Нури Хуҷанд – Махзани Ганҷи Маънӣ

Бо иқдоми фарҳангпарваронаи Пешвои миллат  дар замони истиқлолияти кишвар баҳри аз нав эҳё  ва ҳифзу густариши арзишҳои фарҳангӣ ва санъати миллӣ  гомҳои  устовору умедбахш бардошта шуд. 12 майи соли 2000 таҳти №294 Фармони Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон « Дар бораи инкишофи санъати шашмақомхонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба табъ расид. Дар партави ин фармон  дар ҳама минтақаҳои кишвар даҳҳо иншоотҳои нави фарҳангӣ ба  фаъолият оғоз  намуданд ва  ансамблҳои нави ҳунарӣ таъсис  дода  шуданд, ки баҳри тарғибу рушди  ин мероси гаронбаҳои ниёгон камар бубастанд.

Ансамбли мақомхонони «Нури Хуҷанд» аз қабили чунин ансамблҳо буда дар фазои фарҳангии кишвар падидаи арзишманд маҳсуб меёбад. Ансамбл бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 26- октябри соли 2000 таҳти №314 дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд, ки он аз 1-январи соли 2001 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Роҳбари ансамбл Артисти Халқии Иттиҳоди Шуравӣ, устод Ҷӯрабек Муродов барои  комил намудани ансамбл, тарбияи як зумра ҷавонони соҳибистеъдод саҳми беназири худро гузоштаанд ва бо ҳамроҳии омӯзгори ансамбл шодравон, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Боймуҳаммад Ниёзов ба тариқи озмун аз байни иштирокчиён беҳтарин мутрибону овозхононро ба ҳайти ансамбл шомил намуданд.

Дар ин боргоҳи ҳунар ҳунармандони беҳтарин ба монанди Даврон Алиматов, Абдумавлон Додобоев, шодравон Мирсалим Ашӯров,Некқадам Маҷидов, Камолиддин Ҳамдамов, Насиба Узоқова, Мазбуд Норқулов, Сайдулло Убайдуллоев, Музаффар Шамсиев ва ҷавонони соҳидистеъдод ба мисли Шаҳриёр Саломов, Муҳаммадҷон Мирниёзов, Сардор Солиев, Зулфия Маҳмудова ва ғайраҳо таҳти роҳбарии хунёгари маҳбуб, Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ устод Ҷӯрабек Муродов фаъолияти  пурсамар доранд. Ин ҳунармандони зикргардида нозукиҳои хониши мақомро аз устодон Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон устод Боймуҳаммад Ниёзов ва Артисти халқии Иттиҳоди Шуравӣ устод Ҷӯрабек Муродов омӯхта  дар саҳнаҳои ҳунарии дохилу хориҷи кишвар ба мухлисону ҳаводорони ин санъати воло пешкаш намудаанд.

Масалан: иштироки ду нафар ҳунарманди ансамбли шашмақомхони «Нури Хуҷанд» мусиқишинос ва ғижжакнавози чирадаст Сайдулло Убайдуллоев бо ҳамроҳии мутриби соҳибистеъдод Содирхон Убайдуллоев дар фестивали байналмилалии «Шашмақом Форевер» бахшида 140 солагии шашмақомсарои машҳур Леви Бобохонов дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико далели ин гуфтаҳо мебошад.

Ансамбли «Нури Хуҷанд» дар тарғибу рушди «Шашмақом»- и тоҷик  саҳми беназире дорад  ва аз лиҳози  сабку услуби иҷроиши мақомҳо аз сабку услуби дигар мактабҳои ҳунарӣ бо вижагиҳои хоси худ фарқияти куллӣ дорад. Дар иҷроиши мақомҳо тобишҳои  мактаби асили мақомсароёни варзидаи  тоҷик Ҳоҷӣ Абдулазиз, Шоҳназар Соҳибов, Акашариф Ҷӯраев, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, Нериё Аминов, Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова ва дигарон мушоҳида карда мешавад. Ансамбли «Нури Хуҷанд» дар ин замина омӯзанда ва нигаҳдорандаи олитарин намунаи санъати сарояндагии мактаби бузурги  устоди беназир Ҷӯрабек Муродов ба шумор  меравад. «Нури Хуҷанд» барои фарҳанги миллати  мо дар ҳақиқат  махзани ганҷи маънӣ  мебошад ва дорои  мактаби боарзише буда, дар рушду нумуи ганҷи  пурарзиши ниёгон «Шашмақом» нақши боризе дорад.

Илова бар ин  дар тӯли фаъолияти  пурсамар ҳунармандони ансамбли «Нури Хуҷанд» ҳамаи қисмҳои асари «Шашмақом»-ро аз бар намуда, тарзи силсиласороии ин шоҳасарро ба роҳ мондаанд, ки иҷроиши силсилаи суруду таронаҳои мақоми «Рост» ва «Наво»  ин гуфтаҳоро собит месозад. Инчунин барои рушди  малакаи ҳунарӣ  робитаҳои  ҳунарии  ансамбл бо  мамлакатҳои дуру наздик дар сатҳи муносиб  қарор дорад, ки аз  сатҳи баланди маҳорати ҳунармандони ансамбл шаҳодат  медиҳад.

Бале «Нури Хуҷанд» Нури  санъату ҳунар  ва фарҳанги волост ва он мактаби бузургест, ки ҳунарнамоии ҳунармандонаш боиси ифтихори имрӯзу  фардо  мебошанд.

                                        ходими калони илмии шуъбаи 

фарҳанг ва    санъатшиносӣ 

               Раҳимов.Билолиддин.

барчасп: