Паёми телевизионии Пешвои муҳтарами миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Чоп шуд: 25/11/2017Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрик мегӯям.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти