Иҷлосияи сарнавиштсоз дар оинаи матбуоти даврӣ

Эмомалӣ Раҳмон: «Ман, пеш аз ҳама, барои муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо меҷўям, ният дорам, ки ба вилоятҳои Кўлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи марказ равам…. Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кўшиш менамоям, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард»

Таърихи куҳандиёри тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидааанд. Ин гуна воқеаҳо ҳам дар таърихи гузашта ва ҳам дар Тоҷикистони муосир рух додаанд, ки боиси ифтихору сарафрозии мардуми кишвар мебошад. Воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навини таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, дастёби ба истиқлолияти давлатӣ мебошад, ки 9 –ми сентябри соли 1991 ба даст омад.

Мутаассифона, равандҳои давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии Тоҷикистони тозаистиқлол дере нагузашта бо сабабҳои паст будани сатҳи зиндагии мардум, омода набудани роҳбарии сиёсӣ, дахолати ғаразноки қувваҳои беруна, маҳалгароӣ ва экстремизми динӣ ва амсоли ин ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид. Ин омилҳо боиси сар задании ҷанги шаҳрвандӣ гардид, ки баҳор ва тирамоҳи соли 1992 давраи авҷи он маҳсуб меёфт. 24 октябри соли 1992 қиёми халқӣ авҷ гирифта роҳи ворид гардидан ба Душанбе-пойтахти тоҷикон аз ҷониби исёнгарон ба тасарруф гирифта шуд. Вазъият рўз то рўз муташанниҷ мешуд. Сохторҳои конститутсионӣ фалаҷ гардида буданд. Ба таъмини бехатарии мардум, ҳамчунин намояндагони халқ мақомоти давлатӣ кафолат дода наметавонист. Ин ҳолат зарурати даъвати иҷлосияи 16-уми Шурои Олиро ба миён овард. Азбаски шаҳри Душанбе моҳияти сиёсии худро ҳамчун пойтахти кишвар ва хонаи умеди тамоми мардуми Тоҷикистон аз даст дода буд, макони баргузории он Қасри Арбоби колхози ба номи Урунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд, муқаррар гардид.

prezident.jpgҲамин тавр, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рўзи 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Абоби колхози ба номи Урунхўҷаеви ноҳияи Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан ороми кишвар буд, баргузор гардид ва то 2-юми декабри ҳамин сол ҷараён гирифт. Дар кори он аз 230 депутат 197 нафар, аз ҷумла намояндагони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон ва қумондонҳои гурўҳҳои даргир иштирок намуданд. Ин Иҷлосия ҳидоятгари таърих, раҳнамои сулҳу ваҳдати миллӣ ва поягузори бунёди ҷомеаи демократӣ дар кишвари мо гардид. Дар он 23 масъалаи ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки миёни онҳо қазияи ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷумҳурӣ аз ҳама асосӣ маҳсуб меёфт. Ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, интихоби роҳбари нави сиёсиро талаб мекард. Аммо интихоби чунин роҳбар ба осонӣ даст надод, зеро ағлаби намояндагони халқ, кори ин ҷаласаро нишастанҳои навбатӣ пиндошта, худро бетараф гирифта интизори ғалабаи тарафе буданд. Барои бархи дигар на эътидоли вазъият, балки ҳифзи манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ авлотар буд. Ҳамин тавр, баъди муҳокимаҳои бардавом 19 ноябри соли 1992 ба мақоми олии роҳбарии давлат - Раиси Шўрои Олӣ раиси вилояти Кўлоб, вакили халқӣ Эмомалӣ Раҳмонов интихоб гардид. Ба тарафдории ў аз 197 депутат 186 нафар овоз доданд.

Раиси тозаинтихоби Шўрои Олӣ кори худро бо баёни изҳороти мушаххаси воқеъбинонаву дурандешона, ки мақсад ва қавлу қасами ўро ифода мекард, шурўъ намуд. Аз ҷумла, ў афзуд: «Ман, пеш аз ҳама, барои муътадил гардонидани вазъи ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ ва қатъи хунрезӣ тадбирҳо меҷўям, ният дорам, ки ба вилоятҳои Кўлобу Қурғонтеппа ва ноҳияҳои тобеи марказ равам…. Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ҳангоми интихоби кадрҳо кўшиш менамоям, ки намояндагони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ шомил шаванд. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард» (Садои мардум.–1992.–20 ноябр). Ин суханони ҷонбахш ва рўҳафзои Эмомалӣ Раҳмонов ба дили мардум, ки ба фардои кишвару давлат ва зиндагии оромона ноумед гашта буданд, аз нав шуълаи умед пошид.

Воқеан, ҷараёни зиндагии баъдӣ нишон дод, ки ин суханони Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба хотири шукуҳи лаҳзаинаи минбар набуда, балки баёнгари марди матин, қавиирода, якруву якмаром будани гўяндаи он аст, ки дар суханаш устувор монд, аз мушкилот наҳаросид, ҷони худро ба гараф монд ва ба мақсад расид. Дарвоқеъ Эмомалӣ Раҳмонов фаъолияти худро аз ҷустуҷўву дарёфти роҳҳои пешгирии хунрезиҳои беасоси бародаркўшӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини ҳаёти осоишта дар кишвар оғоз намуд. Ин ҳадафро ў дар муроҷиатномаш ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ки 12 декабри соли 1992 интишор шуда буд, бо чунин суханон тақвият бахшид: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам» (Садои мардум.–1992.–13 декабр). Сулҳу ризояти иҷтимову миллӣ ба осонӣ ноил нагардид, монеаҳои зиёде, ки аз ҷониби қувваҳои худиву бегона эҷод мешуданд, раванди онро мураккабу пурпечутоб ва душвор мегардонид. Ин ҳолатро баъдтар сарвари давлат дар суханронии худ чунин ёд мекунад: «Дар он рўзҳо, ки мо ба тозагӣ ба истиқлол расида будем ва акнун нахустин пояҳои давлатдории навинамонро мегузоштем, доираҳои муайяни хориҷӣ бо истифода аз ҳолати бесарусомонии сиёсиву идеологиамон мехостанд ҷомеаи моро таҳти таъсири мафкураи беруна қарор дода, ғаразҳои сиёсии худро дар кишвари мо пардапўшона роҳандозӣ кунанд» (Ҷумҳурият.–2012.–21 ноябр).

Маҳз дар натиҷаи талошҳои роҳбари давлат, музокираву муколамаҳои зиёди тарафҳо, хурўши нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва анҷоми музокираҳо дар марҳилаҳои гуногун сулҳи тоҷикон аз худ дарак дод. 27 июни соли 1997 музокироти ниҳоӣ ба ин раванд нуқта гузошт, ки баъдтар «Рўзи ваҳдати миллӣ»-ро ба худ касб кард. 

 Мавриди зикр аст, ки васоити ахбори омма, хоса матбуоти даврӣ ҳарчанд ҷараёни татбиқи қонуну қарор ва меъёрҳои ҳуқуқии дар Иҷлосия 16-ум қабулгардида ва ҷараёни сулҳофаринии Ҳукумати кишварро аз рўзҳои баргузорӣ инҷониб ҳамеша инъикос ва баррасӣ менамояд, аммо бевосита ба масъалаи Иҷлосияи таърихӣ, дар 4 марҳала бештар таваҷчуҳ зоҳир намудааст. Марҳалаи аввал, рўзҳои баргузории Иҷлосия, марҳалаи дуюм дар арафаи 10-солагӣ, марҳалаи сеюм айёми ҷашни 20-мин солгард ва марҳалаи чаҳорум дар арафаи 25-солагии баргузории он.

Ҳарчанд дар оғоз ва ҷараёни баргузории Иҷлосияи сарнавиштсоз аксари расонаҳои хабарии ҷаҳон аз нобарории қувваҳо, зиддияти шадиди неруҳо, бетарафӣ ва ноиттифоқии аъзои Шўрои Олӣ хабару гузоришҳо пахш мекарданд, воситаҳои ахбори ватанӣ, хоса телевизиони ҷумҳурӣ ҷараёни кори онро объективона ва бо рўҳияи некинтизорӣ инъикос менамуд. Азбаски дар он солҳо матбуоти кишвар дучори буҳрон  буд, танҳо дар баъзе нашрияҳо кори ин Иҷлосияи таърихӣ дар шакли хабару гузориш ва табсираву нигоришҳо мунъакис мешуд. Аввалин иттилоотро дар бораи баргузории Иҷлосияи мазкур рўзномаи «Садои мардум» зери унвони «Маҷлиси комиссияи муросо» (18-уми ноябри соли 1992) нашр намуд». Баъдан ин нашрия ҷараёни кори Иҷлосияро дар шумораҳои 20, 24 ва 27-уми моҳи ноябри худ ба табъ расонд.

Пас аз анҷоми Иҷлосия ба иборае оши оштӣ дода шуд ва тарафҳо ба иттифоқа омаданд, ки якҷо баҳри барқарории сулҳу ваҳдат иқдом хоҳанд кард. Аммо рафти ҳаёт нишон дод, ки ҳоло ҳам нафарони бадхоҳ зиёданд ва намехоҳанд оромӣ дар кишвар ҳукмрон гардад. Ин ҳолат кори ҳукумати навтаъсисро душвор мекард, иҷрои қарор ва дастуроти дар Иҷлосия қабулгардида ғайриимкон мегардид. Бо вуҷуди ин аз рўзи аввали интихоб ба мақоми олӣ сарвари давлат Э. Раҳмон ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим: гирифтани пеши роҳи чанги шаҳрвандӣ, ба эътидол овардани вазъият, таъмини фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, азнавсозии низоми давлатдорӣ ва амсоли инро мароми асосии ҳукумати нав эълон намуд.

Иҷлосияи сарнавиштсоз дар давоми 17 рўз кори худро идома дод. Дар он тавре дар суханронии Э. Раҳмон омадааст, маҷмўан «74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо хеле бузург аст» (Ҷумҳурият.–2012.–21 ноябр).

Қарорҳои дар ин Иҷлосияи сарнавиштсоз қабулгардида дар мафкураи ҳар як сокини Тоҷикистон нақши муҳим гузошта, мардуми кишварро ба корҳои созандагӣ ҳидоят намудаанд, умеди мардумро ба зиндагии осоишта қавӣ ва эътимодашонро ба бунёди ҷомеаи демократӣ фузун гардониданд

Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи тақдирсоз, на танҳо дар дили сокинони кишвар ба зиндагии оромонаву осоишта нур бахшид, балки самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, ниҳодҳои иҷтимоӣ, ҳукумат ва давлатро муайян намуд. Маҳз бо шарофати Иҷлосия дар як муҳлати кутоҳ дар кишвар ҳукумати констиутсионӣ барқарор гардид ва фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатӣ аз нав ба фаъолият шурўъ намуданд. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дораи Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ - Нишону Парчам ва дигар рукнҳо гардид.

Иҷлосия ба фаъолияти минбаъдаи ВАО-и Тоҷикистон, аз ҷумла матбуоти он низ таъсир гузошт. Бо ба эътидол омадани вазъи ҷумҳурӣ оҳиста-оҳиста нашрияҳои даврӣ рўйи чоп омаданд. Фазои иттилоотии кишвар тадриҷан муътадил гашт, фаъолияти матбуот муайян шуд, он тадриҷан ба маҷро даромад, дуруғу буҳтонҳое, ки саҳифаҳои нашрияҳоро фаро гирифта буд, оҳиста-оҳиста кам гардид ва ҷойи онро инъикоси ҳақиқии воқеиёти иҷтимоӣ гирифт.

Матбуот дар инъикос ва мусоидат намудан ба дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мубрами кишвар, аз қабили хотима бахшидан ба бесарусомонӣ, кашмакашиҳо ва талошҳои беҳудаи мансабхоҳӣ, ба эътидол даровардани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, раҳоӣ аз вартаи буҳрони иқтисодӣ, ислоҳоти кишоварзӣ, тақсими замин ба аҳолӣ, бунёди шоҳроҳҳои азим ва таъмири роҳҳо, иктишофи нақбҳо, сохтмони иншоотҳои бузург, ба кор даровардани корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ, таҷлили маросимҳои анъанаию суннатӣ, ҷашнҳои таърихӣ, фарҳангӣ, миллӣ, тарғиби фармонҳои Президенти кишвар ва қарору дастуроти Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили танзими расму оин, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ки дар ҷомеаи кунунии мо маҳз бо шарофати самараи ояндасозии қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон амалӣ гардиданд, бешубҳа нақши муҳим, босазо ва некбинона дорад.

Тавре ишора шуд, матбуоти даврӣ ба ин воқеаи сарнавиштсоз дар марҳалаҳои гуногун таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудааст. Аз ҷумла, дар арафаи таҷлили 10 ва 20-умин солгарди он, афзудааст. Дар ин марҳалаҳо масъалаи мазкур дар васоити ахбори омма ба қатори мавзўъҳои муҳим шомил гардида, ки расонаҳо, хоса нашрияҳои даврӣ ба тарғибу ташвиқи он эътибори бештар додаанд. Ба ин мазмун ҳам дар барномаҳои радиову телевизион ва ҳам дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ таваҷҷуҳ ба ин масъала зиёд шуд. Рўзноманигорону публитсистон бо нигоштаҳои худ бори дигар моҳияти Иҷлосия, аҳамияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва миллии онро мавриди инъикосу баррасӣ қарор додаанд. Дар шарҳу тавзеҳи моҳияти Иҷлосия, сабабҳои баргузорӣ ва ҷараёни кори он, қарорҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ва амсоли ин, ки дар амнияти минтақа, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор намудани фаъолияти аркони давлатдорӣ, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, истеҳкоми ризояти иҷтимоӣ ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди бунёдкориву созандагӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт, дар қатори рўзноманигорон ҳамчунин ширкаткунандагон, шоҳидони баргузории Иҷлосия, муаррихон, адибону публитсистон, ҳодимони сиёсӣ низ иштирок намуда, бо нигоштаву суҳбат ва муколамаҳояшон паҳлуҳои гуногуни ин воқеаи сарнавиштсози миллатро боз ҳам равшан намуда, ба ин васила аҳамияти иҷтимоиву сиёсии онро нишон додаанд.

Шиносоии маводи матбуот нишон медиҳад, ки ҷараёни амали гардидани қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI-и Шўрои Олӣ, ноил гардидан ба сулҳ ва пойдории он, ваҳдати ризоияти миллӣ, истеҳкоми сохторҳои қудративу ҳуқуқӣ ва амсоли ин дар матбуоти даврӣ ба тарзи мудовим инъикос гардидааст. Аз он бармеояд, ки воқеан Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов тавонист дар як муддати кўтоҳ тақрибан 1 миллион нафар гурезаро ба Ватан баргардонида, садҳо манзили вайрону харобгашта, мактабу биноҳои маъмурӣ, пулҳо ва иншооти дигари осебдидаро бо азму талоши мардуми созандаву ободкор таъмир ва барқарор намояд. 

sadoi_mardum_4.jpg

Паёмади муҳими дигаре, ки дар Иҷлосияи 16-ум аз ҷониби раиси Шўрои Олӣ арза шуд, ҷонибдорӣ аз бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд буд, ки аз ҷониби Э. Раҳмонов чунин садо дод: «ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором кунем» (Садои мардум.–1992.–13 декабр). Вазъияти басо ногувори ҳаёти сиёсиву иҷтимоии оғози даҳсолаи 1990 нишон дод, ки ҳамагуна кашмакашӣ, ҷудоиандозӣ ва ихтилофангезиҳо ба аз байн рафтани давлати абарқудрати шўравӣ, дигар шудани сохти ҷомеа, моҳияташро гум кардани Коститутсияи мавҷуда, фалаҷ гардидани сохтори давлатдорӣ алоқаманд аст.

Барои пурзўр намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат, пеш аз ҳама, зарур буд, ки ба тарзи раъйдиҳии умумихалқӣ Констититутсияи нав қабул карда шавад. Ба ин мақсад бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, хоса роҳбари мамлакат 6-уми ноябри соли 1994 баъди муҳокимаҳои дуру дарози уммихалқӣ дар матбуот ва дигар ВАО ва дастгирии тамоми мардуми ҷумҳурӣ Конститутсия (Сарқонун) - и нав қабул гардид. Қабули Конститутсия дастуроти дар Иҷлосияи 16-ум қабулгардидаро ҷиҳати бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расмӣ кунонид. Бо қабул гардидани қабули Конститутсия масъалаи ба омма фаҳмонидани муҳтавои он, ҳамчунин рамзҳои давлатӣ: парчам, нишон, суруди миллӣ, ки аз нишонаҳои ҳастии давлатанд, ба миён омад. Дар инъикос ва баррасии ин масоил матбуоти даврӣ, хоса нашрияҳои расмӣ нақши муҳим ва ҷолиб гузоштанд. Доир ба ин ва дигар масъалаҳо дар нашрияҳои даври матолиби зиёде рўи чоп омад.

Таҷлили ҷашни 5, 10, 15 ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ, ки солҳои 1997, 2002, 2007 ва 2012 ба вуқуъ пайваст, низ аз омилҳои демократикунонии шуури омма ва, умуман, ҷомеа маҳсуб меёбад, зеро ҷашнгирии ин гуна маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бегумон давраи муайяни омодагиро талаб мекунад. Дар ин марҳалаҳо дар ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимиву пажўҳишӣ, корхонаҳои саноативу кишоварзӣ, чорабиниҳои гуногун ташкил ва гузаронида шуданд, ки бегумон дар баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шиносоӣ бо анъанаҳои таърихӣ, ҷонбозиҳо дар роҳи барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳёи анъанаҳои неки халқ, рушди иҷтимоиёту фарҳанги миллӣ ба мардум, минҷумла ҷавонону наврасон бе таъсир набуданд. Ҳамзамон чунин чорабиниҳо дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷалби онҳо ба корҳои иҷтимоъ аз аҳамият холӣ нест. Албатта, дар тарғиби ин ва монанди ин авомил муассисаҳои гуногуни фарҳангиву таълимӣ нақш доранд, аммо ҳеҷ кодоми онҳо баробари ВАО, аз ҷумла матбуоти даврӣ таъсир гузошта наметавонад.

Матбуоти даврӣ, аз як тараф, ҳамчун оинаи рўз ин гуна воқеаро мунъакис кардааст, аз ҷониби дигар, барои ояндагон ҳамчун манбаи хуби боэътимод маводи хуби воқеиро боқӣ гузоштааст. Ба ин маънӣ, матолиби фарогирандаи масъалаи мазбурро ба ду қисм метавон ҷудо намуд:

  • а) маводе, ки хусусияти ахборӣ дошта, аз баргузории ин ва ё он чорабинӣ ба муносибати Иҷлосия 16-ум, навишта шудаанд;
  • б) матолибе, ки хусусияти таҳлилӣ доранд ва мақсади асосиашон таҳлил ва баррасии аҳамияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ин воқеаи сарнавиштсоз мебошад.

Дар матбуоти даврӣ, хусусан, дар арафаи таҷлили солгардҳо мақолаҳои фарогирандаи арзишҳои Иҷлосия хеле зиёд ба назар мерасад. Ин ҷо метавон чанде аз онҳоро ҳамчун намуна ишора намуд. Аз ҷумла, аз нашрияи «Ҷумҳурият» нигоштаҳои Саидмурод Фатоев «Даҳ соле, ки Тоҷикистон устувор гардид» (2001, 4 октябр), Холмаҳмади Мавлон «Аз остони падар то минбари баланд» (2001, 4 октябр), Маҳмадраҷаб Холов, «Иҷлосияи сарнавиштсоз» (2001, 13 ноябр), ), Фозил Тоҳиров «Ба роҳи ваҳдат ва созандагӣ» (2001, 21 ноябр), Садриддин Ҳасанзода «Як лаҳзае, ки маънии як умр дошт» (2001, 10 декабр) Мирзои Фирўз «Иҷлосияи Хуҷанд ибтидои ҳаракату давлат буд» (2001, 11 декабр), Кароматулло Олимов «Орзуҳое, ки амалӣ гаштанд» (2002, 11 феврал), Аъзам Бобоев «То вақте ки охирин гурезаро ба ватан баргардонам ман худро ором ҳис карда наметавонам» (2002, 19 феврал), Ғафур Рустам «Арбоб, эй маъвои ормонҳои халқам» (2002, 5 март), Абдуфаттоҳ Раҳимов «Анҷумани наҷоти давлат ва нишони миллӣ» (2012, 10 ноябр), Мерган Шабозав «Иҷлосияи XVI- сароғози таърихи навини Тоҷикистон» (2012, 13 ноябр), Фозил Тоҳиров «Ин санадҳо ба беҳокимиятӣ нуқта гузоштанд» (2012, 13 ноябр), Аброр Мирасаидов «Анҷуман миллати тоҷикро ҷони тоза бахшид» (2012, 13 ноябр), Мурод Муродӣ «Матбуот ва паёмадҳои иҷлосияи сарнавиштсоз» (2012, 13 ноябр), Баҳриддин Аҳмадов «17 рўзе, ки мақоми абадият дорад» (2012, 13 ноябр), Сироншои Диловар «Ҳамраъйии гарми мардум» (2012, 13 ноябр), Салимзода Шерхони Одина «Иҷлосияи шонздаҳум ва лидери миллӣ» (2012, 21 ноябр), Қурбон Восеъ «Иҷлосияи XVI-ум ва дастоварди бузурги он» (2012, 6 декабр), Муҳаммад Ғоиб «Самтҳои ҳидоятгар» ( 2012, 1 декабр), Урватулло Тоҳиров «Гузаштаро фаромуш накунем. Дар ҳошияи суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат дар таҷлили 20-солагии Иҷлосияи XVI-ум -уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012, 11 декабр), Файзуллоҳи Муҳаммадалӣ «Сабақҳои ҷовидонаи Иҷлосияи XVI» (2012, 20 декабр), «Садои мардум» Карим Абдулов «Наҷотбахши миллат» (2001, 17 декабр), Кароматулло Олимов «Иҷлосияи тақдирсоз» (2002, 13 феврал),, Кароматуллои Аҳмад «Киштие сохтем аз накўкорӣ» (2002, 22 феврал), «Омўзгор» Д. Назаров, М. Алямова «Иҷлосия ва давлатдории миллӣ» (2012, 30 ноябр), Санавбар Ҳусейнова «Моҳияти панҷгонаи Иҷлосия» (2012, 23 ноябр), Б. Ҳайдаров, А. Турсунов «Арбоб кӣ буд» (2012,16 ноябр), Қ. Зиёев «Ватанпарастӣ хислати волост» (2012, 16 ноябр), Г Аминова «Оғози марҳилаи созандагӣ» (2012, 26 октябр) ва амсоли ин ки дар арафа ва рўзҳои таҷлили 10 ва 20-солагии Иҷлосияи 16-ум интишор гардидаанд, барои дарки моҳият ва мақсади ин воқеа, шинохти ҷанбаҳои таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва миллии он, ҷараёни татбиқи қарору дастурот, донистани таърих, дуруст дарк намудани воқеаҳои муҳими барои халқу миллат тақдирсоз ва ҳидояти мардум ба худшиносиву худогоҳӣ, ваҳдату ягонагӣ бунёдкориву созандагӣ аҳамияти ҳаматарафа доранд. Ин гуна матолиб на танҳо аҳамияти рўзмарра, балки дар солҳои тулонӣ арзиши худро гум нахоҳанд кард. Алалхусус онҳоро дар солҳои баъдӣ дар ташкили суҳбатҳо, семинару конференсияҳо, хулосаву гузоришҳо доир ба ин Иҷлосия метавон истифода намуд.

Барои далели фикр баъзе аз ин матолибро ба таври муфассал таҳлил менамоем. Масалан, дар мақолаи профессор Курбон Восиев «Иҷлосияи XVI-ум ва дастоварди бузурги он» («Ҷумҳурият», 2012, 6 декабр), ба тарзи иҷмолӣ аз нақши муқаддас доштани ин Иҷлосия дар сарнавишти давлати миллии мо, аз маҳву нобудӣ наҷот бахшидани давлати ҷавону мутамаддин ва кўҳанбунёди тоҷикон сухан меравад.  Мундариҷаи ин нигошта як навъ таҳлилҳои олимонаи муаллиф аст, ки аз дарки баланди сиёсии ў дарак медиҳад. Таҳлилҳо дар заминаи воқеаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, хусусан Иҷлосияи 16-ум сурат гирифта, натиҷаҳо ба сурати тезис баён шудаанд. Муаллиф аз бист дастоварди бузург, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он ноил шуд, сухан ронда, ибтидои онро ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсоз мансуб медонад.

Нигоштаи омўзгори мактаби №18-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Санавбар Ҳусейнова «Моҳияти панҷгонаи иҷлосия» то андозае ба мақолаи фавқ наздикӣ дорад, зеро ин муаллиф низ кўшидааст дастовардҳои Иҷлосияи мазкурро дар шакли тезисҳо баён созад.

Бояд қайд кард, ки аксари муаллифоне, ки доир ба моҳият, рисолат ва аҳамияти Иҷлосияи 16-ум матолиб интишор намудаанд, кўшидаанд, ки ба он бештар муносибати сиёсӣ дошта бошанд, ки ба назари инҷониб дуруст ҳам ҳаст, зеро ин анҷумани сиёсӣ аст ва, пеш аз ҳама, манфиатҳои сиёсиро думболагирӣ менамояд.

Дар бораи арзиш ва аҳамияти сарнавиштсозии иҷлосияи 16-ум на танҳо олимону сиёсатшиносон, адибону публитсистон ҳамчунин шоҳидон ва иштирокчиёни он низ хотироти худро интишор намудаанд. Масалан, дар шумораи 13-уми ноябри соли 2012-и нашрияи «Ҷумҳурият» нигоштаи Баҳриддин Аҳмадов иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондиҳандаи маданияти Тоҷикистон, аъзои Шўрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллии ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд зери рубрикаи «Ёддошт» ба табъ расидааст.

Омўзиши нашрияҳои мавриди назар ҷиҳати бозтоби  Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҶТ ва паёмадҳои он нишон медиҳад, ки онҳо то андозае паҳлўҳои гуногуни Иҷлосия, зарурати баргузорӣ, қарору дастуроти дар он қабулшуда, заҳмату талошҳо ва нақшаву ниятҳои раиси тозаинтихоб, баъдтар Президенти ҷумҳурӣ – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ғоягузор ва роҳбару раҳнамои ин воқеаи сарнавиштсоз ва ҷараёни бунёди ҷомеаи навин ошкорову воқеъбинонаро инъикос намудаанд. Дар бозгу, инъикос ва нишон додани ҷараёни татбиқи тақдирсозии қарору дастуроти ин Иҷлосияи таърихӣ ашхоси гуногун – муаррихон, ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон, роҳбарони макомоти гуногуни ҳукумат, омўзгорон ва рўзноманигорон иштирок намуда, ба ин васила, аз як сў, дар ифшои ҳақиқати воқеӣ ва аз ҷониби дигар, дар тарбияи ҳисси ватанпарастӣ ва масъулиятхоҳии мардум нақш гузоштаанд. Дар баробари ин дахолати рўзноманигорон нисбатан камтар ба назар расид. Ба ин маънӣ, агар рўзноманигорон бо шоҳидони ҳол, суҳбатҳо ташкил намудаву хотираву таассурот ва диду назари онҳоро ба қалам оварданд, раванди воқеии ин Иҷлосияи шукуҳи дигар пайдо мекунад ва аҳамияташ дучанд мегардад.  Ҳамчунин дар арафи ин санаи таърихӣ дар саросари кишвар чорабиниҳои зиёди иҷтимоиву фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуданд, аммо на ҳамаи онҳо дар матбуоти даврӣ инъикос шудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мунъакиси ин масъала дар нашрияҳои даврӣ аз ҷумла, «Ҷумҳурият» ва «Омўзгор» яксон нест. Нашрияи «Ҷумҳурият» ба ин масъала, дар рўзҳои таҷлили 20-умин солгарди ин тааҷҷуҳ намуда, дар ду шумора маводи фаровон интишор намудааст. Як хусусияти матолиби ин нашрия он аст, ки дар онҳо рўҳияи сиёсӣ пурқувват аст. Ташреҳҳо бештар моҳияти сиёсӣ пайдо кардаанд. Ҳафтаномаи «Омўзгор» дар муқоиса ба «Ҷумҳурият» барвақттар ба инъикоси ин масъала шурўъ намуда, маводи фаровон ба чоп расонидааст, ки муҳтавои онҳоро аҳамияти Иҷлосия, гузаронидани чоабиниҳои маърифатӣ дар макотиби таҳсилоти умумии кишвар, ташкили дарсҳои тарбиявӣ доир ба ин воқеаи таърихӣ ва амсоли ин ташкил медиҳад. Дар айни ҳол нашрияи «Тоҷикистон» низ ба ин санаи бузурги таърихӣ эътибори хоса медиҳад, ки интишори андешаҳои шоҳидони ҳол далели он аст.

Умуман, дар инъикос ва тарғиби ахамияти сарнавиштсозии ин воқеаи таърихӣ, ҷараёни амалӣ гардидани қарору дастуроти дар он қабулгардида, бунёди ҳаёти осоишта ва саҳми шахсиятҳои алоҳида дар ин раванд нақши ВАО, минҷумла матбуоти даврӣ хеле муҳим будааст. Матбуот, хоса нашрияҳои мавриди омўзиш паёмадҳои ин Иҷлосияи сарнавиштсозро ҳамеша пайгирӣ намуда, аз як тараф, моҳият ва ҳақиқати таърихӣ, ичтимоӣ ва сиёсии онро намо дода бошанд, аз сўйи дигар, мардумро ба якпорчагӣ, якдилӣ, сулҳу ваҳдат, кору фаъолият, меҳнати ҳалол даъват намуда, ба ин васила ба баланд гардидани меҳри ватандўстиву ҳисси миллии мардум замина гузоштаанд.

murod.jpg

 

 

Мурод Муродӣ
профессори Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон

барчасп: