Фаъолияти илмию таълимии ҳудудан 90 нафар аз устодони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон, ки дар китобе бо номи “Ошёни суханшиносон” гирдоварӣ шудааст, имрӯз дар маҷлисгоҳи ин факулта муаррифӣ шуд.
Ин китоб, ки ба 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст, бо заҳмати декани факулта Сироҷиддини Эмомалӣ ва устоди ҳамин факулта Шуҳрат Бобомуродов зери назари академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, ректори Донишгоҳи миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода рӯйи чопро дид.
Дар қисми аввали китоб аксҳои деканон, мудирони кафедраҳои факулта аз оғоз то ин замон ва дар қисми дуввум фаъолияти устодони факулта ҷой дода шудааст.
Инчунин дар бахши алоҳида номгўйи устодони факулта, ки дар тули 25 соли Истиқлолият бо ҷоизаҳои давлатӣ, соҳавӣ, ифтихорномаҳои донишгоҳӣ ва берун аз он қадрдонӣ шудаанд, оварда шудааст.
Дар нишаст устодон Мукаррама Қосимова, Бадриддин Камолиддинов, Урватулло Тоҳиров аз иқдоми мураттибони китоб дар мавриди ҷамъоварии ҳамаи касоне, ки тӯли ин солҳо дар ин боргоҳи маърифат ба шогирдон дарси маърифат омӯхтанд, ситоиш карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо таъсиси донишгоҳ (соли 1948) факултаи таъриху филология таъсис ёфт. Соли 1966 шуъбаи филология аз факултаи таъриху филология ҷудо шуда, факултаи мустақили филология ташкил шуд ва ба фаъолият шурўъ намуд.