Дасти поку қалби пурмеҳри Сарвар кишварро аз нобудӣ наҷот дод

Дили пок, нияти нек, такя ба фазли ҷаҳонофарин, эътиқод ба хиради мардум, тааммул бар ҳикмату омўзаҳои таърих аз оғози кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар сиришти маънавӣ ва иродати сиё­сии ў мазҳари тамоми корсозиҳо буд, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагӣ ва сарна­вишти миллат, давра ба давра ба сўи эҳёву камолот роҳ мекушод.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати ду­воз­даҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид. Дар кори Иҷлосия беш аз 190 нафар вакил иштирок намуд ва дар он дар маҷмўъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Аз ҷумла, Иҷлосия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Парчами давлатии Тоҷи­кистон», «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи давлатии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйи­роту иловаҳо ба Конститутсия (Қонуни асосӣ)» қабул кард, ки тибқи ин аснод ваколатҳои Президенти Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ба дўши Раёсати Шўрои Олӣ, Раиси Шўрои Олӣ ва Шўрои Вазирон вогузошта шуд ва Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Сардори давлат эълон гардид. Ҳамзамон, Иҷлосия Сарвари давлат – Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Шўрои Олӣ, Шўрои Вази­ронро интихоб ва самтҳои тараққиёту пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуня­виро муайян намуд.

Мардуми Тоҷикистон дар Раёсати олии кишвар шахси­яти ормониеро дидан мехостанд, ки аз қалби мар­дум бархоста, шебу фарозҳои зиндагӣ, талху ширинӣ, дарду мушкилот ва орзуву омоли ўро донад, розу ниёз­ҳои кунуниву таърихии миллатро дар мағзи ҷони худ парваридаву эҳсос карда бошад, бо садоқати фарзандӣ халқу Ватанро ҳимоят ва ба зиндагии шоистаи озодвор ҳидоят намояд. Вакилон бо такя ба ин ҳусни нияти мардуми азияткашида ҷавонмардеро ба сарварии миллат баргузиданд, ки бо ҷасорату тавон­мандӣ, фазилати давлатдорӣ ва мардумсолорӣ, бо фаросату заковати фитрӣ, бо муҳаббати сўзон ба хиттаи аҷдодӣ дармон бахшидан ба захмҳои носури миллатро ба дўш гирифт.

Аввалин сухани Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Раиси Шўрои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон – «Ман ба Шу­мо сулҳ меоварам… Мо ҳама бояд ёру бародар бошем» паёме рўшан аз хираду ормонҳои халқ буд, ки дар фитрат ва дилу нияти поки фарзанди арҷманди баргузидааш та­ҷассум ёфта буд.

Дар ин ибороти софу сода, ки дар фазои ғуборолуди яъсу ноумедиҳо бо ихлосу муҳаббат, бо имону эътиқод садо дод, як ҷаҳон маънӣ ва калиди кушоиши ҳама уқда­ву мушкилот нуҳуфта буд. Ин нидои Сарвари нав­қирони тоҷикон на танҳо паёми оштиву созиш миёни бародарони ҳамтан ва ҳамимон, балки занги бедорӣ, фасли бозгашт ба асолати зиндагӣ, фасли эҳёи иқтидори рўҳоние буд, ки миллати тоҷикро дар дарозои ҳазор­солаҳо зиндаву поянда медошт. Гардиши айём, ки дова­ре холис ва мун­сифу одил аст, собит намуд, ки фарҳанги сулҳ дар ниҳоди маънавӣ, ҷаҳоншиносӣ ва иродати ахлоқиву инсонии Эмо­малӣ Раҳмон асли зиндагисозе аст, ки дар рисолат ва сиёсати давлатдории худ муво­зинату оромишро дар вуҷуди ҳар инсон, дар ҳастии ҷамъият ва дар муносиботу муомилот бо қавму миллатҳои дигар меҳвари ҳама пирўзиҳо ва пиндорҳои нек ба шумор меоварад.

Дили пок, нияти нек, такя ба фазли ҷаҳонофарин, эътиқод ба хиради мардум, тааммул бар ҳикмату омўзаҳои таърих аз оғози кишвардории Эмомалӣ Раҳмон дар сиришти маънавӣ ва иродати сиё­сии ў мазҳари тамоми корсозиҳо буд, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилоти хорошикан дар зиндагӣ ва сарна­вишти миллат, давра ба давра ба сўи эҳёву камолот роҳ мекушод.

