Ба ҳамагон маълум аст, ки 23-юми феврал дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи таъсисиёбии Қуввваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин иди таърихӣ ба замони шуравӣ низ пайванди мантиқӣ дорад. Чунки дар ҳассостарин лаҳзаҳо маҳз сарбозонои ҷонфидои Ватан сина сипар карда, баҳри ҳифзи марзу бум ҷонфидоиҳо мекунанд.
Бахшида ба ин сана 21-уми феврали соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи имлӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” мизи мудаввар баргузор гардид. Кори ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким шуруъ гардид. Мавсуф зимни суханрониаш аз таърихи Рӯзи Артиши миллӣ – 23-юми февраи соли 1993 ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ, умри дубора бахшидан ба ҳаёти ҳарбиву низомии кишвар дар душвортарин ҳолат барои халқу кишвар – ҷанги шаҳрвандӣ ва амсоли ин ёдовар шуда, хизматҳои Пешвои миллатро дар ин росто басо шоён ва беназир арзёбӣ намуд.
Пасон ходими пешбари илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Сафаров Мунаввар таҳти унвони “Меҳри Ватан бо меҳри Модар дар як радиф аст” маърӯза ироа намуд. Мавсуф дар такя ба гуфтаҳои адибони тоҷик ва дигар миллатҳо, ҳамзамон ояву ҳадис ва дигар ривоятҳои ахлоқӣ-динӣ фикру андешаҳояшро нисбат ба сарбоз, марзбон ва умуман ҳарбиён мухтасар иброз намуд.
Сипас, мудири шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангии ПИТФИ Умедаи Тағай доир ба сарбозон ҳамчун “Сипари боэътимоди Ватан” суханронӣ намуд. Умедаи Тағай ҳама ҳарбиён ва дар симои онҳо Пешвои миллатро ҳамчун наҷотдиҳанда ва корномаҳои ин абармардро дар ташкили Артиши миллӣ бо корбурди арқому далел беназиру беқиёс арзёбӣ кард.
Ходими калони илмии ПИТФИ Шарипов Абдусамад бошад, доир ба мавзуи “Артиши миллӣ – рамзи субот ва оромист” маърӯза ироа кард. Мавсуф доир ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва обутоб ёфтан дар ин мактаби мардонагӣ андешаҳояшро баён намуда, бо нақли хотираҳояш аз хизмати ҳарбӣ ба мавзуъ ҳусни дигар бахшид.
Котиби илмии ПИТФИ Моҳнисо Содиқова таҳти унвони “Васфи Ватан ва ҳимоятгарони Ватан” суханронӣ намуд. Ӯ баробари суханронияш дар бораи Ватан ва Артиш порчаҳои шеърӣ қироат намуда, табъи ҳозиринро болида гардонд.
Дар бахши мубодилаи афкор д.и.ф., профессор Хоҷаев Қурбон, профессор Муродӣ Мурод, муовини директор оид ба корҳои методӣ ва умумӣ, н.и.ф. Каримова Гулзира, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ Раҳимов Билолиддин, дар охир худи директор фикру ақидаҳояшонро доир ба маърӯзаҳои баромадкунандагон ва умуман 32-юмин солгарди таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намуданд. Ҳамоиш басо ҷолибу пурмуҳтаво баргузор гардид.
Юсуфов Ифтихор,
мудири шуъбаи воситаҳои ахбори
омма ва табъу нашри ПИТФИ.