Парчами миллӣ – рамзи ҳувиятсози тоҷикон

Ранги сабз ба маънои кулл рамзи сабзиши гиёҳон, нашъунамо, хуррамӣ ва фаровонӣ ба шумор меравад. Дар давраҳои қадим, тибқи асотири Эрони бостон, Сиёвуш эзад ё Худои олами гиёҳон будааст, ки дар тирамоҳ мефавтад ва дар баҳор дубора зинда мешавад. Яъне баробари он рустаниҳое, ки барг мекушоянду сабз мешавад, Сиёвуш дубора, гўё, ранги сабз гирифта ба дунё бармегардад.  Дар устураҳои ориёӣ, ки дар Авесто инъикос ёфтаанд, нахустин ҷуфти башар – Машийа ва Машйона дар шакли  буттаи ревоҷ ё ревос (чукрӣ) аз замин рўидаанд, яъне дар қолаби бутта рўидаанд ва сипас сурати инсониро гирифтаанд.

Парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, нишону суруди миллӣ ва қаламрав муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрўз парчам ба ҳайси як нишона, як аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хидмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофиё, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва ё он халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Дар парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боло ранги сурх ҷойгир шудааст, ки ранги сурх рамзи шодӣ, рамзи ҷавонӣ, рамзи қудрат ба шумор меравад. Масалан, ранги парчами Иттиҳоди Шўравӣ пурра сурх буд, ки он ифодагари қудрату тавоноӣ маҳсуб буд. Дар мобайни парчами мо ранги сафед ҷой дорад. Ранги сафед – рамзи сулҳу амният, осоиштагӣ ва покӣ аст, яъне кишвари мо, давлати мо, миллати мо, ҳамеша тарафдори сулҳу субот ва оромию осоиштагӣ буд ва мебошад. Ранги сабз, ки дар поёни парчам мақом дорад, ишора аз сарзамини сабзу хуррами мост. Он рамзи ободиву халлоқият ва сарсабзиву нумўи миллатро ифода мекунад.

Ин гуна шарҳҳо метавонанд нисбат ба парчамҳои халқу миллатҳои дигар гуфта шаванд. Аммо боз ҳам дар парчами миллии мо, ба вижа дар рангҳои он рамзу асроре нуҳуфтаанд, ки то ба имрўз муҳаққиқон камтар ба онҳо таваҷҷуҳ карданд. Масалан, се ранге, ки дар парчами кишвари мо мавҷуданд, инҳо ифодакунандаи се марҳилаи таърихии фарҳангу дину эътиқоди ниёгони мо мебошанд. Ранги сурх ишораи рамзӣ ба замони ориёиҳо аст, яъне аз қадим ориёиҳо ойини митрозим ё бо номи дигар – меҳрпарастӣ доштанд. Митро ё Меҳр, дар тасаввуроти ориёиҳо, худои фурўғу рўшноӣ ва эзади нурҳои офтоб буд, ки рангаш тиллоиву сурх аст. Агар мо ба устураҳои қадими ориёиҳо ва навиштаҳои Авесто таваҷҷуҳ кунем, ин мазмун дар он ҷо хеле хуб инъикос ёфтааст. Ва ҷашни Меҳргон низ марбути ин ойин буда, дар тирамоҳ асту ҳамаи табиат рангҳои сурху заррин доранд. Дар ҷашни Меҳргон подшоҳон ва дигар аъёну ашроф ҷомаҳои сурх мепўшиданд. Дар ойини дигари митроӣ Шаби Ялдо ба дастархони маросимӣ анор ва тарбузи сурх мегузоштанд. Ин сурхигузориҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки вақте офтоб тулуъ мекунад, аз шафақи он ранги осмон сурхчатоб мегардад. Ҳамин тариқ, ранги сурх ба ойинҳои меҳрпарастӣ марбут мебошад, ки то ба имрўз унсурҳо ва бозмондаҳои он дар фарҳанги мардуми тоҷик ба назар мерасанд.

