Паҳлуҳои фарҳанги халқи тоҷик дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ба вуҷуд омада, ҳар кадом барои рушду инкишофи ҳаёти фарҳангии мардум ва муаррифии давлату миллат барои наслҳои оянда хидмат кардаанд. Мазору зиёратгоҳҳо ҳам аз ҷумлаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ буда, барои рӯзгори мардуми тоҷик мақоми хоссаро касб кардаанд. Зиёратгоҳ ҳамчун мавзеи муқаддас барои тоату ибодат, муноҷот ба Худованд ва имдод талабидани эҳтиёҷманд тавассути шахсияти дар он макон дафнгардида дониста мешавад. Дар миқёси ҷумҳурӣ чунин маконҳо, яъне зиёратгоҳҳо хеле зиёданд. Метавон гуфт, ки дар ҳар як минтақа вобаста ба шароити таърихӣ, иқлим, урфу одат зиёратгоҳҳои хосе воқеанд, ки боиси парастишу эътиқоди мардуми маҳаллӣ ва беруна қарор гирифтаанд. Зиёратгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ аз ҷумлаи чунин ҷойҳои барои мардум муқаддас бу шумор меравад. Қобили зикр аст, ки зиёратгоҳи мазкур аз ёдгориҳои қадимтарин ва маъруфтарини ноҳияи Ховалинг буда, на фақат барои зиндагии мардуми маҳаллӣ, балки барои мардуми тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ва берун аз он аҳамияти таърихию фарҳангӣ дорад.
Мазори ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ҳамчун зиёратгоҳ макони ибодат ва ҷои дархосту талаби хосу ом аз Худои мутаъол гардидааст. Ин зиёратгоҳ дар ҷамоати деҳоти Ҷонбахт воқеъ буда, аз маркази ноҳия 18 км дуртар ҷойгир аст. Номи деҳа низ ба шарафи ӯ гузошта шудааст, ки Мазори Султон мегӯянд. Бино мазор аз ду қисмат: даромадгоҳ ва мақбараи Султон Увайси Қаранӣ иборат буда, бо тарҳи меъмории анъанавӣ сохта шудааст. Дар паҳлуи мақбара болои суфаи аз санги сурхи мармар чидашуда, гаҳворасанге аз мармари сиёҳ ба назар мерасад, ки дар ду тараф ва қисми болояш бо ҳуруфи арабӣ ояте аз Қуръон ва насабномаи Ҳамадонӣ сабт шудааст. Мақбара аз як дари дуқабата ва 20 тирезаи чӯбин, деворҳои он аз хишти пухта сақфи он аз чӯб ва болопӯшаш аз тунука ва гунбази тиллоӣ сохта шудааст. Дар атрофи зиёратгоҳ боғи калон, катҳои нишасти калони чӯбинӣ ва оҳанӣ, ки зиёраткунандагон онҳоро истифода мекунанд. Ба ғайр аз ин, дар тарафи ғарбии он масҷиди калони панҷвақта барои 350 нафар бо меҳмонхона ҷой доранд.
Ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2004, ки аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сурат гирифта буд, муайян намуд, ки ҳанӯз дар асрҳои қадим VII-IX атрофи зиёратгоҳ бо деворҳои аз гил сохташуда иҳота гардида ва берун аз девор биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир буданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар тӯли асрҳо ин мавзеъ ҳамчун макони муқаддас вуҷуд доштааст. Ҳангоми азнавсозии мақбара хиштҳои пухта ва бошишгоҳҳои одамони асри санг ёфт шуданд, ки нишонаи онанд, ки дар дараи мазор ҳанӯз аз давраҳои қадими асри санг одамон зиндагӣ мекардаанд ва ин мавзеъро муқаддас шуморидаанд.
Султон Увайси Қаранӣ аз зумраи шахсиятҳои диниву ривоятӣ дар ислом ба ҳисоб меравад. Азбаски эътиқоди мусулмонони кишварҳои Осиёи Миёна ва Шарқи Наздик нисбати ин шахсияти динӣ қавӣ аст, марқади ӯро ба чандин маконҳои гуногуни минтақаҳо нисбат медиҳанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ва мардумшиносӣ дар вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам мақбараи Султон Увайси Қаранӣ ва модараш мавҷуд аст. Аммо сарчашмаҳои дигари фолклорӣ зиндагии Увайси Қараниро дар водии Фарғона не, балки дар нимҷазираҳои Араб тасдиқ менамоянд. Мувофиқи бархе ривоятҳо Султон Увайси Қаранӣ аз ҷумлаи тақводороне буд, ки дар Яман таваллуд шуда, ба воя расидааст. Тибқи ривояти дигар ӯ танҳо то кишварҳои Сурия ва Ироқ сафар карда, дини исломро ба мардуми ориёӣ талқин менамояд. Чунки дар Уммон ҳам мақбараи Султон мавҷуд аст. Ҳамчунин дар Раққаи давлати Сурия низ мақбараи Қаранӣ арзи ҳастӣ мекард, ки дар соли 2014 хароб карда шуд.
Албатта, кадоме аз ин мақбараҳо ҳақиқати воқеӣ доранд барои эътиқодмандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки аз умри ин шахсият чандин аср гузашта бошад ҳам, то ҳол бовару эътиқод ва ихлоси мардум дар бораи ӯ пойбарҷост.
Дар ҷараёни омӯзиш бо чанде аз зиёраткунандагон мусоҳиба доир намудем ва дар мавриди эътиқоди онҳо оид ба Мазорати Ҳазрати Султон маълумотҳои ҷолиб гирдоварӣ кардем. Натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки одамон ба зиёрати ин мазор бо нияти шифо ёфтан, фарзанддор шудан, талаби бахт кардан, аз чашми бад паноҳ ҷӯстан, ба некӯаҳволӣ расидан ва ҳоказо меоянд ва кӯшиш мекунанд, ки тамоми рукнҳои зиёратро аз рӯи қоида иҷро намоянд.
Чуноне ки аз забони сокинони маҳаллӣ шунида шуд, баъд аз мазораи Абдуллоҳи Ансорӣ мазораи Ҳазрати Султон мақоми дуюмро соҳиб аст. Албатта, ин андеша дар асоси нақлу ривоятҳое, ки гӯё худи Увайси Қаранӣ васият карда бошад, ба вуҷуд омадаанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мақому манзалати зиёратгоҳи Ҳазрати Султон барои мардум ва сайёҳон дигар аст. Чуноне ки мақбараи Султон Увайси Қаранӣ дар зиндагии маънавии одамон мавқеъ пайдо кардааст, ин парастиш дар зиёратгоҳҳои дигари ноҳияи Ховалинг ба чашм намерасад. Метавон гуфт, ки имрӯз мақбараи Султон Увайси Қаранӣ ҳам ба макони зиёратӣ ва ҳам ба минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст.
Карашмаи Вадуд
Ходими калони илмии ММФТ