синамо

Дар шаҳри Душанбе ҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии синамо идома дорад

16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Ҳафтумин ҷашнвораи байналмилалии синамо оғоз ба кор кард. Ин чорабинии муҳими байналмилалӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мешавад ва ба бузургдошти ҳунарманди шинохта, коргардони беҳамто, марҳум Бахтиёр Худойназаров бахшида шудааст.
Раиси ҳакамони ҷашнвори байналмилалии “Дидор” ин бор Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ва аъзои ҳакамон Ризо Киёниён - ҳунаманди маъруфи театру синамо аз Эрон ва Латика Падгаонкар - нависанда, муҳаррир,

барчасп: 

Сафарбеки Солеҳ: Комил Ёрматов мехост низомии ҳирфаӣ шавад, аммо... (видео)

Коргардони баноми тоҷик Сафарбеки Солеҳ бори дуюм аст, ки филми мустанади худ “Комил”-ро дар Амрико намоиш медиҳад.   Баъди тамошои мустанад як суҳбати тӯлонӣ миёни коргардон ва ширкаткунандагони намоиш ба вуҷуд омад.
Соате пеш бо истифода аз фурсат, бо чанд суол дар ин маврид ба Сафарбек муроҷиат кардем. Аввал аз ӯ пурсидем, ки то ҷойе медонем Шумо "Комил"-ро бори дуюм аст, ки дар Амрико намоиш додед. Намоиши Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон аз намоиши

барчасп: 

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Темур Зулфиқоров ба муносибати 80-солагии адиби маъруф

17-уми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров аввал телефонӣ дар тамос шуд ва ӯро ба муносибати 80-умин солгарди таваллудаш муборакбод кард.
Баъдан ин барқияи табрикотӣ низ аз номи Пешвои миллат интишор ёфт:

«Темур Қосимовичи азиз!

барчасп: 

Сафар Ҳақдодов: Синамо дар таҳлили сабабҳои ҷанги шаҳрвандӣ пеши мардум қарздор аст

Суҳбати ихтисосӣ бо Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов дар бораи синамои замони Истиқлолият ва мушкилоти он.
Зарфи панҷ соли охир синамои тоҷик оё тавонист расолати худро иҷро кунад?

-  Пӯшида нест, ки кино як ҷузъи таркибии шуури ҷамъият аст. Аз ин дидгоҳ яке аз вазифаҳои асливу ҳатмии он – инъикоси масоили умда, мубраму доғи ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҷониби дигар кино ҳамчун ҳунари синтетикӣ молу ғизои маънавие гаштааст, ки дар шакли моддӣ бо намудҳои гуногуни технологияҳои муосир

барчасп: 

Шинос шавед: САФАР ҲАҚДОДОВ

Таҳсилкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Вале майлу рағбати беандоза ба синамо роҳи ӯро баъди анҷоми таҳсил ба самти кино тағйир дод. Бо талошҳои аввалинаш дар офариниши саҳнаҳои хотирмон дар маҷаллаи синамоии “Калтак” роҳашро ба сӯйи синамо бозтар кард.
Сафар Ҳақдодов - сенариянавис, актёр, муҳаррир, продюсери тоҷик ва ҳамзамон раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аст.
Вай  5-уми августи соли 1961 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дида ба олам

барчасп: 

Валерий Аҳадов

АҲАДОВ Валерий Боқиевич. Аз ҷумлаи маъруфтарин ва муваффақтарин коргадонҳои синамои кишвар аст. 9-уми августи соли 1945 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст.
     Хатмкардаи факултаи коргадонии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав (соли 1970). Котиб (солҳои 1976 – 78) ва котиби якуми Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (солҳои 1978 – 1986), коргадони киностудияи «Тоҷикфилм» (солҳои 1986 –1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба

Страницы