Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз 28 .12. 2024, иброз доштанд, ки дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давлату ҳукумат мебошад.
Сарвари давлат бо ҳиси ифтихор таъкид намуданд,ки ҷавонон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд.
Пешвои миллат дар ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро ҳушдор медиҳаннд, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад.
Оре, ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ҳимояи марзу буми Ватан барои ҳар як шаҳрванд қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург аст. Ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон барои сокинону низомиёни бонангу номусаш азизу муқаддас аст. Аслан ниёгони мо меҳри Ватанро ба меҳри модар баробар медонанд ва ҳифзи онро воҷиб мешуморанд.Чунончи Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Дар байни мардум мо ин гуфта хеле маъмул аст, ки ҳифзи Ватанро аз хифзи ҷон бартар медонанд: “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар. Ва ё иборае мавҷуд аст, ки дўст доштани ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-л-ватани мина-л-имон» яъне, дўст доштани Ватан аз имон аст.
«Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурўҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани «Ҳуббу-л-ватан» иттифоқ доранд.
Тамоми таълимоти диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он қобили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро беҳуда бо меҳри модар дар як радиф нагузоштаанд. Агар модар инсонро ба вуҷуд оварад ва тарбия карда, ба муҳит ва оила ҷазб намояд, пас, ватан рўҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба онҳо зам мекунад.
Инсони некбахт нафақат ватанашро дўст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош ба харҷ медиҳад ва бо душманони он муборизаи беамон мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи дузах намесўзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дўст доштани ватан мижа назада хидмат мекунад».
Дар ин сухани Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае нест, пас ҳар касе барои ҳифзи Ватан ва ободии он камари ҳиммат бастааст, аз оташи дўзах дар амон хоҳад буд.
Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки дар ояти охирони сураи «Оли Имрон» Худованди Бузург мефармояд: Ё аййаҳа-л-лазина оману асбиру ва собиру ва робиту ваттақу-ллоҳа лаъаллакум туфлиҳун.
Эй муъминон, сабр кунед ва дар сабр қадам устувор доред ва омода бошед ва аз Худо битарсед, бошад, ки растагор шавед!
Муфассирон мегўянд, ибораи «ва робиту» - омода бошед, дар ҳаққи марзбонон аст, ки Парвардгор мегўяд, шумо дар ҳимояи марзу буми ватан омода бошед.
Аз ин ояти раббонӣ бармеояд, ки ҳар кас вазифадор аст, Ватани худро ҳимоя кунад, чи дар сарҳад, чи дар хона, чи дар деҳа. Вазифаи аввалини ҳар яки мо – ҳимояи Ватан тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳиллаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварист.
Ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламо мегўянд, як шаб ҳимояи ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст.
Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд: Овози қалами нависандагон (агар хайр нависанд).
Овози чархресии занон дар хона (яъне, фазилати меҳнати ҳалол)
Овози қадами марзбонон (чун дар гармову сармо ватани худро аз душманон ҳифз мекунанд)
Ҳомиён-марзбонони Ватан шабҳо бедорӣ мекашанд, то дигарон дар амонӣ бихуспанд, ҷони худро дар хатар мемонанд, то мардум осудаҳол бошанд.
Мунаввари Сафар,
Ходими пешбари ПИТФИ