Ниёгони мо пас аз ойини меҳрпарастӣ  кеши зардуштиро қабул кардаанд. Яке хусусиятҳои фарҳангии ойини зардуштӣ интихоби ранги сафед дар аксари расму одат ба шумор мерафт. Аз додаҳои таърихию фарҳангӣ ва асотирӣ маълум аст, либосҳои ибодатии зардуштиён сафед буду ҳаст. Ранги сафедро дар ороиши хона, дар вақти ҷашни арўсӣ, дар иҷрои баъзе расмҳо истифода менамуданд. То ба имрўз бисёр суннатҳое дар фарҳанги мардуми тоҷик дорем, ки аз сафедписанди мардум дарак медиҳанд. Чунончи, дар арафаи ҷашни Наврўз девори хонаҳоро сафед кардан, рўи суфраи наврўзӣ ниҳодани хўрокҳои сафедранг, аз ҷумла, хўрокҳое, ки аз шир ва ё биринҷ таҳия мешаванд, гузоштани паниру ҷурғоту саршир ва ғайра. Инчунин ба дастархони наврўзӣ сирпиёз мегузоранд, ки рангаш сафед аст, себ мегузоранд, агар себро пора кунем дарунаш ранги сафед дорад, санҷид низ мегузоранд, агар санҷидро пора кунем, дарунаш сафед аст.

Дар деҳоти Бадахшон одате мондааст, ки дар Наврўз ба хонаҳои якдигар меҳмон мешаванд ва соҳибхона ба китфи меҳмон орди сафед мепошад. Дар маросими ордбезон бонувон ордро мебезанд ва дар рўйи якдигар шухиомез орд мемоланд, ки ин амал аз рамзу асрори ранги сафед реша мегирад. Дар ҷашни арўсӣ арўс пироҳани сафед дорад, дар маросимҳои азодорӣ бонувон рўймоли сафед ва куртаҳои сафедчатоби бегул мепўшанд ва ғайра.

Мо гуфта метавонем, ки ранги сафед дар фарҳанги мардуми мақоми хосса дорад ва барои ҳамин ҳам ин ранги сафед дар парчами мо ҷойгоҳи худро ёфтааст. Дар фарҳангу асотири мардумони ориёӣ ранги сафед рамзи бегуноҳӣ аст, беолоишӣ аст, рамзи покӣ аст. Покӣ аз ҳамаи гуноҳҳо аст, андешаву нияти сафед доштан аст. Дар омади сухан бояд ёдрас шуд, ки номи яке аз қаҳрамонони бостонии мо Спитамен аст ва маънои ин ном «шахси дорои андешаи сафеду пок» мебошад. Инчунин дар ҳангоми якдигарро ба сафар гусел кардан мо тоҷикон «роҳи сафед» мегўем, яъне роҳи бехатар, роҳи амн мехоҳем. Хулоса, ранги дуюми парчами мо ишора ба ана ҳамин ақоиди фарҳангии мардуми тоҷик, ки аз давраҳои қадим ранги сафедро афзал шумурдаанд.

Дар зинаи сеюм ё қабати сеюми парчами мо ранги сабз ҷойгир шудааст. Ранги сабз ба маънои кулл рамзи сабзиши гиёҳон, нашъунамо, хуррамӣ ва фаровонӣ ба шумор меравад. Дар давраҳои қадим, тибқи асотири Эрони бостон, Сиёвуш эзад ё худои олами гиёҳон будааст, ки дар тирамоҳ мефавтад ва дар баҳор дубора зинда мешавад. Яъне баробари он рустаниҳое, ки барг мекушоянду сабз мешавад, Сиёвуш дубора, гўё, ранги сабз гирифта ба дунё бармегардад.  Дар устураҳои ориёӣ, ки дар Авесто инъикос ёфтаанд, нахустин ҷуфти башар – Машийа ва Машйона дар шакли  буттаи ревоҷ ё ревос (чукрӣ) аз замин рўидаанд, яъне дар қолаби бутта рўидаанд ва сипас сурати инсониро гирифтаанд. Ранги сабзро инчунин дар Авесто ранги Аҳурамаздо медонистанд. Зеро ў худои офаридгор ба ҳисоб мерафт. Инчунин гиёҳи муқаддаси ҳаум ва испанд низ аз қадим дар фарҳанги мардуми эронитабор ҷойгоҳи мумтоз доштаанд.

Дар бозёфтҳои археологӣ, дар намунаҳои тавирӣ, дар  афсонаву ривоятҳо ва бовару ақидаҳо роҷеъ ба дарахтони муқаддасу ғайриодӣ, масалан, дарахти ҳаёт, тасвирҳои гуногун зикр шудаанд. Чунончи, дар афсонаи «Духтари ҷасур» қаҳрамондухтар барги дарахтро гирифта ба чашми нобинои падараш мемолад, ў дарҳол бино мегардад. Ё худ дар бораи дарахти арча ё  бурс, ки ҳамеша сарсабз аст, ривоятҳои гуногун эҷод шудаанд. Чунин тасвири рамзомези гиёҳони сарсабз дар таърихи тамаддуну фарҳанги мардуми мо зиёданд.

Баъдтар мо ранги сабзро дар дини мубини Ислом мебинем, ки мазмуну тафсири дигар пайдо карданд. Ранги сабз дар  ислом рамзи тарвиҷ ва сабзишу зоиш аст.  Ба андешаи баъзе муҳаққиқон, ранги сабз рамзи таслим ба шумор меояд. Вақте кас ранги сабзро мебинад, масалан, муҳити сабзро мебинад, вуҷудаш сусту ором мешавад. Яъне дар муқобили табиати сабз таслим мегардад. Дар ривоятҳои марбут ба ҳазрати Хизр, ё пешвоёни дин онҳо бо ҷомаи сабз онҳо намудор мешаванд. Гумбазҳои мақбараву мадрасаҳоро низ ранги сабз мекунанд. Ҳамин тариқ ранги сабз дар фарҳанги мо ҳам хеле мавқеи муҳим дорад, аз як тараф он агар ранги хосси дини Ислом бошад, аз ҷониби дигар он рамзи сарсабзиву хуррамӣ аз давраҳои қадимтарин ҳамқадами ниёгони мардуми тоҷик будааст. Ранги сабз рамзи кишоварзию деҳқонӣ ба шумор рафта, далели он аст, ки ниёгони тоҷикон аз даврони қадим мардумони муқимӣ ва зироаткору боғдор будаанд. Кишвари мо ҳам саросар ҳамаҷо сабз аст. Дур намеравем, агар ба харитаҳои табиию ҷуғрофӣ нигоҳ кунем, ё ба аксҳое, ки аз моҳвораҳо мегиранд, нигарем. Тоҷикистон воқеан ҳам сарсабз аст.

Ва ниҳоят, мо дар маркази парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷро мебинем, ки ба худ ҳикмату маънии фаровон дорад. Тоҷи заррин ишора ба соҳибтамаддун будани  мардуми тоҷик мебошад.  Яъне тоҷикон қавм ё халқи кучӣ набуданду нестанд. Халқҳои қазоқу қирғизи ҳамсояи мо, ки дар гузашта ҳаёти кўчӣ ба сар мебурдаанд, ки имруз ҳам эътироф ва ифтихор мекунанд, ки мо авлоди кўчӣ ҳастем ва юрт нишонаи суннатии онҳо, рамзи онҳо ҳаст. Аммо рамзи халқи тоҷик тоҷ мебошад. Ин рамз собит месозад, ки аҷдоди тоҷикон шаҳрнишин буданд, шаҳрсоз буданд, ободгар буданд ва то имрўз  ҳастанд. Бинобар ҳамин андешаҳо,  рамзҳои парчами мо хеле амиқу пурҳикмат ва таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии мо мебошанд.

Дар фароварди сухан, таҷлили Рўзи Парчами давлатиро ба якояки мардуми гиромии Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ мубораку фархунда бод, мегўем ва орзу дорем, ки дар мусобиқоту маъракаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ парчами Тоҷикистон ҳамчун нишонаи пирўзӣ ва сарафрозӣ беш аз пеш ва пайваста афрохта шавад.

Ин мақоларо бо суханони Пешвои миллат ба поён мебарам:

“Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дорад ва ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллии мо ба ҳисоб меравад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Дилшод Раҳимов,
н
омзади илми филология,
Муовини директори Пажўҳишгоҳи
илмӣ-тадқиқотии
фарҳанг ва иттилоот

барчасп: