ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Ёдгориҳои таърихию табиӣ ва мавзеъҳои муқаддас ҳамчун намунаи арзишҳои фарҳангӣ дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муассир доранд. Зеро онҳо таљассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд. Дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангиву табиӣ, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо далоил ва нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Гарчанде бархе аз қиссаҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда воқеӣ набошанд ҳам, вале онҳо дар рушди фарњанги маънавии мардум ва зинда нигоҳ доштани номи аксари ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ аҳамияти хосса доранд. Чунки одамон он ривоятҳоеро, ки дар боби ҳодисаву воқеа ва олами атрофи онҳо гуфта шудаанд ҳамчун ҳақиқат қабул доранд ва онҳоро ҷузъи таркибии падидаҳои ҷомеа мепиндоранд ва маҳз дар заминаи бовару эътиқодоти мардум як қатор ёдгориҳо то имрӯз маҳфузанд.

Дар саросари Тоҷикистон ҳам ёдгориҳои зиёде мавҷуданд, ки мавриди парастиши мардум ва ҳифзу нигоҳдорӣ қарор гирифтаанд. Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакенти Қадим, Саразм, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айвоҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Вамар ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеӣ, ки аксар намои бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохилии онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ офарида шудаанд, мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза маҳсуб меёбанд. Зеро ёдгориҳои қадим бо сабаби аҳамияти таърихиву фарҳангӣ ва миллӣ доштанашон арзиши баландтар дошта, боиси муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ду ёдгории таърихӣ-фарҳангии халқи тоҷик – шаҳраки қадимаи Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон “Кӯҳҳои Помир” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО сабти ном шудааст. Ҳамчунин 13 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дигар, ки дар гӯшаву канори мухталифи кишвар арзи ҳастӣ мекунанд, тавассути силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ба рӯйхати пешакии ЮНЕСКО ворид гардидаанд, ки солҳои баъдӣ сабти ном шудани ин ёдгориҳо дар назар аст.

Ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ бозгӯи гузаштаи давлату миллат буда, дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногуни таърихӣ нуҳуфтааст. Аз ҷиҳати дигар ин қабил ёдгориҳо нишонаи муборизаву озодихоҳии мардум ва паноҳгоҳи онҳо дар давраҳои задухӯрдҳо мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳифзу муаррифии онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар як тоҷик мебошад...

(Барои маълумоти бештар Ниг.: Таҳқиқи фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол. – Душанбе: Аржанг, 2024. – Ҷилди 3.)

 

Носирова Лайло

Мудири бахши фарҳанги ғайримоддии

Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: