КӮЛИ МОРОН – АЗ КӮЛҲОИ МАЪМУЛИ МАВЗЕИ ИСКАНДАРКӮЛ

Сарзамини Тоҷикистон аз сарватҳои табиӣ бой буда, бо манзараҳои беназиру мавзеъҳои таърихию фарҳангиаш дар миқёси байналмилалӣ мавқеи хоссаро соҳиб гардидааст. Имрȳзҳо аз тамоми кунҷу канори дунё барои омȳзиш, саёҳат, зиёрат, табобат ва тамошои қалъаю кӯлҳо, ҷойҳои муқаддас меоянд. Бояд қайд кард, ки асоси мавзеъҳои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои муқаддас ин ҳодисаҳои таърихӣ ва ривояту қиссаҳои марбут ба он мебошанд, ки то ба имрȳз ба тариқи шифоҳӣ аз насл ба насл интиқол ёфтаанд.

Кӯле дар дараи Серима воқеъ аст, ки мардуми маҳал онро “Кӯли морон” номидаанд. Сабаби чунин ном гирифтанаш дар он будааст, ки шумораи зиёди морҳо ҳам дар оби кӯл ва ҳам дар соҳили он зиндагӣ мекардаанд. Хатти соҳили Замини Мулло аз тарафи ҷануб пастии хеле нишеб дорад. Тарафи шимолии кӯл ҳамвор буда, дар баъзе ҷойҳояш андак-андак ботлоқ дида мешавад. Ин кӯл тахминан 100 метр дуртар аз Искандаркӯл воқеъ аст. Дарозию паҳноии кȳл 26 гектарро дар бар гирифта, чуқуриаш 7-8 метр будааст.  Намуди кӯл аз рӯи мушоҳидаҳои муҳаққиқону сайёҳон аз ҳолати рангпаридаю ғамангез ба кӯли пурҷилои хандон табдил меёфтааст.

Тибқи ривоятҳои мардумӣ пайдоиши ин кȳлро дар он мансуб медонанд, ки гȳё дар ин минтақа зилзилаи шадиде мешавад ва аз ин зилзила танҳо ҳамин кȳл ба вуҷуд омадааст. Дар гузашта ин маконро обсабза пахш карда, ба як ҷои нодаркор табдил ёфта буд. Баъди ба вуҷуд омадани кӯл дар натиҷаи зилзила симои ин мавзеъ тамоман тағйир ёфт ва ба як макони тамошобоб мубаддал гаштааст. Моҳиҳое, ки дар кȳл дида мешаванд аз худи кȳл набуда, онҳоро аз дарёи шаҳри Норак оварда, ба ин ҷо сар медодаанд. Оби кȳл ба фасли сол мувофиқ буда, дар тобистон гарм ва дар зимистон ях мебастааст. Бояд қайд кард, ки новобаста аз мор доштани кȳл бархеи аз одамону сайёҳон дар фасли гармо ба он даромада оббозӣ менамудаанд. Оби кȳл назар ба оби Искандаркȳл гармтар мебошад ва шояд аз ҳамин сабаб дар он оббозӣ мекунанд. Ҳамчунон дар байни мардум овозае ҳаст, ки морҳои кȳл сафед ҳастанд. Вале ин воқеиятро мо ба чашми худ надидем. Дар соҳили кȳл барои давр задани дохили он заврақчаҳо монда шудаанд, ки ҷиҳати аз наздик тамошо кардани сайёҳон хеле сзгор аст. Илова бар ин, дар назди кȳл хоначаҳои иҷоравӣ мавҷуданд, ки барои истироҳати 2 ё 3 рȳза гирифта мешаванд. Дар муқобили кȳл мамнȳъгоҳ будааст, ки фазои васеъ дошта, дар он дарахтони тӯс, сафедор ва болотар аз он дарахтони арча дида мешаванд, ки тақрибан умри 1000-сола доштаанд. Ба ин монанд марминҷон (тамашк), ангат, зирк, гулоб, гелоси ёбоӣ, зағоса хеле фаровон мерӯяд. Ҳатто алафҳои рангоранги марғзорҳои кӯҳӣ низ дида мешаванд, ки табиати атрофи кӯлро ҳусни иловагӣ зам менамоянд. Дар қисмати чапи кȳл харсангҳои азимҷуссае дида мешаванд.

Хулоса,  аз таҳқиқоти амалишуда, гуфтан мумкин аст, ки ёдгориҳои табиие, ки дар гирду атрофи Искандаркȳл ҷойгир шудаанд, ёдгориҳои нодир буда, ҳар яке таърихи пайдоиши худро доранд. Доир ба ин мавзеъҳо то имрȳз аз ҷониби ягон муҳаққиқ пажуҳиши амиқ дида намешавад. Ин маконҳоро ҳангоми саёҳат омадан ба Искандаркȳл дидан мумкин аст. Ба мо имконият даст надод, ки аз бархе ҷанбаҳои мифологию илмии он таҳқиқот анҷом диҳем. Умед бар он аст, дар таҳқиқотҳои минбаъда ин мавзеъҳоро пурра омȳхта, дар асоси он мақолаи илмӣ таҳия намоем.

Шамъигул Каримова

Ходими калони илмии ММФТ

барчасп: