Activities calendar

24 ноября 2017

Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон

Ранги сабз ба маънои кулл рамзи сабзиши гиёҳон, нашъунамо, хуррамӣ ва фаровонӣ ба шумор меравад. Дар давраҳои қадим, тибқи асотири Эрони бостон, Сиёвуш эзад ё Худои олами гиёҳон будааст, ки дар тирамоҳ мефавтад ва дар баҳор дубора зинда мешавад. Яъне баробари он рустаниҳое, ки барг мекушоянду сабз мешавад, Сиёвуш дубора, гўё, ранги сабз гирифта ба дунё бармегардад.  Дар устураҳои ориёӣ, ки дар Авесто инъикос ёфтаанд, нахустин ҷуфти башар – Машийа ва Машйона дар шакли  буттаи ревоҷ ё ревос (чукрӣ) аз

барчасп: