Дастовардҳо ва мушкилиҳои сирки имрӯзи тоҷик аз назари сарвари он
Чоп шуд: 15/08/2024Сирки имрӯзи тоҷик, бе ҳеч муболиға, зодаи даврони истиқлолият аст. Пас аз байн рафтани Давлати Шӯравӣ аз сирк танҳо ном ва бино боқӣ монда буду бас. Бисёр душвориҳоро паси сар кардан лозим омад, то сирк аз нав қомат афрозад, барномаҳои гуногун таҳия намояд ва манзури тамошобинон гардонад. Сарвари Сирки давлатии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Раҳматуллозода вазъи кунунии сиркро тавзеҳ дода, ёдрас намуд, ки пешрафти сирки имрӯз нисбат ба чанд соли пеш муқоисанопазир аст.