ХУҶАНД. ОСОРХОНА ВА БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ ЗИЁРАТГОҲИ ХОСУ ОМ
Чоп шуд: 26/08/2024Донистани таърихи ин ё он давлат, минтақа ва ё шаҳр аз осорхона оғоз меёбад. Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ё Қалъаи Хуҷанд бори нахуст соли 1986 ифтитоҳ шуда буд. Он яке аз осорхонаҳои бузург дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад, ки дар он намунаҳо аз осори таърихи гузаштаи халқи тоҷик гирдоварӣ шудааст.