Фестивали “Хуршеди Шарқ» дар боғи фароғатии Соколникии шаҳри Москав

Аввалин Фестивали фарҳангҳои миллӣ таҳти унвони «Хуршеди Шарқ» дар боғи фароғатии Соколникии шаҳри Москав баргузор шуд.
Фестивал дар доираи ҳамкориҳои бахши фарҳангии шаҳрдории Москав бо намояндагиҳои кишварҳои гуногун, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ҳунармандони зиёда аз 15 давлати дунё, аз ҷумла 37 ансамблҳои рақсӣ ва сарояндагони зиёд ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Фестивал ромишгарону сарояндагони тоҷик, аз ҷумла ансамбли «Гулчин» бо роҳбарии Фарҳоди Зувайдулло, Ноҳид Зайналпур ва Манзура Акрамова муаррифӣ намуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия санъаткорони тоҷик аз рӯи 5 навъи жанри мусиқӣ ҳунарнамоӣ карда, тавассути маҳорати волои худ фарҳанги пурғановат ва бою рангини тоҷиконро ба тамошобинон муаррифӣ намуданд.
Манюбаъ гуфт, ки ин барнома аз ҷониби сокинони пойтахти русия хуш пазируфта шуд.

барчасп: