Боғи набототи Помир-дурдонаи сабзи Бадахшон

Ҳанӯз соли 1940 Институти умумииттифоқии рустанипарварӣ Анатолий ном олими гиёҳшиносро ба Тоҷикистон, маҳз ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони фиристод то олами набототи ин минтақаи баландкӯҳро омӯзад. Роҳбарони вақти ҷумҳурӣ ва вилоят ӯро бо хушнудӣ қабул карданд ва бо ҷои истиқомат таъмин намуданд. Табиат ва манзараҳои зебои кӯҳистон, бахусус, қуллаҳои осмонбӯси сарсафед, доманакӯҳҳои пургиёҳу ҷангали дарахтон ва буттаҳои гуногуни муаттару гиёҳҳои хушбӯ, пиряхҳои лоҷувардию чашмасорон, рӯдҳои шухи куҳӣ, ҳамчунин, олами ҳайвоноту паррандагон чун хониши кабку рамиши оҳувон ӯро маҷзуб ва таваҷҷуҳашро ҷалб намуд. Чандин рӯзу ҳафтаву моҳ аз субҳидам то фаро расидани торикӣ ба омӯхтани рустаниҳо машғул буд. Баргу танаву реша ва гули онҳоро гербария мекард. Бо мардуми таҳҷоӣ, бахусус, бо табибони халқӣ, ки ба ҷамъ овардани гиёҳҳои шифобахш машғул буданд, суҳбат мекард. Чандин нусха аз гербарияҳои худро барои санҷиш ба лабораторияи Институти умумииттифоқии рустанипарварӣ мефиристод. Анатолий вақти худро бештар дар доманаи қаторкӯҳҳои Шуғнон, ки на чандон дур аз шаҳри Хоруғ воқеъ гардида буд, мегузаронд. Ҳамвории ин ҷо барои бунёди боғ хеле мувофиқ буд. Андешаҳои худро дар ин бора ба роҳбарияти Академияи илмҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки ӯро ҳаматарафа дастгирӣ намуданд. Ҳамин тавр соли 1940 бо ташаббуси профессор Анатолий Валерянович Гурский Боғи набототи Помир-муассисаи илмиву таҷрибавӣ дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар буъди 5 километрии шаҳри Хоруғ, дар доманаи қаторкӯҳҳои Шуғнон дар баландии 2210-3800 метр аз сатҳи баҳр бунёд гардид.

Анатолий Валерянович Гурский 22 апрели соли 1906 дар шаҳри Харков таваллуд шуда, баъди хатми Институти кишоварзии Харков соли 1926 дар Институти умумииттифоқии рустанипарварӣ то соли 1939 кор кардааст. Анатолий Валерянович Гурский, гиёҳшинос, доктори илмҳои биология, профессор, асосгузор ва директори Боғи набототи Помир буда, тӯли 25 сол, яъне аз соли 1940 то 1965 дар ҳамин ҷо фаъолият намудааст. Ду соли охири умраш ба ҳайси мудири кафедраи ботаникаи умумии Институти техникаи ҷангали Маскав буд. Мавсуф соли 1967 дар шаҳри Маскав вафот кард. Ӯ дар бораи экология, дарахтшиносӣ (дендрология), боғдорӣ ва ба шароити маҳал мутобиқ гардондани рустаниҳо беш аз 70 таълифи илмӣ дорад. Анатолий Гурский дар ноҳияҳои кӯҳӣ хусусиятҳои рушди рустанӣ ва ба рустанӣ таъсир расондани афканишоти ултрабунафшро муқаррар намуд. Ӯ олами набототи Осиёи Марказӣ, Қафқози Шимолӣ, Шарқи Дур ва ғайраро омӯхта, баъзе сабзавоту меваҳо чун пиёз, сабзӣ, картошка, ҷуворӣ, зардолу, себ, анҷир, анор, ангур ва ғайраро ба шароити Помир мутобиқ гардонд. Мавсуф бо ордени «Нишони Фахрӣ» сарфароз гардидааст. Соли 1968 як сол пас аз вафоташ Боғи набототи Помирро ба номи Анатолий Гурский гузоштанд.

Боғи набототи Помир маркази асосии тадқиқоти илмии соҳаи растанишиносӣ буда, дар он 8 нафар олимон ва мутахассисони ботаҷриба ба пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Натиҷаи корҳои илмии кормандони Боғи ботаникӣ дар самти омӯзиши ҷараёнҳои физиологии намудҳои гуногуни растаниҳо ва мутобиқгардонӣ ба шароити баландкӯҳ ва нашъунамои онҳо бахшида шудааст.

Вазифаи асосии Боғи набототи Помир таҳқиқи набототи кӯҳсор, ба шароити маҳал мутобиқ гардонидани рустаниҳо, парвариши набототи гуногуни маҳаллӣ ва рустаниҳое, ки аз дигар кишварҳо оварда шудаанд, истифодаи рустаниҳо барои сабзкорӣ, ҷангалдорӣ, кишоварзӣ ва тиб мебошад. Дар боғ зиёда аз 4000 намуд дарахту бутта (тӯс, сафедор, заранг, булут, бед, ақоқиё, арча, шумтол, ёс ва ғайра), 200 намуди рустаниҳои ороишӣ (кавкаб, ёқут, қашқарӣ, оташгул, аббосӣ, садбарг ва ғайра) гирд оварда шудаанд. Ба Боғи набототи Помир аз минтақаҳои гуногуни дунё соле зиёда аз 500 намунаи тухмӣ меоранд. Натиҷаи пажӯҳиши кормандони Боғи набототи Помир дар ҷараёни сарсабзу кабудизор гардондани шаҳру навоҳии ВМКБ татбиқ мегардад. Бо ин мақсад ходимони Боғи набототи Помир ҳар сол барои вилоят зиёда аз 2000 ниҳоли дарахту буттаи ороишӣ ва 30000 кӯчати гулҳои гуногун тайёр мекунанд. Ҳудуди Боғи набототи Помир аз қисматҳои набототи асосӣ, боғи дарахту буттаҳои ороишӣ ва шуъбаи баландкӯҳ иборат аст.

Олимони Институти биологии Помир дар Боғи набототи Помир ба номи А. В. Гурский озмоиши ҳазорҳо намуд, навъ ва шаклҳои растаниҳои сохтмонӣ, гулдори ороишӣ ва алафии табиати маҳаллӣ ва бегонадошта гузаронида шуд. Методологияи интродуксияи растаниҳо аз минтақаҳои гуногуни ҷуғрофӣ дар шароити Помири Ғарбӣ коркард шуд. Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Шӯъбаҳои флоравии Аврупо, Қрим ва Кавказ, Америкаи Шимолӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Марказӣ таъсис дода шуданд. Дар солҳои охир коллексияи растаниҳои сӯзанбарг то 80 намуд, растаниҳои баргӣ - то 180 намуд пурра карда шуд. Коллексияи боғ дар 40 соли охир се маротиба афзун гардид.

Аз соли 1965 то соли 1989 роҳбарии илмии Боғро академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Х. Ю. Юсуфбеков ба ҷо овард. Солҳои ҳафтодуму ҳаштодум давраи азнавсозӣ ва тавсеаи майдони боғ маҳсуб меёфт. Бахусус майдони обёришаванда тавсеа ёфт. Ин имконият дод, ки шуъбаҳои растанипарварӣ ва боғи мевадор хеле васеъ гардида, боғи ороишӣ ва боғи мобайнӣ ташкил карда шавад, ба нишебиҳои зина-зина ниҳолҳои бисёрсола шинонда шаванд. Дар боғ оид ба озмоиши намудҳо ва навъҳои нави дарахту буттаҳои мевадор кори басо фоидабахш ба ҷо оварда шуд. Бисёр навъҳои себ, зардолу, нок, олуча, олу, чормағз, бодом, ангур, шафтолу, гелос, олуболу, қарақот ва шаҳтути заминӣ ба таври васеъ озмуда шуданд. Тавассути Боғи наботот нахустин маротиба дар Кӯҳистони Бадахшон ниҳолхонаи дарахтони мева бунёд гардид, ки дар он усулҳои зиёд кардани рустаниҳои мевадор дар шароити кӯҳистон коркард шуданд. Ниҳолхона ҳар сол ҳазорҳо адад ниҳолҳои стандартии дарахтони мевадорро тайёр менамуд.

Дар Боғи ботаникӣ қитъаи намоишии намудҳои нодир ва маҳвшавандаи растаниҳо таъсис дода шудааст, ки дар он 80 намуди растаниҳо парвариш карда мешаванд. Дар коллексияи растаниҳои табобатӣ 70 намуди растаниҳои яксола ва бисёрсола ҷамъоварӣ шуда, дар парваришгоҳҳои боғ барои иҷрои корҳои кабудизоркунӣ ҳамасола 7 ҳазор растаниҳои гулдори ороишӣ омода карда мешаванд. Дар гармхонаҳо ва буғхонаҳои Боғи ботаникӣ ҳар сол миқдори зиёди ниҳолакҳои растаниҳои гулдор тайёр карда мешаванд.

Дар назди Боғи набототи Помир фонди тухмии растаниҳо фаъолият дошта, дар он тухмии зиёда аз 2000 намуди растаниҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар солҳои охир бо ташкили экспедитсияҳои илмӣ аз ҷониби кормандони институт беш аз 180 намуди растаниҳо ҷамъоварӣ ва коркард гардида, ба фонди тухмии Боғи ботаникӣ зам карда шуд.

Тухмиҳое, ки аз боғ ва аз ҳудуди Помир ҷамъоварӣ карда мешаванд, ба таври мунтазам номнавис карда мешаванд. Ивазкунии тухмиҳо ва растаниҳо бо 120 нишони (адресат)-ҳо аз 40 боғи набототи давлатҳои хориҷии наздик ва дур амалӣ карда мешавад. Намудҳои гуногуни растаниҳои чӯбию буттагӣ, гулдору ороишӣ ва чаманӣ барои кабудизор гардонидани ҳудуди ВМКБ тавсия шудаанд, ки бештар аз 180 намуди ояндадорро дар бар мегирад. Дар осорхонаи «Табиат»-и институти таърихи таҳқиқи захираҳои табиии Помир аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо ба таври васеъ тасвир карда шудааст. Саҳми олимон дар таҳқиқи гуногуншаклии биологии флора ва фаунаи баландкӯҳӣ нишон дода шудааст.

То имрӯз коллексияи дарахтони сӯзанбарг ба 82 намуд ва дарахтони мевадиҳанда ба 451 намуд расонда шуд. Соли 2024 коллексияи боғ бо ду намуди нав: ёси суриягӣ ва себи навъҳои крипсони сурх ва зард илова гардид. Инчунин олами набототи Боғи наботот бо 317 адад дарахтони ороишӣ, аз қабили арчаи зарафшонӣ 211 адад, кипарис 33 адад, биота 15 адад ва туя 50 адад пур карда шуд. Дар ин ҷо гербарияи флораи маҳаллӣ, коллексияи этномофауни, хӯсаи ҳайвонот тасвир шуда, харитаҳои гуногун – схемаҳо, ҷадвалҳо, диаграммаҳое, ки захираҳои биологии Помирро тасвир мекунанд, овезон карда шудаанд. Дар ду соли охир гербарияҳои Боғи ботаникӣ ба миқдори 300 адад, ки ба 180 намуди растаниҳо таалуқ доранд, ғанӣ гардонда шудаанд. Эҷодиёти зиёди рассомон манзараи такрорнашавандаи ин кишвари баландкӯҳро хеле хуб инъикос намудаанд. Дар ин ҷо, ҳамчунин ашёҳои маишии кӯҳистониҳо – зарфҳо, маснуоти сафолӣ зару зевар низ ҷамъоварӣ карда шудаанд. Таваҷҷӯҳи махсусро нигораҳои сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои маҳаллии Помир ба худ мекашад.

Муқаррар карда шуд, ки дар ҳудуди ВМКБ захираҳои истеҳсолии хуч -90 тонна, зайтун-15 тонна, чойкаҳак-15 тонна, ширинбия–60 тонна, юған–35 тоннаро ташкил медиҳанд. Онҳо метавонанд барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти хом барои эҳтиёҷоти саноати дорусозии мамлакат асос бошанд. Муайян карда шудааст, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб – 91 намуд, Шуғнон – 180 намуд, Рушон-94 намуд, Ишкошим – 77 намуд ва дар ноҳияи Дарвоз – 120 намуди растаниҳои табобатӣ месабзад, ки дар тибби халқӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз тарафи гиёҳшиносони Боғи набототи Помир 21 намуди гиёҳҳои шифобахш ҷамъоварӣ шуда, дар асоси ин захира истеҳсоли фитачойҳо ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки ба сифати директорони Боғ дар солҳои гуногун, ҳамчунин М. П. Запрягаев, М. Шакармамадов, номзади илмҳои кишоварзӣ С. Х. Хайлоев, номзади илмҳои биологӣ Н. Миралибеков, доктори илмҳои биологӣ Д. Наврӯзшоев, номзади илмҳои биологӣ С.М. Мӯсоев, номзади илмҳои биологӣ Г. Хуҷамова, номзади илмҳои биологӣ К. Одилбек кор кардаанд.

Зимни сафари хидматӣ 22 – октябри соли 2024 ба ВАБК бо директори Боғи ботаникӣ доктори илмҳои биологӣ Абдулназар Абдулназаров мусоҳиб гардидем. Мавсуф иброз дошт, ки масоҳати Боғи ботаникӣ беш аз 620 га буда, аз ҷумла 86 гектари он замини обёришаванда мебошад. Боғ тавассути насосҳои обкаш обёрӣ карда мешавад. Хароҷоти якмоҳаи барқи насосҳои обкаш дар мавсими гармо ба 24 ҳазор сомонӣ мерасад.

Оё имкони кофтани канал ва ё насби лулаҳои калонқутр вуҷуд надорад, ки об тавассути он аз рӯди Шохдара ба боғ ҷорӣ гардад? – мепурсам аз директори боғ Абдулназар Абдулназаров.

  • Воқеан, мо чанд сол қабл нақшаи аз рӯди Шохдара ба воситаи лулаҳо овардани обро кашида будем, ки масофаи он 16 километрро ташкил медиҳад. Маблағи иҷрои лоиҳа ба 16 миллион сомонӣ баробар аст. Яъне, ба ҳар як километр як миллион сомонӣ рост меояд. Дар ҳолати татбиқи лоиҳа боз 120 га замини боғ обёрӣ мегардад. Дар он сурат замини обёришавандаи боғи мазкур беш аз 200 гектарро ташкил хоҳад дод.

Боғи набототи Помир аз ҷиҳати баландӣ дар ҷаҳон ҷои дуюм ва аз ҷиҳати намудҳо дар Осиёи Миёна ҷои якумро ишғол мекунад. Дар боғи мазкур чор ҳазор намуди наботот ва аз худи себ 26 намуд парвариш карда мешавад. Дар оянда сохтани сехҳои коркарди мева, бунёди меҳмонхонаи замонавӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар назар аст.

Боғи набототи Помир дурдонаи сабзи Бадахшон буда, беш аз 80 сол ин ҷониб таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб кардааст ва дар сарсабз гардондани на танҳо доманакӯҳҳои кишвар, балки хориҷи мамлакат низ нақши муҳим мебозад. Бинобар ҳамин мақомоти масъули вилоят ва ҷумҳуриро мебояд, ки ҷиҳати дарёфти маблағ барои обёрӣ ва тавсеаи боғ мусоидат намоянд.

Мунаввари САФАР,

ходими пешбари Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

 

барчасп: