гуногун муаррифӣ намоянд. Агар ба ин муваффақ шуд, ин рисолати муборак ва бахти баланд аст барои ӯ, барои сирки тоҷик ва аҳли санъату ҳунари кишвараш.
Дар Сирки давлатии Тоҷикистон ин нуктаро хуб дарк мекунанд ва барои густариши робитаҳои ҳунарӣ аз ҳама шароиту имкониятҳое, ки ҳаст ва муяссар мегардад, самаранок истифода мебаранд. Сирки тоҷик бо мактабҳои ҳунарии сиркӣ ва сиркҳои кишварҳои дуру наздик пайванди ҳамкорӣ дорад. Рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки фақат дар соли 2018 12 нафар ҷавонони тоҷик Коллеҷи сиркии ба номи Румянсеви шаҳри Москваро хатм карданд, 10 нафар ҳунару маҳораташонро дар Коллеҷи сиркии шаҳри Пекин такмил доданд ва ҳоло бо дасту дили гарм фаъолият мекунанд. Сирк бо чандин кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла бо сиркҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Белоруссия, Венгрия, Италия созишномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар давоми солҳои Истиқлолият ҳунармандони сирк ба таври алоҳида ва гурӯҳӣ дар Малайзия, Миср, Туркия, Покистон, Олмон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва як қатор кишварҳои дигар зери парчами Тоҷикистон баромад карданд ва кишвари офтобии моро муаррифӣ намуданд. Имрӯз ҳам панҷ нафар асптозони сирк дар Ҷумҳурии мардумии Чин, чор нафар гимнастҳои ҳавоӣ дар Туркия, як нафар эквилибрист дар Олмон ҳунарнамоӣ мекунанд. Дур намеравем, танҳо тобистони ҳамин сол ҳунармандони сирк ду маротиба ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд. Аз 26 то 30 июл дар шаҳри Алмато дар Фестивали 1 байналмилалии санъати сиркӣ ҳунармандон Анӯша Ҳусейнзода, Шаҳноза Ҷабборова, Шаҳриёр Изатуллоев ва Қурбоналӣ Ҳалимов бо роҳбарии Илёсхон Алмосов дар жанри эквилибристика иштирок карда, дар байни ҳунармандони 15 давлати ҷаҳон ҷои сеюмро сазовор ва соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Маротибаи дуюм сафарашон ба шаҳри Остона ба Фестивали 14-уми байналхалқии санъати сиркии “Садои Осиё” буд, ки аз 9-ум то 13-уми август идома дошт. Дар ин Фестивал низ ҳунарпешаҳои ҷавон Анӯша Ҳусейнзода ва Шаҳноза Ҷабборова дар як номераи ба навъи худ нав, ки ҳосили андешаҳои директори сирк Б. Раҳматуллозода буд, баромад карданд ва сазовори ҷоизаҳо шуданд.
Гуфтем ва боз ба такрор мегӯем, ки сафарҳои ҳунарӣ ба ҳар ҷое бошад, ҳамеша судманду пурмоя аст, барои ҳунарманди ҷӯянда мактаби омӯзиш ва касби камол аст, муҳим аз ҳама, як навъ имтиҳони маҳорат низ ҳаст. Худи он ки ҳунармандони сирки тоҷик бисёр ё кам ба саҳнаҳои сирки ҷаҳон роҳ ёфтаанд, хабари хуш ва мояи ифтихор низ ҳаст, афзун бар ин аз маҳорати баланди касбӣ доштани онҳо шаҳодат медиҳад. Дар саҳнаҳои сиркҳои ҷаҳон, дар қатори сиркбозони мумтоз зери парчами кишвар баромад кардан ҷуръат, маҳорат, машқу тамрини пайвастаро металабад. Ҳоло ки дар остонаи Соли нави мелодӣ истодаем, дар ин роҳ ба ҳунармандони сирки тоҷик барору комёбӣ таманно мекунем ва умед аст, ки солҳои минбаъд шумораи онҳо дар саҳнаҳои сиркҳои ҷаҳонӣ зиёд хоҳад шуд.
Дар навбати худ дару дарвозаҳои сирки тоҷик барои ҳунармандони сирки ҳама кишварҳои ҷаҳон боз аст, Тоҷикистони офтобӣ дӯстонро, ҳунармандонро марҳабо мегӯяд ва гарм ба оғӯш мегирад. Пас аз оромию осудагии кишвар дар саҳнаи сирки тоҷик ҳунармандони сиркҳои Россия, аз ҷумла “Сирк дар рӯи об”, “Сирки ҳайвонҳои ш. Москва”, Сирки Ёқутистон ва Қазоқистон, ҳамчунин ҳунармандони алоҳида аз сиркҳои гуногуни Россия, Украина, Қазоқистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин бомуваффақият баромад карданд. Ин равобити дӯстиву фарҳангӣ идома дорад ва бе ҳеч шак самари нек ба бор хоҳад овард.
Сирки давлатии Тоҷикистон имрӯз мақому ҷои худро дар фарҳангу санъати тоҷик пойдору устувор намудааст ва умед аст, ки сол аз сол домани фаъолияти худро боз фарохтару пурсамар мекунад, рушду нумӯ меёбад. Дур нест, ки Тоҷикистони азиз 35-умин солгарди Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомат, бо дастоварду комёбиҳо таҷлил хоҳад кард. Сирки давлатии Тоҷикистон аз ҳоло ба ифтихори ин рӯзи муборак фестивали сиркӣ таҳия менамояд ва бегумон он боз як сафҳаи тоза дар таърихи сирки тоҷик хоҳад гашт.
Мо ба сирки тоҷик пешрафтҳои беназирро таманно дорем.
Фармон Ҷӯрақулов,
корманди ПИТФИ