ҲИФЗ ВА МУАРРИФИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ФАРҲАНГӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН
Чоп шуд: 06/02/2025Ёдгориҳои таърихию табиӣ ва мавзеъҳои муқаддас ҳамчун намунаи арзишҳои фарҳангӣ дар рушду густариш ва ҳифзи фарҳанги миллӣ нақши муассир доранд. Зеро онҳо таљассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб меёбанд. Дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ёдгориҳои фарҳангиву табиӣ, мазору дахмаҳо, деҳкадаву зиёратгоҳҳо далоил ва нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Гарчанде бархе аз қиссаҳои дар атрофи ин ё он ёдгорӣ ва ё шахсиятҳо эҷодшуда воқеӣ набошанд...