Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, ба хусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарзу чо ва гулдӯзиро ёд диҳад. Мавриди зикр аст, ки барои офаридани гуле дар матоъ заҳмати чанд ҳунарманд сарф мешавад. Ба назари мо, бояд ҳар як духтар аз хурдӣ ин ҳунари волои бонувонро аз худ кунад. Мақоли халқӣ, ки “Барои зан ҳунар мондагорист” гувоҳи он аст, ки ҳунар боиси обрӯи ҳамешагии занон мебошад.
Дар баробари дигар ҳунарҳо гулдухтарони ноҳияи Файзобод ба ҳунари гулдӯзӣ шавқу рағбати зиёд доранд. Гулдӯзӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳунари якранг набуда, гулҳои тасвиршуда аз лиҳози шакл, ранг, намуд, мавқеи ҷойгиршавии гулҳо ва ҳаҷм аз ҳамдигар тафовут доранд. Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Файзобод ба мо даст дод, ки бо чевари чирадасти гулдӯз Шарифова Ҳалима (соли таваллудаш 1965, маълумоташ миёнаи касбӣ, сокини ҷамоати деҳоти Хами Савра, деҳаи Ҷавонон) ҳамсӯҳбат шуда, оид ба вазъи ҳунари гулдӯзӣ дар ин минтақа маълумот гирем. Мавсуф ба ин ҳунар аз хурдӣ машғул буда, қариб тамоми нозукиҳои ин ҳунари аҷдодиро медонад ва ба шогирдон меомӯзонад. Ин ҳунар дар воқеъ дар кӯҳистони тоҷик хеле машҳуру маъмул буда, солҳои охир сокинони ноҳияи Файзобод аз эҳёи нозукиҳои ин ҳунар қаноатманд мебошанд.
Қаблан бо сабаби набудани шароити мусоид, дастрас нашудани ришта ва матоъ ин ҳунар дар Файзобод ба таназзул рӯй оварда буд. Аммо имрӯзҳо пешрафти иқтисодиёти чумҳурӣ ва равобити бозаргонӣ бо дигар давлатҳо имкон фароҳам овард, ки маҳсулоти хом ба ҳунармандон сари вақт дастрас шавад. Ҳукумати ноҳияи Файзобод нақша дорад, ки дар оянда корхонаи муштараки гулдӯзиро ба истифода дода, тавассути он ҷавондухтарон, занҳои хонашин соҳиби музди меҳнат ва ҷойи кори доимӣ гардонад.
Гулдӯзиро дар солҳои қабл дар матоъи пахтагин, яъне сатин, авлон ва лавсан медӯхтанд. Аз матои ҳарир ва атлас барои арӯсон куртаи арӯсӣ тайёр намуда, дар ҳарири сафед нақш тасвир намуда, гулдӯзӣ мекарданд. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо гулкаш бо номи наққош машҳур аст. Барои кашидани нақшаи гули ин гулдӯзиҳо занҳои наққоше бо номи гулкаш ё қаламкаш фаъолият мекарданд.
Бо сабаби рӯ овардан ба либоси арӯсии ғарбӣ (фата) то андозаи пӯшидани либоси миллӣ дар тӯйҳо аз байн рафта буд. Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кишвар баҳри тарғиби либоси миллӣ наварӯсони мо бештар куртаҳои арӯсии чакан мепӯшанд. Албатта ин ифтихори мо аст, ки чунин ҳунарҳои халқӣ то кунун пеш рафта истодаанд.
Агар ба вижагиҳои ҳунари гулдӯзӣ дар ноҳияи Файзобод таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки ин ҳунар дар ноҳияи мазкур дорои махсусиятҳои хосси худ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки гуле, ки дар гулдӯзии ноҳияи Файзобод тасвир мешавад, аслан гули зинда ном дорад. Масалан, гули лола дар навдаи дарози печон тасвир мешавад. Гулдӯзон дар матоъ гули косагули кӯлобиро низ медӯзанд. Ба он хотир кӯлобӣ мегӯянд, ки ин навъи гулпартоӣ хосси чакандӯзони минтақаи Кӯлоб аст. Бештар дар гулдӯзии бонувони Файзобод нақшҳои гули зинда, садбарг, косагули кӯлобӣ, гулҳои хадрадор, навда, барг, муғҷа, хатча ва дар солҳои пеш ҳатто раъду барқро тасвир мекарданд. Онҳо бо ранги сиёҳ дӯхта мешаванд, ки мақоли халқӣ “ҳар сиёҳӣ сафедие дорад, ҳар торики равшанӣ”- ро инъикос мекунад.
Пештар дар ин ноҳия барои омода намудани ришта аз пиллаи хом истифода мекарданд. Пилларо мепухтанд, нахҳояшро мекашиданд, мериштанд. Сипас ранг мекарданд ва такроран ба дохили оби ҷӯш андохта, чанд муддат нигоҳ медоштанд.
Тарзи дигари ранг кардани риштаҳо бо истифода аз порасанги замч сурат мегирифт. Замч (зок) санге аст, ки барои риштаро ранги сиёҳ кардан онро дар дохили об бо иловаи сиёҳии дег меҷӯшониданд. Баъдан риштаи аз пилла тайёр кардаро дар дохили об мегузоштанд, ранги ришта сиёҳ мешуд. Ранги сурхро аз пӯсти лаблабу ё гули ишқи печон тайёр менамуданд. Ранги зард аз пӯсти пиёз омода мегардид. Имрӯзҳо ҳунармандон риштаҳои гуногунранги воридотиро аз бозорҳо мехаранд.
Рангҳои сурху, зард, ки ранги оташро дорост ва таваҷҷуҳи ҳар шахсро ба худ ҷалб мекунад. Дар ноҳияи Файзобод ҳунармандон бештар аз ин рангҳо истифода мекунанд. Ҳунармандони қадими Файзобод мегуфтанд, ки ранги зард бо сабз омехта намешавад, ки ҳардуяш бо ҳам монанд буда, бо ҳам дуруст намегиранд. Вақте ранги матоъ сафед бошад, ранги сурху зард зиёд истифода мешавад. Ҳамзамон гулҳои дигар аз қабили сурх, зард ва сабз дар гулдӯзиҳои Файзобод зиёд тасвир мешаванд.
Дар робита ба рангҳо бояд гуфт, ки ҳунармандон номи рангҳои чернил ё нофармон (бунафш), зарди офтобӣ, зарди мандаринӣ, сафед (сафеди парча), сиёҳ, сабз, сабзи барақ, сабзи байрақӣ, сабзи паст, сабзи баланд ва ғайраро ба ранги меваҳо ташбеҳ медиҳанд мекунанд. Дар дӯхтани даврӣ, яъне сӯзанӣ ранги нофармон, сиёҳи баланд, паст ва ё тамоман пастрангро ба кор мебаранд. Дар дӯхтани болиштча дар дохили ранги нофармон риштаи гӯлобӣ медӯзанд. Ягон вақт дар дохили ранги ҷигарӣ ранги нофармон дӯхта намешавад, чунки дӯхт малла менамояд, ки ба назар дағал метобад. Бисёртар дар гулдӯзӣ рангҳои равшани диққатҷалбкунанда дӯхта мешавад.
Ҳамин тариқ, бо таҳқиқи ин ҳунар дар ноҳияи Файзобод метавон хулоса кард, ки агар ҳунарманд ҳунари худро дӯст дорад, ҳеҷ вақт дар ҳеҷ куҷо хор намешавад.
Насрудинова Файзигул
Ходими калони илмии ММФТ