Хусусиятҳои эътиқодии испанд дар расму ойинҳои мардумӣ

Яке аз гиёҳҳое, ки дар тибби халқӣ маъмулу машҳур буда, мавқеи хосаро ишғол намудааст испанд мебошад. Он ҳамчун растании тирреша то 20-80 см қад кашида, намудаш гули 5-гулбаргаи зард, сафед, ғӯзаи сертухм тухми қаҳвагӣ ё буртоби ашхабӣ дорад. Ин растанӣ аввал сабзранг мешавад, ҳангоми пухта расидан оҳиста-оҳиста ба ранги зард табдил меёбад. Испанд бисёртар дар хушкӣ, яъне шӯразамин, дашт ва хамтеппаҳо, лаб-лаби дараҳо, регзорҳо ва баъзан дар киштзорҳо мерȳяд. Ин гиёҳ мувофиқи номаш “испанд” ва “ҳазориспанд” сердона буда, зангулачаҳои зиёди бешуморе дорад. Шояд аз ҳамин сабаб ин гиёҳро ҳазориспанд мегȳянд ва дар васфаш ҳангоми дуд додан шерҳо низ мехонанд.

Хусусиятҳои шифобахшии онро олимону донишмандон аз ҷиҳати тиббӣ хело хуб омӯхтаанд. Чунки испанд аз давраҳои хеле қадим ҳамчун растании доруворӣ дониста мешуд. Бахусус барои ором кардани системаи асаб, дарди дандон, офтобхӯрдагӣ, ҳангоми ба шамолхӯрдагӣ гирифтор шудан, биноиши чашм, буғумдард ва дигар дардҳо васеъ истифода мебурдаанд. Аз замонҳои пеш то имрӯз испанд натанҳо аз ҷиҳати тиббӣ, балки барои ифодаи бархе расму русум ва анъанаҳои мардумӣ ҳам корбаст мешавад. Азбаски испанд растании аз ҷиҳати табобатӣ бисёрҷабҳа мебошад ва хусусан барои нест кардани ҳар гуна микробҳо давои хубест, одамон нисбат ба он эътиқоди қавӣ доранд.

Дар ҳаёти фарҳангии мардуми тоҷик испанд аҳамияти махсус дошта, будани он дар ҳар хонадон ҳатмӣ ҳисоб меёбад. Ё ба ибораи дигар хонаводае нест, ки аз испанд истифода накунанд. Тавре ишора шуд, испандро пеш аз ҳама барои нест кардани ҳар гуна микроб дуд медиҳанд ва бо ин амал ҳавои хонаро тоза мекунанд. Хусусияти дигари он, ки барои мардум хеле муҳим аст, ҳамчун доруворӣ истифода шудан мебошад. Аз одитарин бемориҳо то касалиҳои рӯҳонӣ одамон испандро ба гунаи давобахшанда дуд мекунанд ва бовар бар он доранд, ки дарду ранҷро аз тани бемор дур месозад. Масалан, ҳангоми дарди сар, дандон, қабзият ва ғайра ҷӯшобаи онро истеъмол менамоянд. Инчунин гиёҳи ҷӯшондаи онро дар ҷои беморӣ гузошта мебанданд.

Боиси зикр аст, ки мардуми тоҷик испандро дар баробари гиёҳи табобатӣ будан аз ҳама бештар барои рафъ сохтани ҳар гуна болову зиёнҳо дуд карда, мехоҳанд худ ва наздиконашонро аз зарарҳои ғайр эмин нигоҳ доранд. Бо чунин мақсад дар як қатор ҷашну маросим ва анъанаҳои тоҷикон испанд василаи дуркунандаи балоҳо ва ҷину аҷина ба шумор меравад. Одатан ба гуфти занҳои калонсол дар хонае, ки шаҳу арȳси нав ҳаст ва чил рȳз ҳар шом дуд додани испанд ҳатмӣ мебошад. Зеро ба андешаи мардум дар “чилла” байни асру шом ёр шудани ҷину парӣ ба шаҳу арȳс аз эҳтимол дур нест, барои ҳамроҳ нашудани онҳо ҳар бегоҳ дуд додани испандро амри зарурӣ мешуморанд. Ё ин ки дар хонаи тифли навзод ба дунё омада ҳам то чил рȳз испандро ҳар шому саҳар дуд медиҳанд, то ки чашми бад ба кȳдак нарасад. Ба андешаи мардум кȳдак ба мисли гул аст ва ба чашм тез метобад, аз ин хотир гӯё дуди испанд чашми бад, кинаву ҳасадро аз кȳдак дур мекунад. Мардум бар он боваранд, ки баъди дуд додани испанд кȳдак эҳсоси оромӣ карда, хоби бароҳат меравад. Агар ба хонаи навзод каси бегона нохост даромада монад, аз риштаи куртааш гирифта ба соҳибхона медиҳад, мабодо ки чашм нағалтида бошад. Ин риштаи куртаро соҳибхона гирифта дар болои испанд монда дуд мекунад, то чашми бад ва ҳасаду кинаи буда тавассути дуд баромада равад. Бонувони соҳибзавқ ҳатто ҳангоми иҷрои ин амал, яъне дуд додани испанд дар мавридҳои зарурӣ муҳтавои ҷараёни корашонро тариқи шеърҳои халқӣ баён месозанд: 

Испанди ҳазор дона,

Дудат ба ҳазор хона,

Худованди бузургвор,

Чашми бадро бикафона.

Ё ин ки:

Ҳазор испандро дуд кардам,

Балои бадтарро дур кардам.

 

Натиҷаи пажуҳиш, ки бо баъзе мардуми маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ доир гардида буд нишон дод, ки испандро барои духтарони бахтталаб низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Раванди иҷрои ин амал андаке дигаргун буда, чунин сурат мегирад: а) Испандро дуохонӣ карда, дуд медиҳанд, то ки бахташон омад кунад. б) Ҳафт донаи испандро бо ҳамроҳи ҳафт сангу ҳафт хас якҷоя карда ин омехтаро бурда ба чорраҳа мепартоянд, то ки бахташон ба мисли чорраҳа кушода шавад. Барои барориши кор пешрафти зиндагӣ, тарсу ваҳм ва ҳазорҳо далелҳои дигар испанд мавриди истифодаи мардуми тоҷик қарор гирифтааст.

Аз ин гуфтаҳо бар меояд, ки испанд байни мардум гиёҳи одӣ набуда, ҳам аз ҷиҳати тиббӣ ва ҳам аз ҷиҳати бовару эътиқодҳои мардумӣ гиёҳи боарзиш ба шумор меравад. Агар бо мурури замон баъзе урфу одатҳо аз байн рафта бошанд ҳам, аммо испанд бо хусусиятҳои хоси худ то ҳол байни мардум маъруфу машҳур аст ва идома дорад.

Паҳлавонова Гулбибӣ

Ходими калони илмии ММФТ

барчасп: