Пӯшида нест, ки бисёр маконҳои зебову табиати мафтункунандаи Тоҷикистонро халқу миллатҳои гуногуни дунё дида, фирефтаи он гардидаанд ва дар китобу мақолаҳои худ асрори онҳоро зикр намуда, дар мамолики Аврупову Амрико мунташир сохтаанд. “Ховалинг макони чашмасорон аст, - гуфтааст як сайёҳи хориҷӣ. - Танҳо дар гирду атрофи деҳаҳои Доробию Хонақо аз 500 чашма ҳисоб кардам, - мегӯяд рассоми литвагӣ Битаутас Кросас, ки як моҳ дар Ховалинг меҳмон буд”.
Ёдгориҳои дар ҳудуди Ховалинги имрӯза мавҷуд буда таърихи хеле куҳан дошта, на танҳо дар саросари кишвар, балки берун аз он маъруфу машҳур мебошанд. Осори гаронарзиш, нигораҳои нодиру таърихӣ, хусусан табиати нотакрор ва чашмасорони ин диёр таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ҳамеша ба худ ҷалб месозанд. Сурхсақова, Пушлон, Сучиён, Тиён, Крушак, Крак, Рӯпӯшида, Тиллоӣ, Касхоҳ, Чилчанор, Шифо, Дингак, Замбурак, Шӯрак ва Қазған барин чашмаҳои софу зулол ва беҳамтои таърихӣ, аз ҳаёти пурасрору пурмоҷарои гузаштагони миллати тоҷик ҳикоят мекунанд.
Яке аз чунин ёдгориҳои табиӣ, ки таърихан ғанӣ ва номдору пурасрор барои мардуми минтақаи номбурда мебошад, ин чашмаи Қазған аст. Дар қатори чашмаҳои маъруфи Ховалинг, чашмаи Қазған ҷойгоҳи хосса дошта, шуҳрати дигарро соҳиб мебошад. Он яке аз ёдгориҳои табиӣ ва экологӣ маҳсуб ёфта, дар ҷамоати деҳоти Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг ҷойгир аст. Дар рафти омӯзиш ба донандагони таърих, шахсони рӯзгордида ва мардуми маҳаллӣ, ки солҳои тӯлонӣ ин ҷо иқомат мекунанд, муроҷиат намуда, оиди пайдоиш, аҳамият ва сабабҳои мавриди парастиш қарор гирифтани чашмаи мазкур мавод гирдоварӣ кардем. Дар байни аҳолии таҳҷоӣ оиди таърихи ин чашма ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Мувофиқи гуфтаи сокини ноҳия, мудири “Китобхона-осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” Сайидтоҷов Муҳсиддин дар гузаштаҳои дур амире аз сулолаи чингизиён, бо номи Қазғанхон, чашмаи мазкур ва атрофи онро бошишгоҳи тобистона ва истироҳатгоҳи худ қарор дода, зимистонро дар водии Сарой (Панҷи ҳозира) сипарӣ мекардааст. Ин боис гардида, ки чашма унвони Қазғанро гирад. Вобаста ба ин ақида академик Б.Ғафуров низ дар китоби “Тоҷикон” ишора кардааст, ки соли 1346 Қазғанхон ба сари тахти шоҳӣ менишинад, ки дӯстдори урфу одатҳои зиндагии бодиявӣ буд. Вай зимистон вақти худро дар водии Сарой (ноҳияи ҳозираи Панҷ) ва тобистон дар шаҳри Мунк гузаронида, бештар ба шикор ва ҳуҷумҳои ғоратгарона машғул мешудааст.
Ба андешаи сокинони таҳҷоӣ дар гузашта оби чашма ҷӯшону хурӯшон аз қаъри замин фаввора мезадааст, аммо бо сабабҳои гуногун аз қабили кофтани чоҳҳои амудӣ дар атрофи он ва ба вуқуъ омадани селҳои зиёди харобиовар хурӯши оби он нисбатан паст гардида, ором шудааст. Оби зулолу нуқрагун, мусаффо ва сарди он нотакрор буда, ин афзалиятҳо чашмаи мазкурро аз доираи макони саёҳат фаротар бурда, ба майдони ковишҳои илмию пажуҳишӣ ворид месозад. Дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари ин макон маҳаллаҳои Гузари Қозӣ ва Тутҳои Хилватӣ ҷойгир буда, чанорҳои азиму осмонхарош қомат афрохтаанд, ки таърихи беш аз 600-сола доранд ва онҳо аз шумори “Чанори Алӣ” маҳсуб мегарданд. Ҳоло садҳо нишонаҳои ин дарахти аҷиби қадима дар деҳаҳои собиқу имрӯзаи Чанор, Чанорак, (дар ин ҷо қариб даҳ бех аст). Фотимачанор, Чанори Ғӯрак, Хунукчашма, Талимазор, Чуқураки Сӯфӣ Маҳмуд, Чуқураки МуллоТавар, Дараи Мухтор, Қазған Хилват, Ҷонбахт, Шоҳинбегӣ ва даҳҳо ҷойҳои дигари Ховалинг умр ба сар мебаранд, боқӣ мондаанд”. Чуноне аз андешаи боло бармеояд, чинорҳои атрофи Чашмаи Қазған таърихи тӯлонӣ дошта, танҳо дар ин мавзеъ ҷойгир не, балки аз гурӯҳи “Чанори Алӣ” боқӣ монда, дар чандин маконҳои Ховалинг то имрӯз вуҷуд доранд.
Яке аз хусусиятҳои дигари Чашмаи Қазған дар он аст, ки дар фасли гармои тобистон оби он ниҳоят сарду гуворо буда, дар фасли зимистон ба оби гарм табдил меёбад. Агар дар замонҳои гузашта чашмаи мазкур бо “Чашмаи Хилватӣ”, “Тутҳои Хилватӣ” ва “Чашмаи Қазған” ном бурда мешуд, имрӯз бо шарофати истиқлолият ва рушди бесобиқаи соҳаҳои мухталифи мамлакат, аз ҷумла фарҳанг ва сайёҳӣ, он мавзеи таърихӣ ба “Китобхона-осорхонаи Ҳабибулло Файзулло” табдили ном кардааст. Сабаби иваз шудани номи он ба унвони мазкур ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва талоши соҳибкорони ватанӣ буд, ки дар майдони кушоди чашмаи маъруф бинои наву замонавии “Китобхона-осорхонаи Ҳабибулло Файзулло”, шоири шаҳир дар ду ошёна қомат афрохт. Ин амали нек боис гардид, ки атрофи чашмаи Қазған ба худ намои дигар касб кард ва ҳарчи бештар ба макони хуби сайёҳӣ табдил ёфт. Гулгаштҳои назаррабо, чанорҳои азими таърихӣ, инфрасохтори дигари маишӣ, утоқҳои будубош, насби нимпайкараи шоири шаҳир-Ҳабибулло Файзулло, ҷой додани 2500 китоб ва 700 нигораҳои таърихӣ дар бинои осорхона ва дигар навкориҳое дар ҳудуди чашма ба назар мерасанд, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозанд ва макони сайёҳии хубе барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад. Қатъи назар аз мавсим гармиву сардии ҳаво сайёҳони хориҷӣ аз осорхонаи мазкур ва чашмаи гуворои Қазған дидан мекунанд.
Дар маъхазҳои илмӣ омадааст, ки солҳои 70-90-уми асри гузашта чашмаи Хилватӣ (Қазған) ҳамчун истироҳатгоҳи мактаббачагони таълимгоҳҳои собиқ вилояти Кӯлоб фаъолият мекард. Ҳамасола дар фасли тобистон аз макотиби умумии вилоят мактаббачагонро ба ин мавзеи истироҳатии дилфиреб оварда, ба онҳо ҳам ғизои ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ мебахшиданд. Бо мушоҳида ва муаррифии асрори ин чашма таърихи гузаштаро ба онҳо талқин менамудаанд ва барои таъсири мусбӣ расонидан ба маънавиёти онҳо мусоидат мекардаанд.
Азбаски ин мавзеъ ба макони сайёҳӣ табдил дода шудааст, мавриди таваҷҷуҳи ҳукумат ва сокинони маҳал қарор дорад. Вале дар муқоиса бо он аксари чашмаҳои таърихӣ ва пурасрори Ховалинг мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши имливу таърихӣ қарор нагирифтаанд, ин омил паҳлуҳои норавшан ва хусусиятҳои фарқкунандаи чашмаҳоро пӯшида боқӣ мемонад. Хуб мешуд, ки ба монанди чашмаи Қазған, ки ҳар бинанда аз табиати атрофи он як рӯҳияи тозаро дар худ мегирад, чашмаҳои дигар низ таҳқиқ шуда, барои тамошои сайёҳон бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шаванд.
Файзигул Насруддинова
Ходими калони илмии ММФТ