КУЛЧАИ ЧОЙӢ
Чоп шуд: 13/08/2024Фарҳанги дастурхондории мардуми тоҷикро бе нон тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро нон ғизои муҳим ва ҳаррӯзаи ҳар як хонаводаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, ки он аз орди гандум, хамирмоя, об, намак ва баъзан шир таҳия шуда, дар танӯр, чакдон ё тафдон пухта мешавад. Нон дар фарҳанги мардуми тоҷик муқаддас ба шумор меравад ва хурду калон онро ниҳоят азиз медоранд.