Нуфузи тафаккури саҳеҳи созанда ва иродаи қавии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозии иродати мардум дар ҳамаи самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мам­лакат: бунёди ниҳодҳои давлатӣ бо гузиниши афроди муносиб, бозсозии занҷири гусастаи умури иқтисодии кишвар, бозгашти фирориён, музокироти сулҳу салоҳ хеле барҷаста ба зуҳур омад. Ин нуфуз дорои таъсири амиқе буд, ки воқеият ва раванди ҳаводиси кишварро ба як марказ ҷамъ оварда, заминаҳои ислоҳоту таҷаддуд ва тако­мули дохи­лии низоми давлатдорӣ ва умури идори­ро фароҳам сохт. Дар миёни ин ибтикорот, ки пайваста ва бо тавозун ба ҳамдигар сурат мебастанд, ислоҳоти конститутсионӣ ба ҳукми расмияти сиёсӣ пайдо кардани низоми давлат­дорӣ дар дохил ва хориҷи киш­вар мақоми хос касб намуд.

Аввал аз ҳама ба раванди таҷдид ва такмили ҳоки­мияти давлатӣ ҳамчун зинаи муқаррароти конститут­сионии мақомоти давлатӣ оғоз ниҳода шуд, ки дар зами­наи танзими фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ ва тасмим­гириҳои қатъӣ дар ислоҳоти конститутсионӣ ба вуқўъ пайваст. Аз ин дидгоҳ, Шўрои Олии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми олии идоракунӣ пазируфта шуда, ваколатҳои роҳбарии давлатро ба Раиси Шўрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуд.

vahdam.jpgАввалин арму­ғоне, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Роҳбари давлат ба мардуми тоҷик овард, паёми сулҳ буд. Ва аввалин иқдоми сулҳ­офаринӣ бо бахшоиши гуноҳ, бо бахшоиши гуноҳи онҳое оғоз ёфт, ки дар муқо­били ҳамдигар сангар гирифта буданд. Сулҳ ва афви гуноҳ фоли неке аз қадами мубораки роҳбари навхостаи тоҷикон буд, ки бо шоистагӣ ба саҳнаи бузурги сиёсат ворид шуд. Бо ҳадафи фурў нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, густариши сулҳу салоҳ ва ҳусни тафоҳум дар миёни қишру табақаҳои мухталиф, ташки­лотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон қароре ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ашхосе, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар манотиқи даргириҳои мусаллаҳона амалҳои ғайриқонунӣ содир намудаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод карда шуданд.

Армуғони сулҳ, гузашту бахшоиш, иқтизо ва даъва­ти ҷомеаи тоҷикон ба ваҳдату ҳамдилӣ ва ширкату ҳам­дастӣ дар таъсис ва идораи ҳокимияти давлатӣ ба хотири як­пор­чагиву тамомияти арзии Тоҷикистон ва наҷоти мил­лат, ки Сарвари давлат самимона изҳор дошт, фарзандони ғаюру баномуси Ватанро ба ҳам овард, иродати неки мардумро дар пайравӣ аз сарвари худ ба иттиҳоди нерў­манде табдил дод. Сафарҳои Эмо­малӣ Раҳмон ба нуқта­ҳои доғ ва бошишгоҳи гурезагон ва мулоқотҳои ў бо мар­думи мазлум худ ҳамосаест муассиру ибратомўз дар таъ­ри­хи давлатдории навин.

Дар муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат баро­бари зарурати таъсиси Артиши Миллӣ ва баргар­донидани гурезаҳо бо таҳлилу нигариши жарф ба вазъи сиёсии киш­вар ва натиҷабардориҳои мантиқӣ ҳалли фаврии чаҳор вазифаро дар таҷаддуди ниҳодҳои давла­тӣ муқаддам донист ва дар иҷрои онҳо муваффақ гардид: дар тамоми гўшаву канори ҷумҳурӣ барқарор намудани ҳокимият, мақомоти идоракунӣ ва таъмини фаъолияти муназзами онҳо; истиқрори сохтори мақо­моти амалкунандаи муҳо­физати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ин мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ; таҳ­кими дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини роҳ ёфтани Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ин замина мусои­дат дар эътирофи мақоми кишвар ба унвони узви комилҳуқуқи анҷумани давлатҳои олам. Эмомалӣ Раҳ­мон дар муроҷиатномаи худ афзуда буд: “мо вази­фадорем, ки аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро дав­ла­те, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳр­вандонашро таъмин карда наметавонад, дар пешорўи таърих аслан арзише надорад”.

Бо такя ба ин дастуроти барномавӣ дар таъмини усту­вории амнияти миллӣ Раёсати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ҳал­ли масъалаҳои халъи силоҳ дар миёни гурўҳ­ҳои силоҳ­бадаст, таҳкиму тавсеаи фаъолияти воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ, муҳофизати марзҳои ҷумҳурӣ, беҳсозии вазъи иқтисодии мамлакатро дар меҳвари дурнамои амали худ қарор дод ва  дар робита ба ин масоил дар сатҳи Шўрои Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул намуд. Татби­қи ин  барнома, ки саранҷоми он таъмини сулҳу салоҳ ва фазои оштӣ дар миёни нерўҳои даргир буд, воқеъан пиёда шудани ормонҳои Сарвари ҷавони мамлакат буданд ва дар сурати қарорҳои Ҳуку­мат ва қонунҳои қабулкардаи Шўрои Олӣ расмият ёфта, батадриҷ назми зиндагии иҷтимоӣ ва назми давлат­дориро ба ҳолати табиӣ ва мўътадил бозовард ва бо парваридани эҳсоси амният, бова­ру эътимод дар зеҳни ҷомеа мардумро ба фаъоли­ятҳои созанда ҳидоят намуд.

znak.jpgПойдории Истиқлолият, ҳифзи якпорчагии давлат, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, фурў­нишонии муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодга­риҳо таъсиси Артиши Миллиро тақозо дошт. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи фев­рали соли 1993 амалан дар ҷои холӣ, дар шароите, ки пойгоҳи моддиву техникаи лозим муҳайё набуд, бунёд ниҳода шуд. Бо вуҷуди вазъияти ниҳоят мураккаби иқтисодӣ Раёсати Олии ҷумҳурӣ имкон ва тавон ёфт, ки дар муддати кўтоҳ Артиши Миллиро бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва дигар лавозимот таъмин намояд. Аз сўи дигар, ҳарчанд нерўҳои сулҳхоҳи кишварҳои ҳамсоя бо хоҳиши Тоҷикистон барои ҳифзи сарҳад ворид гардида буданд, Эмомалӣ Раҳмон бо дурнигарӣ ва ояндабинӣ, бо вуҷуди вазъи мураккаби иқти­­содии кишвар ба таъсиси артиш ва нерўҳои сарҳад­бонии миллӣ тасмим гирифт.

Дар кўтоҳтарин фурсат хомўш кардани оташи ҷанги хонумонсўзи дохилӣ дастоварди таърихии Эмомалӣ Раҳ­мон буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ чун таҷри­баи нодири сулҳофаринӣ ва файсалаи мухосимати шаҳр­ван­дӣ арзёбӣ ва эътироф гардид. Дар партави ин ибти­короти Сарвари давлат, Раёсати Шўрои Олӣ ва Шўрои Вазирон як силсила қарору фармонҳо интишор доданд. Афви умумӣ, халъи силоҳ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, тавсеаи муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишвар­ҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар татбиқи сиёсати давлатии Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим гузошта, дар пайвастагӣ бо истиқрори мақомоти идории маҳаллӣ, танзими фаъолияти вазоратҳо ва идо­раву кумитаҳои давлатии ҷумҳурӣ мардумро бовар бах­шид, ки ҳукумати нерў­манду устувор ташаккул ёфтааст, ки қодир аст амнияти ҷомеаро дар тамоми қаламрави мамлакат таъмин намояд.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барҳақ, сароғози ин таҳаввули бунёдӣ дар зиндагии иҷти­моӣ ва низоми идории мамлакат буд, ки бо ҳидоят ва корномаҳои Сарвари навқирони кишвар бар асоси тар­ҷеҳи манфиатҳои миллии мардум барои пешрафти Тоҷи­кистон ва пайвастани он ба шоҳроҳи тамаддун ва низоми иқтисодии ҷаҳон роҳро ҳамвор намуд.

komilzoda_sharif_k.p.n.jpg

 

 

Шариф КОМИЛЗОДА,
директори ПИТФИ,

номзади илмҳои
педагогӣ,
дотсент

барчасп: