Activities calendar

15 ноября 2017

Иҷлосияи сарнавиштсоз дар оинаи матбуоти даврӣ

Эмомалӣ Раҳмон: «Ман, пеш аз ҳама, барои муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо меҷўям, ният дорам, ки ба вилоятҳои Кўлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи марказ равам…. Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кўшиш менамоям, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем.

барчасп: 

Дасти поку қалби пурмеҳри Сарвар кишварро аз нобудӣ наҷот дод

Дили пок, нияти нек, такя ба фазли ҷаҳонофарин, эътиқод ба хиради мардум, тааммул бар ҳикмату омўзаҳои таърих аз оғози кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар сиришти маънавӣ ва иродати сиё­сии ў мазҳари тамоми корсозиҳо буд, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагӣ ва сарна­вишти миллат, давра ба давра ба сўи эҳёву камолот роҳ мекушод.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ду­воз­даҳум) аз 16 ноябр

барчасп: 

Нақши сарнавиштсози Иҷлосияи XVI дар бунёди давлатдории навини миллӣ

Чунин ном дошт конфронси илмӣ-амалие, ки дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Шариф Комилзода – Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар суханони муқаддамотии худ иброз дошт, ки истифодаи ибораи “иҷлосияи сарнавиштсоз” маъмулӣ шудааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки миллат кайҳо ба дарки ин нукта